ХАБАРИ ДОҒ

Пулчинии мулло одат аст?

  • Панҷшанбе, Сен 27 2018


Дуруди бузург ба СССРи гиромӣ! Баъди чопи мақола дар шумораи гузашта, дар бораи пулчинии мулло-имом аз намозгузорон дар масҷиди Қизилқалъаи н.Хуросон (дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа) аҳамият додам, пулчинӣ 3 ҳафта манъ шуд, ва ё ба ибораи дигар мулло-имом аз пулчинӣ даст кашид! Шукр мекардам, ки мушкил ҳалли худро ёфт ва мулло хатои худро дарк намуду ислоҳ шуд. Вале пас аз гузашти 3 ҳафта пулталбиро боз аз сар гирифтанд. Ба гуфти намозхонони калонсол, қариб 30 сол мешавад, ки дар ин масҷиди Қизилқалъа пулталбӣ ба анъанае табдил ёфтааст. Вале ҳайронам, ки чаро кормандони Кумита оид ба корҳои танзим ва ҷашну маросими ҷумҳурӣ ва ҳам ноҳияву вилоятӣ ин камбудии ҷамъиятро намебинанд? Агар бинанд, чаро ба ислоҳаш намекӯшанд? Дар охир, ман шахсан аз Саидмукаррам Абдуқодирзода-раиси Шӯрои Уламои ҷумҳурӣ ва муфтии кишвар пурсиданиям, ки тибқи шариат дар масҷид аз мардуми намозхон пул талбидан дуруст аст?

Асадуллои Саъдулло,н.Хуросон

Аз сардабир: 3 моҳ пеш дар Амрико будам ва намози ҷумъаро дар масҷиди Муҳаммад (с.)-и Вашингтон гузоридам. Дар ин кишвар ҳамагӣ 1 тавъамӣ бо худамон дидаму бас: Он ҷо ҳам бо халта даври намозгузорон гашта, дар намози ҷумъа аз мардум пул меғундоштанд...ва маблағи ҳосилшударо дар тахта-доска менавиштанд (ниг. ба акс). Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter