Принт

Ба мо муроҷиат кунед!!!


Қаблан аз ҳамкориҳои судманд дар самти шаффофона инъикос намудани фаъолияти кормандони БДА изҳори миннатдорӣ менамоем. Оид ба саволҳои Фаридун Ғафуриён-сокини ш.Хуҷанд, дар газетаи мардумии СССР (№35(520), 30.08.2018) ҷавобҳои зеринро манзури Шумо мегардонем.
Ҷавоб ба саволи 1: Дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ сомона-сайти интернетии ВКД www.vkd/tj амал менамояд, ки шаҳрвандон метавонанд арзу шикоятҳои худро тариқи ин сомона, ҳамчунин тариқи телефонии боварии Вазири корҳои дохилӣ (221 21 21), телефони «Мадад» (1919) ва «Хабарнигори фаврии ВКД» (93 922 21 11) баён намоянд.
Ҷавоб ба саволи 2: Дар асоси фармони ВКД ҶТ «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон», ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла, БДА вазифадор аст, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо шаҳрвандон хушмуомила бошад.
Ҷавоб ба саволи 3: Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ҳолатҳои зерин метавонанд воситаи нақлиётро манъ намоянд:
- риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;
- дар нақлиёт мавҷуд будани нишонаҳои вайронӣ ва ё ба талаботҳои амалкунанда  ҷавобгӯй набудани қисмҳои он;
-ҳангоми ҳаракати воситаи нақлиёт қобилияти идоракунии ронанда шубҳаовар бошад;
-маълумот дар бораи дар кофтуков қарор додани воситаи нақлиёт мавҷуд бошад.
Ҷавоб ба саволи 4: Аз тарафи кормандони БДА бе мақсад манъ намудани  воситаҳои нақлиёт қатъиян мумкин нест. Чунин ҳолат ҳамчун вайронкунии интизоми хизматӣ баҳо дода мешавад.
Ҷавоб ба саволи 5: Шумо бо далелҳои асоснок метавонед тавассути телефони боварии ВКД ҶТ ва ё бо ариза ба унвони роҳбарияти Раёсати БДА ВКД ҶТ муроҷиат намоед.
Ҷавоб ба саволи 6: Корманди БДА ҳангоми боздоштани воситаи нақлиёт вазифадор аст, ки ба назди ронанда равад ва минбаъд вобаста аз сабаби боздошт, ҳолат ва рафтори ронанда амал кунад.

Сардор
Акбар Насимзода

Матлабҳои дигар