Принт

Муаллиф нодуруст мегӯяд!


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маводеро, ки дар ҳафтаномаи СССР таҳти унвони «Кӯлоб чанд имтиёз дорад?» нашр шуд, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дод. Сараввал иттилоъ медиҳем, ки ваҷҳҳои баёншуда дар мақолаи мазкур ба ҳолати воқеии кор мутобиқат накарда, нисбати кормандони масъули вазорат ва сохторҳои он аз ҷониби муаллифи мақола нодуруст ҳарф зада шудааст. Асли матлаб ин аст, ки тибқи тартиби муқарраршуда шумораи шаҳрвандони имтиёздор, аз ҷумла, шумораи маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва дигар маъюбон тибқи ҷадвал ва бо нишон додани ному насаби онҳо дар миқёси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамасола аз тарафи бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо тартиб дода шуда, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешниҳод карда мешаванд. Вазорат дар навбати худ ҷадвали мазкурро дар ибтидои соли молиявӣ ба вазоратҳои молия ва нақлиёти ҶТ барои корбарӣ ва пешбинӣ кардани маблағгузорӣ дар самти таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии шаҳрвандони имтиёздор ирсол мекунад. Соли ҷорӣ чунин ҷадвал моҳи феврал пешниҳод шудааст, ки тибқи он шумораи шаҳрвандони имтиёздор оид ба истифодабарии ройгони нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятӣ дар ш.Кӯлоб 5563 нафар нишон дода шудааст. Аз ҷумла:
- иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ-7 нафар;
- маъюбони башардӯст ва Артиши Шӯравӣ-33 нафар;
-маъюбони бартарафсозии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил-34 нафар.
Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаҳои ташкил намудани интиқоли имтиёзноки маъюбон, маблағгузории хароҷоти муассисаҳои нақлиётӣ (терминалҳои мусофирбарӣ ва монанди инҳо) ба салоҳияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва сохторҳои он мансуб нест.

Муовини вазир                               
 М.Камолзода


Аз редаксия: Шумо ба суоле посух диҳед, ки чаро ҳамагӣ 8 нафар аз 10 шаҳру ноҳияи собиқ вил.Кӯлоб дар ин рӯйхат ҷо шудаанд, дар ҳоле, ки фарзи мисол аз вилоятҳои дигар 4500 нафар ҷой доранд. Ва табиист, ки имтиёзҳоро танҳо бо Агентии зертобеи шумо номнавис мекунанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

Матлабҳои дигар