ХАБАРИ ДОҒ

Пешниҳод: Симкортро 2000 сомонӣ кунед!

  • Панҷшанбе, Сен 20 2018


Бо пайдо шудани телефонҳои дастӣ аз 1 тараф корҳо хеле сабуку дастрас ва аз сӯи дигар боиси аз ҳад зиёд вайроншавии оилаҳои ҷавон шудан доранд. Агар пештар байни зану шавҳари ҷавон муноқишае мешуд ё рафту шаҳ ба арӯс торсакие мезад, то ӯ ин хабари шумро ба волидонаш мерасонд, аз байн 4-5 рӯз мегузашту торсакӣ ва аламу ғазабаш паст ё фаромӯш мешуд. Ҳоло бошад ба воситаи телефон дар ҳамон лаҳза хабар ба падару модари арӯс мерасаду ана баъд сар мешавадеееее! Кор ба ҷудоӣ мерасад. Барои ҳамин, фикр мекунам, Бег Зуҳуров-сардори Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ даст ба амали шоиставу дуруст зада, нархи симкортро бардоштааст. Қандашро занад! 100 сипосу аҳсант барояш тариқи СССР мефиристам! Ва пешниҳод дорам: Нархи симкортҳоро 250 сомонӣ неву 1500-2000 сомонӣ намоянд! Муътақидам, ки дигар асло хабари пошхӯрии оилаҳои ҷавонро нахоҳем шунид! Ҳамин террористу экстремист низ кам шуданаш аз эҳтимол дур нест.

Н.Ҳасанзода,
н.Муъминобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter