Принт

Ӯ зархарид нашуд!


Аҳмад-ШОҲ МАСЪУД бузургтарин афсаре дар таърихи сиёсии тоҷикони муосир аст; Номбурдаро аз саҳни бархурдҳои сиёсӣ бо дастури абарқудрате бо роҳи роҳандозӣ намудани амали террористӣ ҳазф карданд; Мавсуф нерумандтарин инсонест, ки садоқатро нисбат ба Меҳану миллат гиромӣ доштааст; Миллат ин афсари қавииродаро аз ин хотир дӯст медорад, ки Аҳмадшоҳ худро аз мардум пиндошт ва барои мардумон корнома сохт. Корномаи ӯ дар таърих назир надорад! Ӯ бузургтарин чеҳраи майдонҳои геополитикист, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ӯро бар василаи тарсу пайсаву дипломатия зархарид карда натавонистанд ва билохира барои ваҳшиёна аз байн бурданаш дастур доданд! Дар торихи тамаддуни башар бисёранд тоҷиконе, ки бо бозгӯ намудани илму адаби ҷаҳонгир айни замон машҳури олам гардидаанд ва ҳар як давлатеву қудрате ононро барои аз миллати худ пиндоштан талош меварзанд, аммо чун Шоҳ Масъуди Хуросонӣ агар дар аҳди бостон ва давраи асримиёнагӣ бешумор бошанд, вале дар замони ҷадид ангуштшуморанд ва ин ҷо месазад мову шумо аз шери Панҷшер ба унвони яке аз барҷастатарин ва гиромитарин чеҳраҳои сиёсии миллати худ ёдоварӣ бинмоем. Корномае, ки мавсуф ба ёдгор гузоштааст, дар сартосари таърих ҳувайдост ва ин корномаро ҳар касе, ки ба сарнавишти миллате бепарво несту набудааст, бояд давом бидиҳад!

Машраби Абдулло,
журналист

Матлабҳои дигар