ХАБАРИ ДОҒ


Узви Ихвон-ал-СССР, Имомназар Баҳруллоев аз деҳаи Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ба СССР занг задаву гуфт, ки иншои адабиёти кӯдакона осон нест. Иттиҳоди нависандагон Тоҷикистон даҳҳо эҷодкор дорад, лек адибе, ки барои атфол нависад, нест. Зеро ман чанд сол боз дар китобхонаҳои мактаб ғайр аз асарҳои Гулчеҳра Сулаймонӣ, Наримон Бақозода, Мирсаид Миршакар, Бобо Ҳоҷӣ, Пӯлод Толис, Аминҷон Шукӯҳӣ, Убайд Раҷаб, Насим Раҷаб, Ҷӯра Ҳошим… асарҳои тозаэҷодро барои кӯдакон надидам. Ин аст, ки солҳо боз силсилаи «Китобхонаи Мактаб» аз асарҳои нав холист. Кӯдаконро беназорат гузоштаему китоби наве наменависем, боз дарди дил мекунем, ки наврасони мо бетарбияанд…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter