ХАБАРИ ДОҒ

Ришдорони безеб шайтонанд!

  • Чоршанбе, Сен 12 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, муаллими ҷавон Зиёвиддин Ҷамолов аз деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуробод ба СССР занг задаву гуфт, ки пӯшидану гаштан бояд фарҳанги худро дошта бошад. Дар бораи риш гап зиёд аст. Риш баъзеро мезебад, ба бархе не. Онеро, ки ниҳодаш пок аст, риш мезебад, зеро сидқан ба Худо дода шудааст. Касоне ҳастанд дар дил илми шайтонӣ доранд, на раҳмонӣ ва онҳоро риш ба сурати шайтон таҷаллӣ мекунад. 1 замонҳо шояд алам доштанд, ки ришро ҳақорат мекарданд, ки воқеан нанговар буд, зеро ришро мо эҳтиром мекардем. Мисле ки 1 шоири мо бадоҳатан гуфтааст:
Қуръони Шариф агар намехондем мо,
Шайтони раҷим зи дил намерондем мо.
Пеши раҳи риш агар намебаст раис,
Чун кайк миёни риш мемондем мо.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter