ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Самарқанд пар!!!

  • Панҷшанбе, Авг 09 2018

 

28.07.2018 ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷик эйр» парвози худро дар самти Душанбе-Самарқанд-Душанбе шурӯъ намуда, он дар асоси дастуру ҳидоятҳои президентони 2 кишвари дӯст ва ҳамсоя-Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баҳри боз ҳам бештар густариш додани ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва рафтуомади шаҳрвандони ин 2 мамлакат сурат гирифт. Мусофирони парвози нахустин дар ин масири ҳавоӣ кормандони соҳаи авиатсия, роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик эйр», фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва намояндагони ВАОи ҷумҳурӣ буданд. Дар қатори журналистони дигар ба мухбири газетаи СССР низ муяссар шуд бо парвози нахустин озими Самарқанди бостонӣ шуда, аз мавзеъҳои таърихии он дидан намуда, бо мардуми ин шаҳр аз наздик ошно гашта, мулоқот кунад…

Самарқанду Бухоро наздиктар шуданд!

Субҳи 28.07.2018. Соат бо вақти Душанбе 06:30 дақиқа. Бақайдгирии мусофирону чипта ва бору бағоч ба хатсайри №443 ба самти Душанбе-Самарқанд оғоз гашта, мусофирони аввалини хатсайр аллакай барои бақайдгирӣ омода шудаанд. Парвоз аз фурудгоҳи ш.Душанбе соати 8:00 сурат гирифта, 35 дақиқа идома дошт-ҳатто аз вақти парвоз дар масири Душанбе-Хуҷанд ҳам камтар ва наздиктар! Нархи чипта дар ин масир 684 сомониро ташкил дода, он ҳафтае 1 маротиба, рӯзҳои шанбе амалӣ хоҳад шуд. Тавре масъулони Агентии авиатсияи гражданӣ баъдан бароямон тавзеҳ доданд, тибқи созишномаи байнидавлатӣ ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистону Ӯзбекистон минбаъд метавонанд аз 3 фурудгоҳ ба 3 шаҳри кишвари ҳамсоя парвоз кунанд, ки инҳо фурудгоҳҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб дар ҳудуди Тоҷикистон ва Тошканду Самарқанду Бухоро дар ҳудуди кишвари ҳамсоя мебошанд. Ширкати дигари Тоҷик «Сомон эйр» аллакай парвозҳои хешро дар самти Душанбе-Тошканд-Душанбе шурӯъ кардааст ва ният дорад аз ҳафтаи дигар дар масири Душанбе-Бухоро-Душанбе низ парвоз анҷом диҳад. Ин парвозҳо дар арафаи сафари нахустини расмии президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар аввали моҳи августи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, амалӣ шуда, барои боз ҳам наздиктару бештар шудани рафтуомад байни шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард. Ана, мешудааст-ку Тошканду Самарқанду Бухоро бо Душанбеву Кӯлобу Бохтар наздик шуд!

«Мо садқаи қадами шумо!»

Соат бо вақти Самарқанд 10:00 дақиқа. Пас аз пешвози самимӣ аз ҷониби роҳбарияти фурудгоҳи ш.Самарқанд ва гузаштани марзу дигар тадорукоти фурудгоҳӣ берун баромадем. Сокинони шаҳр, ки барои гуселу пешвози хешутабор ва наздикони худ омада буданд, мо-занону духтарони журналисти Тоҷикро дида, «Ин қадар шумоён зебо! Хуш омадед! Мо садқаи ҳар қадами шумо шавем! Тез-тез биёед!»-мегуфтанд мардони самарқандӣ бо забони ширину ноби Тоҷикӣ! Баъдан мо чунин ширингуфториҳо, ба қавле комплиментҳои мардони самарқандиро дар дигар мавзеъҳое, ки дидем, шунидем ва эҳсос кардем, воқеан мардумони 2 кишвар ташнаи дидору гуфтору рафтуомад будаанд ва ҳоло аз кушода шудани марзҳо ва робитаи бемонеа шоду масруранд. Сар аз кормандони фурудгоҳ, ронандаҳо, соҳибони дӯконҳо, мардуми оддӣ-ҳама бо забони Тоҷикӣ ҳарф мезаданду сӯҳбат мекарданд, ки хеле дилнишин буд. 

Қабри 18-метраи ҳоҷӣ Дониёр…

Соат бо вақти Самарқанд 10:30 дақиқа. Сайругашти мо дар ш.Самарқанд аз боздид аз қисмати шимолии теппаи Афросиёб, ки дар канори рӯди Сиёб ҷойгир аст, оғоз шуд. Дар ин макон мақбараи ҳоҷӣ Дониёр дар бари чашмаи табаррук қарор дораду мардум пеш аз зиёрати мақбара ҳатман аз оби ин чашма менӯшанд. Мегӯянд, ҳоҷӣ аз авлоди пайғамбар Куссом ибни Аббос буда, барои паҳн гаштани дини мубини ислом саҳми беандоза гузоштааст. Аз рӯи ривоятҳои дигар ҳоҷӣ худ пайғамбар буда, боқимондаҳои тани ӯро Амир Темур пас аз ҳуҷумаш ба Ховари Миёна ба Самарқанд овардааст. Пайғамбар Дониёрро, ки яке аз 4 пайғамбари иудаизм низ ҳисоб мекунанд, намояндагони тамоми динҳои олам пазируфта, ба ӯ эътиқод доранд. Қабри ҳоҷиро ба гуфтаи пирони самарқандӣ тӯли асрҳои гузашта муллоҳо ва ходимони дин то тавонистанд кашиданду дароз карданд ва ҳоло қабру санги рӯи он то 18 метр дарозӣ дорад. Дар паҳлӯи рости қабр дарахти писта мерӯидааст, ки баъдан хушк шудааст. Соли 1996 патриархи Русия Алексийи 2-юм зимни сафари хеш ба Самарқанд аз ин мақбара дидан карда, дарахти пистаи хушкшударо бо оби муқаддас мешӯяд-пас аз чанд рӯз дарахти даҳсолаҳо хушк ба гул кардан медарояду ҳоло ҳам сарсабз аст. Самарқандиҳо акнун ин дарахтро дарахти Алексийи 2-юм ном мебаранд. 

Регистонро надидӣ, Самарқандро надидӣ!

Соат бо вақти Самарқанд 11:30 дақиқа. Мавзеи дигаре, ки ба сӯи он равон шудем, майдони Регистон буд. Самарқандиҳо мегӯянд, агар меҳмон Самарқанд омада, Регистонро надида гашта равад, пас Самарқандро надидааст. Ин ҳақ асту рост! Воқеан ҳам майдони Регистон, ки дар асрҳои гузашта бо ҷойгир будани мадрасаҳои машҳури Улуғбек, Тилло Қорӣ ва Шердор дар 1 маҷмаа сайқали рӯи замин шинохта шуда буд, имрӯз низ шукӯҳу шаҳомати хос дорад. Регистон, ки дар маркази шаҳр ҷойгир асту тамоми роҳҳо ба он мебаранд, ҳоло ҳам макони дӯстдоштаи сокинону сайёҳон, хосса, арӯсону домодҳо буда, шабонарӯзӣ боз асту ҳар шом барномаи махсуси театрикунонидашуда барои меҳмонон баргузор мешавад. Дар утоқу долонҳои ин маҷмааҳои таърихӣ дӯкончаҳои бешумор воқеъ буда, дар дохили он ҳунармандони чирадасту моҳири самарқандӣ маҳсулоти эҷодкардаи худро ба маърази тамошо ва фурӯш гузоштаанд. Ҷомаву тоқӣ, ороишоти занона аз нуқра, кандакорӣ, сарулибоси зебои занона аз адрасу атлас ва садҳо ашёҳои дигари миллӣ ва сирф тоҷикиро ин ҷо дидан мумкин буд. Аз ҳама муҳим, нархи ҳамон ҷомаву костюми адрас барои занону духтарон аз нархи фурӯш дар Душанбе ба маротиб арзонтар аст. Пас аз тамошо ва интихоби зиёд ман 1 ҷомачаи хеле ҳам шинамро, ки кори дастӣ буда, барои омода сохтани он дӯзанда хеле заҳмат кашидааст, бо 300.000 сӯми ӯзбекӣ харидам, ки дар қиёс ба пули сомонии мо наздики 280-290 сомонист! Чунин ҷомаро дар намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ дар Душанбе бо нархи 400-450 сомонӣ дида будам! Фарқиятро эҳсос кардӣ, хонандаи азиз!?

Музейи Айнӣ ва набуди $

Соат бо вақти Самарқанд 12:30 дақиқа. Чанд нафар аз ҳамкорони мухбирамон хостанд аз фурсат истифода бурда, аз хона-музейи Садриддин Айнӣ, ки дар рӯбарӯи майдони Регистон воқеъ аст, дидан намоянд. Хона-музей дар ҳоли ҳозир барои гузаронидани таъмиру корҳои азнавсозӣ баста будааст, лек корманди осорхона вақте фаҳмид, ки аз Тоҷикистон журналистон омадаанд, иҷозати вуруд ба саҳни ҳавлии хонаи устод Айнӣ дод. Ӯ гуфт, то сафари президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз нуқтаҳои муҳими барномаи сафараш ин боздид аз Самарқанд ва зиёрати хона-музейи сардафтари адабиёти муосир (советӣ)-и Тоҷик С.Айнӣ аст, онро таъмиру таҷдид доранд. Мутаассифона, корманди осорхона нагузошт, ки ҳамкорон вориди хона шаванд, зеро барои харидани чиптаи даромад онҳо дар даст сӯми ӯзбекӣ, рубли русӣ ва ё доллари амрикоӣ надошта, танҳо пули сомонӣ доштанд. Дар Самарқанд ва куллан дар Ӯзбекистон дар баробари пули миллӣ рубли русиву доллари амрикоӣ низ дар гардиш аст ва мардуму меҳмонон роҳат аз ин истифода бурда, ба доллар бо доллар ва ба рубл бо рубли русӣ бақия медиҳанд! Илло сомонӣ…

Сирри нони самарқандӣ дар чист?

Соат бо вақти Самарқанд 13:00 дақиқа. Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ ва чашидани оши самарқандӣ, ки бо сабзии зард пухта шуда, биринҷ аз сабзӣ ҷудо пешкаш карда мешаваду хеле ҳам бомазза аст, мо ба бозори нони Самарқанд роҳ пеш гирифтем. Ҳар нафаре, ки меҳмони ин шаҳр мешавад, бе нони самарқандӣ барнамегардад, зеро нону фатири самарқандӣ ба худ таъми хос дошта, аз лиҳози омода кардани хамиру пухтанаш фарқ мекунад. Ҳарчанд гуфтему пурсидем, вале касе аз нонфурӯшону нонпазон ба мо дар бораи сирри нон нагуфтанд. Бархе мегӯянд, сирри нони самарқандӣ дар он аст, ки барои омода кардани хамир аз оби нахӯди таркардашуда истифода мебаранд, қисмати дигаре бар он аст, ки ба хамири он ширу шакару равған меандозанд ва сеюмӣ тахмин мезанад, ки хамири нонро дар оби гӯшти пухташуда мешӯранд. Ҳар чизе набошад нони самарқандӣ дар ҳақиқат маззаи хос ва 1 дона нони калони он то 2,5-3 кг вазн дорад! Аз ин нонҳо 2 дона харидам, то ки ҳамчун дастовез ба Душанбе оварда, онро бо ҳамкорон бинам. Мо метавонем! 

 

5 чизе, ки ба ман хуш омад!

Соат бо вақти Самарқанд 14:30 дақиқа. Мо дубора ба фурудгоҳ баргашта, аз қайди чипта гузаштему барои парвози баргашт ба ватан омода шудем. Дар ин шаҳр 5 чиз ба ман хеле хуш омад ва ҳоло дар ин бора бароятон хоҳам гуфт: 

1.Ҳама бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд! 

2.Дар ягон кӯча ва ё гӯшаву канори Самарқанд 1 зане ва ё духтаре надидем, ки ба сар сатру ба тан ҳиҷоб карда бошад!!

3.Дар бозору мағозаҳо тамоми намуди пулу асъори хориҷиро мегиранд, манзурам рубли русиву доллару евро!!!

4.Барои буридан ё шикастани шохи дарахтони чанор дар булвари Донишҷӯён метавонанд шаҳрвандро то 30 сол ба маҳбас бикашанд!!!!

5.Ва аз ҳама муҳим, агар шумо ба Самарқанд омадеду на ошно ва на ҷое доред, дилхоҳ самарқандӣ ҳатман шуморо ба хонааш мебарад ва меҳмондорӣ мекунад!!!!! Ана, ҳамин хел!

Бо гузашти 35 дақиқаи парвоз ҳавопаймои «Тоҷик эйр»-и мо расо соати 15:00 ба фурудгоҳи ш.Душанбе фуруд омад. Сафари кӯтоҳ, вале хотирмоне буд, ки имкон дод аз ин шаҳри бостониву қадима боздид карда, на танҳо бо мавзеъҳои таърихӣ, балки бо мардуми ин шаҳр низ ошно шавем. 

Барои фароҳам овардани ин имконият арзи сипоси вежаи газетаи мардумии СССР-ро ба Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик эйр» баён медорем. Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, 

Душанбе-Самарқанд-Душанбе, 28.07.2018

Махсус барои аъзои Ихвон ал СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter