ХАБАРИ ДОҒ


Аз 1 то 10
Салом хонанда, дӯст, бародар ва узви Ихвон ал СССР! Шодем, ки бо моӣ, ҳамонгуна, ки мо бо туем!! Зеро Мо Метавонем!!! Сӯҳбати имрӯзаи мо зи сари каҷшиниву ростгӯйист.


Ин фактро ба мо яке аз журналистони ҳақгӯтарини ҶТ-Иззатманд Саломов гуфт ва агар онро рӯи варақ нарезем, СССРчӣ нестем:
-Маълум мешавад, Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар, ки 30 рӯз шуд сараш чормағз мешканему барои болоравии нархи симкорт дашномаш медиҳем, ягона нафарест, ки зидди…250 сомонӣ гардонидани симкортҳо баромадааст!!! Офарин бар ҳиммату ҷавонмардии Бек Сабурович! Манбаъи муътамаде, ки ин сирро ба дӯсти мо фош кардааст, гуфтааст, ҳатто барои ин «ғорати мардуми бечора» Бек Сабурович бо итоб аз маҷлис бадар рафтааст. Чаро инро менависем? Зеро мо низ нархи пиёзу гашничро напурсида, ба ҳукми анъана, раиси Хадамоти алоқаро зери тозиёнаи танқид қарор дода будем. Сипос ба Шумо, Бек Сабурович барои пуштибонӣ аз манофеи мардум! Аммо ин навишта ба маъние нест, ки мо Шуморо дигар умуман танқид намекунем. Ҷавонмардиатон қобили ситоиши ҳасана аст. Брависсимо! Мо Метавонем!


Хайрулло Мирсаидов, ки қаблан бо пешниҳоди прокурор ва ҳукми додгоҳ 12 сол гирифта буд, озод шуд, вале бояд ҷуброн пардозад. Акнун суоле матраҳ аст, ки шарт буд, ҳукми ин журналистро ба ҳадди ифрот чунон кашанд, ки 5 сафири 5  кишвари абарқудрат ба мо ултимотум гузоранд? Чаро судяву прокурорҳои мо донишу биниши сиёсӣ надоранду бо ҳукми хеш имиҷи давлатро мерезонанд? Оё фурсате нарасидааст, ки дар додситонӣ низ таҷдид-реформа ҷорӣ гардад, мисле, ки дар ВКД кишвар мегузарад? Ба фикри мо шарт аст. Ва обро аз боло бояд соф кард. Мо Метавонем!


Ахиран парлумон аз тасмими ҳукумат, ки мехоҳад мансабдорон сарвату дороияшонро фош кунанд, пуштибонӣ кард! Акнун ҳар мансабдоре пулу молу қасру кӯшкашро фош намесозад, аз вазифа сабукдӯш мегардад. Ва аммо суоли матраҳ ин аст, ки дороӣ ба номи ким сикка зада шудааст? Нафаре дар сайтҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки мансабдоре молу манолашро ба номи падари раҳматии иштирокчии ҶБВ-яш навишта аст. Дигаре мегӯяд, мансабдорон аллакай молашонро ба номи хешҳои дур ва ё дӯстонашон гузаронидаанд. Дигарӣ мегӯяд, инҳо дар дачаҳои варзобии дӯстонашон дам мегиранду гӯиё фароғатгоҳе надоранд ва ғ. ва ҳ.
Вале бо ин ҳама СССР ҷонибдори қарори навбатии ҳукумат аст. Бояд сарвати мансабдорон фош ва чун рӯз равшан бошад. Барои ба ин ҳақиқат расидан мақомот бояд гӯши чанд танеро тоб диҳанд, ки дороияшонро боз ҳам пинҳон мекунанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter