ХАБАРИ ДОҒ

Марзи миллӣ-9

Туро намедонам, хонандаи ин сутур, вале ман мисли Тоҷик бегонапараст дар рӯи олам надидаам. Инро касе мегӯяд, ки шояд нисфи оламро гашта бошад. Мо метавонем!
Ба ҳадде миллати бегонапарастем, ки дар дилхоҳ ҷамъомаду маҷлис 1 русу ӯзбеку қирғизу англис пайдо шуд, ҳатман бо забони ишон талоши сӯҳбат мекунем. Новобаста ба оне, ки онҳо забони моро медонанд, дар ватани мо ба сар мебаранд, кору фаолият доранд, кӯшиш мекунем, бо лафзи онҳо гап занем ва фикр дорем, кори хубе мекунем… Афғону эруниро дидем, гуфтаи бобои Ғуломи таърихӣ “банди шалворамон суст мешавад”, даҳон каҷу забон бар ком часпонида “дариву форсӣ”-ро шуруъ мекунем. Ва фикр дорем, кори хубе мекунем...
1 суол: чаро ягон афғону эронӣ, ҳатто агар 20 сол дар Тоҷикистон ҳам зиста бошанд, бо лаҳҷаи мо сухан намекунанд? Чаро русҳои ҳатто алкашу пиру касалманду гадо...тоҷикӣ неву урусӣ сӯҳбат мекунанд бо мо? Зеро ифтихор ва шараф аз буди хеш, ҳайсият ва ҳувияти хеш доранд. Мо, ки надорем ин ҳамаро, бешарафона бо лаҳҷаи ируниву забони русӣ бо ишон сӯҳбат мекунем!!! Бегонапарастии мо аз ин 2 мисоли овардаи ман маншаъ намегирад ва бо он хатм ҳам намешавад. Мутаассуф...
Мо ба ҳадде бегонапарастем, ки Дини Исломро пазируфта, дини падарии худро куфр эълон кардем. Манзур Зардуҳушт аст. Ҳаргиз намегӯям ба ун дин баргардем. Худо нишон надиҳад. Алҳамдуллиллоҳ мусалмонем ва мусалмон боқӣ хоҳем монд. Вале чаро ба Зардушт пайваста санг меандозем??? Охир дини яктопарастиеро, ки то Ислом буду асосгузораш ҷадди мо буду Нахустин Империяи олам-Империяи Тоҷикон бо сарварии Куруши Кабир онро дини давлатӣ хонд, мо таъсис додему бояд мояи фахрамон бошад?! Ё не? Мисле, ки имрӯз кӯчиён бо гузаштаи худ фахр мекунанд. Онҳо бо Чингизи хунхору Ҷӯҷиву Арслону Шайбонихон ифтихор доранду ҳатто чемпионати “Бозиҳои кӯчиён” (Игры качевников) ташкил кардаанд. Ва ҳамаи ин номбурдаҳо каллабуру қотилу хунхори бехираде беш набуданд, ки калламанораҳо месохтанду месӯхтанду мепухтанду мебурданду мекуштанд. Ҳаргиз сангашон намезанам. Офаринашон!!! Вале чаро мо бар нафаре, ки Худоро шинохту парастиду дине рӯи кор овард, ки дар замони худ беамсол буду беҳамто...танҳо бо ин иллат, ки Тоҷик аст, нафрат дорем???
Мо дар олами Ислом ягона миллате ҳастем, ки динро зидди миллат корбаст кардаем. Барои мо Тоҷик душмани дин шудааст, ки войи мо!!!
Мо дин гуфта, онгуна арабпараст шудаем, ки Ислом нақши дуввумдараҷа дорад барои мо. Агар чунин нест, пас чаро сартосар аз номҳои шевои Тоҷикӣ рӯ тофтаву исми арабӣ мегузорем бар худу фарзандону наберагони худ? Зеро фикр дорем, Тоҷик кофир асту танҳо араб мусалмон... Бе тардид ва шубҳа дар баробари Худову расулаш мо 1 миллати тамоман бефаросату бефарҳангу беодобро парастиш мекунем, ки метарсам аз мушрикин нагардем, агар нашуда бошем!
Мардуми сарбаланду некноми Кӯлоби бостонро, ки Асад ибни Абдуллоҳи ғосибро шикаст додаву барои 150 сол аз Осиё ронда буд, то ҳанӯз бо тамасхур “табармусалмон” мегӯем. Намегӯем? Ещё как мегӯем!
Бегонапарастии мо ба ҳаддест, ки Эсхата-плацдарми Александри Македонӣ бар зидди мардуми сарбаланди Суғд сохтаро, ки ба шикасти Спитамен овард, вардор-вардор кардаву бонк сохтем ва Душанбе, Бохтар, Хуҷанду Кӯлобро бо ин номи хашин ва хунин оро додем. Арвоҳи Спитамен моро бо ин бонки бегонапарастамон намебахшад! Кори масъулини ин бонк ба ҳаддест, ки манқуртакон номи Равшани Кӯлобро аз бинои марказии ин шаҳр бардошта, рӯяш ЭСХАТА навиштаанд. Ғурури моро ин бегонапарстон куштан доранд, ки илми психология инро беҳтару бештар аз диди ман шарҳ медиҳад, аммо касеро парвое нест!
Бузургтарин шоир ва файласуфе, ки бо ӯ ифтихор дорем-Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ онгуна Бобур, қотили Тоҷикони Афғонистонро сутудааст, ки сари мазораш шудаву зори ба панҷ мегирйем. Бузургонамон низ бегонапараст буданд ва мутаассуф Иқбол аввалину охирин нест. Искандарномаҳои клоссиконамонро хонда, мехоҳӣ зудтар рафтаву ҷону дину дилро қурбони дилхоҳ ғосиби аврупоӣ-мақдунӣ кунӣ...
...Вақте, ки болшевикони рус омаданд ватанро қурбонашон сохтем ва ҳар нафаре аз диёри бобоӣ пуштибонӣ кард, то ҳанӯз душмани ин миллат аст. Нест? Ещё как ҳаст! То имрӯз Истиқлолият гуфта менозему мақомоти мо аз паси онҳое шикор доранд, ки ҷое, дар сӯҳбате, дар матлабе...ғасби болшевикиро дар соли 1920 таҷовузи давлатӣ мехонанд.
Бегонапарастем. Зеро коре, ки Давлати имрӯзаи Тоҷикон бо сарварии Президенти мардумӣ-Эмомалӣ Раҳмон барои ин кишвару ин миллат кардааст, дар тӯли 1500 сол беш, бо шумули 70 соли шӯравӣ ва 1400 соли ислом касе накардааст!!! Вале мо ба дил сано ва салавот ба арабу рус мехонем.
Хонандаи гиромӣ, шояд фурсате расида, ки марзҳои андешаамонро аз бегонапарастӣ пок кардаву дар ин марзу буми тахаййулӣ тухмаи миллӣ ва ифтихороту шарафи Тоҷикӣ корем? Агар дар ин 27 соли истиқлолият худамон ин корро накарда бошем, вой бар мо...
Сахт гуфтам? Хуб кардам! Мо метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter