ХАБАРИ ДОҒ

Дӯстие, ки ҳатто ман бовар надоштам…

  • Чоршанбе, Авг 29 2018

Марзи миллӣ-6

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт!!!
Тӯли садсолаҳо ҳамсоякишварҳо бо ҳам дӯстиву қаробат…надоштанд. Зеро душманиву рақобаташон бештар буд. Мисол меорам: Дар Шветсия назди марз бо Дания пайкараҳо қомат афрохтаанд, ки таърихи беш аз 200-300-сола доранд. Он ҷо ҳамагӣ 1 тасвир аст, дар шаклу намуди мухталиф, албатта, аммо бо 1 маъно. Нафаре нафареро кушта истодааст бо зерматни:
Шведе, ки данявиро мекушад!
Вақте ҷониби муқобил, яъне Дания расидем, айнан ҳамингуна пайкараҳо дар марзи рӯбарӯ, аммо бо зерматни «Даниявӣ, ки шведро мекушад!»… дучорамон шуд. Яъне чӣ? Яъне то ақли солим пирӯз наояд, ҳамсоякишварҳо, мисли ҳамсояҳои девордармиён ҳамеша дар низоъу нифоқанд. Хушбахтона, ҳоло дар Аврупо марз нест. Кишварҳо ба ақидае расидаанд, ки то марз ҳасту нифоқ ҷорист, ягон давлат рушд карда наметавонад. Дар мо чӣ? Оё метавон бо марзҳои симхорпечу минакорида рушд кард???
То соли равон бо Ӯзбекистон айнан чунин бархӯрд доштем. Худоро шукр, ки президенти нави ин кишвар, мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев пулҳои сӯхтаи миёникишвариро эҳё кард, ки дуруд бар ӯву табори ӯ бод! Тоҷикистон ҳаргиз бо Ӯзбекистон душманӣ намеварзид. Душманӣ яктарафа ва якқутба буд. Ҳатто дар мавриде, ки Тошканд тамомии роҳҳои оҳану мошину ҳатто ҳарими ҳавоияшро ба рӯямон баст ва СССР низ пайваста менавишт, ки Душанбе ҳам бояд роҳи оҳани Конибодомро ба рӯи ин кишвар бубандад, ҳукумат аз ин амали ҳамсояситезӣ кор нагирифт ва хуб ҳам кард! Зеро душманӣ дутарафа ва ҳаллу фаслаш имконнопазир мешуд. Имрӯз раҳбарияти нави ҶӮ хатое, ки қаблан Тошканди расмӣ дошт, бо дарназардошти манофеи давлатҳои ОМ бартараф кардан дорад, ки ҳалоли Мирзиёев бод!
…Дар арафаи Иди Қурбон беҳтарин ва бузургтарин хайре, ки сарварони 2 кишвар карданд, ин ба маънои томаш инсоф бахшидан дар муносиботи 2 кишвар шуд. Шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед, ки Тоҷику ӯзбек то чӣ ҳадд ин дидори Президенти ҶТ ба Тошкандро интизор буданд. Консерти идонае, ки баргузор шуду ба таъбири Мирзиёев касе нафаҳмид, ки «кӣ Тоҷик асту кӣ Ӯзбек?» (бо 2 забон месуруданд), бори дигар сабт сохт, ки воқеан ҳам мо ҳарчанд ихтилофоти андаке дорем, аммо дар ҷамъ қариб 1 миллатем!!!
Ихтилофе, ки миёни мо буд, сунъӣ буд.
Ин ихтилофро болшевикон оварданд ва пантуркистони маҳаллӣ. Ҳамон 54 худозадаи ба ном тоҷике, ки миллату манофеи онро дар соли 1920 фурӯхта буданд, себи нифоқро корида буданду бас. Дар асл, ӯзбеку тоҷик ҳаргиз ихтилоф надоштанд. Аммо дигар сухан сари он моҷарои соли 20-и асри 20 нест. Мо бояд дӯстие, ки дарёфтем, ҳифз кунем! Мо метавонем!
Борҳо гуфтаву боз мегӯям, агар фарзи мисол, дилхоҳ Тоҷику ӯзбеку қирғизу уруси шовинист ягон ҷо рухсатӣ раванду дар он ҷо бо турку эрониву афғон ҳамсафар бошанд, новобаста ба «забону фарҳанги муштарак», ҳамагӣ 2-3 рӯз пас Тоҷик ҳатман бо ӯзбеку қирғизу урус дӯст гардидаву аз эрониву афғон рӯ метобад ва баракс. Зеро мо фарҳанги тамоман дигар, маданияти пасошӯравӣ ва ягона дорем!
Забону фарҳанги муштараку шеъру абёти Рӯдакиву Ҳофизу Саъдӣ тамоман чизи дигар аст. Чунки мо дигар шудаем!!! Мо бамаданияттар аз дилхоҳ ҳамзабону ҳамфарҳангонем ва гузашта аз ин: Диди мо, тафаккури мо, назари мо ба зиндагонӣ маҳз бо дӯстони ӯзбеку қирғизу урус як аст!!!
Зимнан ҳаргиз мо ба Афғонистону Эрон чунин қариб намегардем, ки бо Ӯзбекистон ҳастем. Шумо тасаввур кунед, агар марзи Афғонистону Эрон кушода ҳам шаваду равуо бе виза ҷорӣ гардад, магар ин миқдор мардуме, ки имрӯз ба Ӯзбекистону аз он ҷо ба Тоҷикистон меоянд, сафар хоҳанд кард? Ҳаргиз на!
Бузургтарин нифоқи сунъии даврони ахир, ин бунёди Роғун миёни мо буд, ки на танҳо ҳаллу фаслашро ёфт, ки тасмим гирифта шуд, дар дарёи Зарафшон боз 2 ГЭС-и бузург сохта шавад. Бо кӯмаку сарпарастиву маблағгузории Тошканду Душанбе. Як-ҷо-яяя! Мо метавонем!!!
Нерӯгоҳҳои Барқи Обӣ, ки солҳо ба таври сунъӣ аз мо душман метарошиданд, ахиран собит шуд, ки баракс, барои захоири об барои ҳамсоякишвар сахт лозиманд. НБО Фарҳод низ, ки солҳо моро ба душманӣ такон медод, ҳалли худро дар аввалин гуфтугӯ дарёфт. Яъне чӣ? Яъне ихтилофоти сунъие, ки давлатҳои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон кишта буданду он ҳамаро бо ГЭС-ҳои мо баста медоштанд, роҳи ҳаллашро ёфт. Акнун миёни мо дигар ягон монеъае нест, то дӯстиро мустаҳкамтар созем. Марзи сунъӣ бардошта шуд. Марзе, ки чун марз бо Афғонистону Эрону Покистону… дигар дигар давлатҳо нест. Ун марзҳоро бояд мустаҳкам карду инашро бояд бардошт! Марзи мо дӯстист ва дӯстӣ сарҳад надорад!
Поянда бод дӯстии 2 миллати 1 халқ. Ин оғози раҳоӣ аз ситами Ғарбу Шарқ аст. Онро ҳифз доре(м)д. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter