ХАБАРИ ДОҒ

Марзи милли-4

«1 газета дар Рим кореро мекунад, ки 1 Армияи Наполеон карда наметавонад».

Бонапарт Наполеон

Сухан сари таблиғ аст. Наполеон дар соли 1803 муаммоеро дарк кард, ки мо дар соли 2018 дарк накардаем. Ин шабу рӯз бо дору расану зиндон пеши роҳи экстремизмро гирифтан муҳол аст. Ва исботи ин гуфтаҳо Вело-Террори 28 июл шуд. Ба чашми худ хок мепошидем, ки «ҳама садай!»; бо кашфу ҳабси чанд бечораву бекорае, ки бар кадом хитобае «лайк» гузоштаанд, гумон бурдем, террору экстремизмро решакан намудаем. Аммо 28.07.18 тамомии аргументу факт-далелу иттилоъияи дурӯғини моро собит сохт. На-та-во-нис=тем!
«Фабрикаи ҷавоб», мақолаҳои тумтароқи мақомоти қудратӣ бо имзоҳои мустаор, ки ину он нафару ҳизбу ҳаракатро «маҳкум» мекарданд, камтаъсир ва ҳатто лотаъсир будани худро ба намоиш гузоштанд. Воқеан ҳам бо чанд горе-идеолог, ки ҳоло ҳамин матлабро низ мехонанду оҷилан ба сияҳсозии газетаи мардумӣ камар мебанданд, гуфта будам ва боз ҳам хоҳам гуфт, ки бе имзо, бе муаллифи реалӣ «мақолаҳои маҳкумкунанда» навиштан, аллакай худ бохти идеологии мост!!! Хонандаи асри 21 муштарии қарни 20 нест, ки бо методҳои сталинӣ+брежневӣ ӯро мутмаин созем. Ин хонанда ҳадди ақалл 360 канали телевизионӣ (русиву тоҷикӣ-дарӣ-форсӣ-забони ба Тоҷикон мафҳум) ва 1001 сайти интернетӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ дораду миллион сарчашмаи хабарӣ (сар аз овоза то агентиҳои хабарӣ ва сайтҳои иҷтимоӣ). Аммо мо бо методи солҳои 30-70-уми советӣ мехоҳем ба мардум таъсиргузор бошем. На-ме-ша-ваддд! Ва ҳар касе мегӯяд, ки «Сайёф дурӯғ мегӯяд, Ме-ша-ваддд!»…хиёнаткор аст. Зеро барои ҳифзи курсӣ ба чашми давлату ҳукумат хок мепошад. Мо Метавонем!
Пас чӣ бояд кард? Роҳу усули наву мосир бояд ҷуст. Матлабҳо бояд конкрет муаллиф дошта бошанд. Чандсад журналист расман дар расонаҳои ҳукумат кор мекунанд, пас чаро бо имзои онҳо «мақолаҳои маҳкумкунанда» нашр нашаванд? Боре фикр кардаед, ки чаро, фарзи мисол, 1 журналисти расмӣ зери чунин «матлаб» имзо намегузорад? Зеро онҳоро журналистон наменависанд. Аксарияти кулли ин «мақолаҳо» мисли ҳукми суд навишта шудаанд. Мо набояд ҳукм кунем, мо бояд анализ, таҳқиқ, пажӯҳиш кунем, матлабе нависем, ки хонанда ақаллан имконияти ҳукмро худ дошта бошад! Он гаҳ мо ба ҳадаф мерасем…
Аз ҷониби дигар, Тоҷикистон шояд дар олам ягона давлатест, ки сайтҳои таъсиргузори хориҷӣ (ақаллан ба забони русиву англисӣ) надорад. Сайти расмӣ не, сомонаҳои «гӯиё» ғайрирасмӣ, мисли сайтҳои ҳамсоякишварҳо, ки бигзор чанд масъулеро танқид мекунад, барои ҷалби хонанда, вале дар соати лозима манофеи милливу давлатиро ҳифз кунад. Ну, надорем, охир!!! Ва ҷои ба таври сунъӣ таваллуд кардани чунин сайтҳо мақомоти дахлдор, даҳону бинии бархе аз журналистону расонаҳои сахтгӯ, вале муҳофизи манофеи давлату миллатро мебанданд ва фикр доранд, ки кори хуб мекунанд. «Хоки думушта мекунед»-гуфти Бобои Ғуломи таърихӣ. Ақлатон танҳо ба ҳамин мерасаду бас…
Роҳи дигари пешгирӣ аз таблиғу ташвиқи экстремизм ин ба майдон кашидани домуллоҳои таоруфии Тоҷик аст. Фарзи мисол, 1 сухане, ки Ҳоҷӣ Мирзо мегӯяд, наранҷанд, аммо ҳамсанги 1 изҳороти тамомии муфтиёту Шӯрои уламост! Ҳоҷӣ Мирзо нафарест, ки аз мазҳаби таоруфии Тоҷикон-Эмоми Аъзам пуштибонӣ мекунаду куллан бар зидди «ҷараёнҳои ҷиҳодхоҳ»-и муосир сухан мегӯяд. Вале ӯ танҳост. Ва дар сурате, ки пушти ташвиқи экстремизм давлатҳои миллиардер меистанд, ин нафар на танҳо пуштибонии расмӣ надорад, ки боз даҳонашро низ бастаанд…
Нафари дигари таъсиргузор бар ақоиди мазҳабӣ дар Тоҷикистони имрӯза Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода аст. Намегӯям ӯ баҳрест дар илми фиқҳ, ки ба дилхоҳ савол посухи расмӣ медиҳаду аз мазҳаб пуштибонӣ мекунад. Танҳо 1 далел, ки ӯ фарзанди Махдуми Санги Кулӯла аст, кофист, то бо 1 сухан садди роҳи садҳо ҷавоне гардад, ки бар доми мубаллиғини экстремизм уфтодаанд. Аммо ӯ низ танҳост…
Дар ин шабу рӯз бояд мақомоти амниятиву қудратӣ, судӣ, прокуратура, идеологӣ дарк кунанд, ки бо боздошт, «бе зарарсозӣ», зиндон кардани ҷавонони гумроҳшуда экстремизмро решакан кардан намешавад. Агар мешуд, то ин соат мешуд, ки зиндонҳо пур шудаанд. Имрӯз марзҳои миллии ғоявиро бо шеваи муосири таъсиргузор, ки андаке аз онҳоро дар боло барчидам, бояд ҳифз кард. Ҳисоботу рапортҳои бардурӯғ, ҷосусӣ аз паси чанд журналисти «имрӯз ба хориҷа нарафта!» (1 бор ҳисоб кунед, чанд журналист аз Тоҷикистон фирор кардааст!!!), гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии онҳо, фишор ба редаксияҳо, таҳдид ба расонаҳои мустақил, аз паси 1 «лайк» рӯзҳоро кӯр кардани масъулин, интишори мақолаҳои маҳкумкунандаи примитив… ҳаргиз бар нафъи амнияти давлати мо нестанд. Инҳо танҳо пардачае мебошанд, ки сирру асрори бузургеро мепӯшонанд, мушти хоке мебошанд, ки бар чашми худ ва ҳукумати марказӣ мепошем.
Ман усулан, аз «панду насиҳат»-и масъулин, ки кори ҷонияшонро намедонанд, даст кашидаам. Вале виждонам нагузошт, ки баъди Вело-террори ахирӣ, ки имиҷи давлатамонро хатчадор кард, хомӯш нишинам. Дигар паноҳатон ба Худо. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter