ХАБАРИ ДОҒ

Марзи милли-7

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!!!

Рӯдакии Панҷакандӣ

Оре, маҳз Панҷаканд ё худ Панҷакентӣ!!! Зеро бояд оламиён бидонанд, ки падари шеъри форсӣ аз Тоҷикистони имрӯза аст. Ҳам фахр мекунем ва ҳам ҳифз падари шеъри худро. Вале сухан сари дигар мушкил аст: Проблеми донишандӯзиву донишфурӯшиву доништалабӣ. Рӯдакӣ чӣ мегӯяд? Дониш, ки бардоштӣ, фардо аз тамомии бадиҳо ҳамчун экстремизму терроризму бандитизму дигару дигар…измҳо он, яъне дониш сипарат мешавад ва шумо мисли гумкардароҳони норакӣ ба сайёҳон ҳуҷум намекунед ва ба доми мубаллиғини бесаводи худобехабар намеафтед. Вале дониш, илм, тадрис оё имрӯз ба ҳама яксон дода мешавад? Ба ин суол биёед дар арафаи Соли нави Хониш посух ҷӯем. Мо Метавонем!
Имрӯз дониши андак камобешро дар макотиби хусусӣ, литсейҳои хориҷии гӯиё ватанишуда, гимназияҳои гаронарзиш ба даст оварда мешавад. Факт ҳам дорам:
-Писарам Мубориз, ки дар гимназияи гаронарзише таҳсил дорад (ӯ қариб тамомии маблағи таҳсилашро худ меёбад-бо гонорар аз нашри китоб ва нақш дар филмҳо ва ғ.), дар нисбат ба ҳаққу ҳамсоя ва ҳатто бародару хоҳаронаш дониши бештару мукаммалтар дорад.
Брависсимо! 100 офарин, ки дар ингуна гимназияву литсейҳо кӯдакон илм мебардоранд. Ва аммо суоли матраҳ ин аст, ки миллионҳо миллион (!!!) кӯдаку наврасони мо, ки дар макотиби умумӣ дарс мегиранд, чаро он донишеро, ки дар гимназияҳо ҳасту бо дастоварди чанд вазиру раисбаччаву бизнесмен тавассути ТВ моро доғ-доғ мекунанд, гирифта натавонанд? Боз далел мехоҳед? Марҳамат!
-Чаро дар миёни садҳо нафаре, ки дар олимпиадаҳои мактабӣ дар Осиёву Амрикову Аврупо медалҳои тило мегиранд, 1 хонандаи муассисаи таҳсилоти ҳамагонии умумӣ нест? Ё чаро аксарияти ғолибон аз Душанбе-пойтахти кишваранд? Магар Кӯлобу Вахшу Бохтару Хоруғу Рӯшон, Панҷакенту Айниву Хуҷанду Исфара, Рашту Нурободу Файзободу Ваҳдат… мактаб надоранд?
Доранд! Аммо сатҳи донишандӯзӣ дар макотиби умумӣ мекалавад! Масъулин метавонанд 1001 факту далели шайъӣ оваранд, ки кор ба ин ранг несту аз ин мактабҳо фалону бисмадон миқдор талаба ба донишгоҳу донишкадаҳо шомил шудаанд. Мешаванд! Дуруст! Аммо ба кадом донишкадаҳо ва кадом факултаҳо, буҷҷавӣ ё шартномавӣ??? Посух ба ин суол ҳамаи нуқтаҳоро сари i мегузорад.
Синфхонаҳои резинӣ, мактабҳои пур, таҷаммуъи хонандагон, норасоии мударрисин…ин шарҳи ҳоли мактабҳои пойтахт аст. Духтарони ман, ки соле қабл мактабро хатм карданд, дар 1 синф 48 нафар мехонданд!!! Тасаввур кун, хонандаи гиромӣ, ки барои танҳо ҳозиру ғойиб кардани онҳо 5-10 дақиқа лозим аст!!! Дар 35-40 дақиқаи боқимонда 1 муаллим аз 48 нафар чанд касро пурсида метавонад??? Ана ҳамин аст, ки мо синфҳоро сумб зада пур мекунему дониш ба ягон кас намерасад!
1 сентябр 1 вежагии дигаре низ дорад:
-Дар арафаи Соли нави Хониш пеши директори мактаб даромадан қариб номумкин аст! Дари директори дилхоҳ мактаби пойтахт чун девори Чин мустаҳкам асту чандин «Охрана» дар дами дар ва шуморо то пеши РАИС(а) расидан, соатҳо пурсупос мекунанду тафтишу пажӯҳишу тадқиқу таҳқиқ…
Барои чӣ? Барои он, ки аксарият агар ҳатто номнавис (прописка)-и маҳалл дошта бошанд ҳам, кӯдаки худро наметавонанд ба синфи 1-ум шомил созанд! Хеле аҷиб аст, ки перомуни гусастани алоқаи волидайн бо мактаб сухун мекунему боре намегӯем, ки чаро 1 падар ё модар барои пеши директори мактаб даромадан бояд соатҳо дар дами дари ҳавлии мактаб мунтазир истад…
Ин дар ҳолест, ки худи Вазири Маориф ва илми ҶТ, мӯҳтарам Нуриддин Саид ҳамарӯза мардумро дар саҳни ҳавлияш низ қабул мекунаду дар долону дафтари корияш ҳам…
Вежагии макотиби мо ин низ шудааст, ки бештар бонувонро директор мемонанд. Ҳол он ки кӯдаку наврас дар ҷамъияти таоруфии мо бештар ба мард такя мезананд. Бинед, дар кадом мактабе мард директор аст, кор ҳам пешраву асту тарбият низ. Дар Гимназияи президентии ш.Кӯлоб то наздикӣ мард директор буд. Имрӯз бонуеро мондаанд ва дар тӯли андак муддате кормандон ба дод омаданд. Гуфтаи бобои Ғулом «суркуну пешкун» дар оромтарин гимназияи кишвар ба сатҳи воло расидааст. Бо ин ҳама зидди директоршавии бонувон нестем. Фақат масъулият бояд эҳсос кард ва «охрана»-и фаровонро аз дари макотиб бояд бардошт. Дар тӯли 70 соли шӯравӣ 1 мактаб пулиси дарбон надошт. 1 «участковый» буд ва агар ба мактаб меомад, мо хонандагон талхакаф мешудем. Имрӯз ҳама мактабҳо панҷарапеч шудаву чанд пулисе дар дами дар рост аст. Ту гӯӣ мактаб неву маҳбас бошад. Кӯдак барои вораста шуданаш бояд сароғоз озодии назар, озодии рафтор, озодии гуфтору гашту гузор дошта бошад. Танҳо дар ин сурат бар сираташ меафзояд.
Ҷои ин посбонҳои гизала чанд муаллиме гиред, маоши мударрисинро афзоед, соати дарси пасазмактабиро зиёд кунед ва он гаҳ мактаби миёнаи умумӣ (муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ) низ чун литсейу гимназияҳои пулакӣ кадр омода мекунанд. Фаромӯш накуне(м)д, ки Армияи чандмиллионнафараи хонандагони ин мактабҳои маъмулӣ, низ созандагони ватананд ва дар илм миёни атфол набояд тафриқа андохт. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter