ХАБАРИ ДОҒ

Духтаронро низ ҷарима кунанд!!!

  • Панҷшанбе, Сен 20 2018

Қарс аз 1 даст намебарояд
Дар кишварамон қароре қабул шуд, ки тибқи он мардоне, ки ба ҷинси латиф дағалгуфторӣ (ҳақорат, гаппартоӣ) мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Тибқи ин супоришот чанде аз ҷавонписарони ба чунин хато даст зада ҷазои худро дида, барои ибрат ба дигарон дар шабакаҳои интернетӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Воқеан, ин иқдоми хуб қадри бонувони тоҷикро дар ҷомеа ба сатҳи баланд мебардорад ва духтарони асили миллат аз ин амал хеле хушҳоланд. Аммо ба ҷавобгарӣ кашида шудани писарон охири кор аст? Шояд мо танҳо 1 тарафро гунаҳкор карда аз хатои ҷониби 2  чашм мепӯшем? Оё қарс аз 1 даст мебарояд? Ё духтарон низ гунаҳкоранд, ки мавриди гаппартоиву дағалӣ қарор мегиранд?

«Арӯс»-и хурдсол
Чанд рӯз қабл ҳангоми ба хона баргаштан, назди биноҳои театри «Ҷавонон» садои гиряи зане ба гӯшам расид. Дидам, ки 1 духтараки мактабхонро 1 писараки ҳамчунин мактабхон лату кӯб мекард. Духтарак тавзеҳ медод, ки бо касе во нахӯрдааст, аммо писар хилофи ин гуфторҳо духтарро барои бо дигар кас диданаш айбдор карда, бе ист мезад. Духтар ба ин амали зишт муқобилият нишон намедод. Яъне ӯ воқеан айбдор буд! Бе бало набуд, зеро аз ин рафтор бармеомад, ки ин духтарча ба масали маъруф «арӯси ҳамин писарбачча» аст!!!
Духтару писар бояд дар фикри дарс хондан бошанд, лек онҳо чӣ кор мекунанд? Шояд, падару модари духтар боре ҳам ӯро лат накардааст, ки ӯ иҷозати ин корро ба 1 бегона дод, аққалан шавҳараш мебуд дигар гап буд…

Беҳаёӣ аз духтарон аст
Баъди чанд рӯзи ин ҳол баракси ин ҳодисаро дидам. Духтари ҷавоне дар кӯча бо амалҳои беҳаёи худ обрӯи тамоми духтаронро аз байн мебурд. Ӯ роҳату бепарво бо писар бӯсбоӯсӣ дошт ва ту гӯӣ, ки дар ин боғ касе набошад! Чунин ҳолат дар тамоми боғҳои шаҳр ба назар мерасад. Ана маҳз аз дидани чунин духтарони беҳаё писарон ба духтарони дигар дағалӣ мекунанд. Агар писар ба духтар гап партояду духтар ба ин аҳамият надиҳад, писар бо гапҳои кӯчагии ба худ хос, яъне «хдта чорта 6 нагир» ва ё «э, мурди ай ноз кунира»-ро истифода мебарад. Яъне, фикр мекунад, ки тамоми духтарон мисли он духтарони беҳаёянд. Ин гуна духтарҳо на фақат худ ва волидонро, балки тамоми духтарони кишварро беқадр мекунанд. Агар ба ин гуна духтарҳо низ мисли писарон чораандешӣ мешуд, шояд зан, духтарони боҳаёву боиффат мавқеъ ва қадри худро дар ҷомеа меёфтанд ва сӯи онҳо дағалгуфторӣ ба мушоҳида намерасид.   

Руқия Қурбонова, коромӯзи СССР 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter