ХАБАРИ ДОҒ

Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳафта ба синни 66 мерасад. Ҳар қадар хотироти худро варақ задам, фикр кардам, ки чун соли пор хубтар матлабе дар борааш навишта наметавонам. Аммо бо иловаи 1 пешниҳод:
-Ман бовар дорам, ки Рустам арзандаи мақоми падар аст (хосатан баъди ободкориҳояш дар Душанбе)! Хоҳем инро ва ё на ҳамингуна мешавад! Вале мақоми Эмомалӣ Раҳмон тамоман дигар аст. Ӯ нафарест, ки исми шарифашро абадан дар дипломатия ва сиёсати глобалии олам сабт кард. Ягона президентест, ки на танҳо давлати худ, миллати хешро аз вартаи ҷаҳолат, вандализм ва маҳв раҳо намуд, ки қораи Осиёи марказӣ ва ҳатто Русияву Қафқозро низ наҷот бахшид. Зеро сенарияи «инқилоби исломӣ» дар Тоҷикистон репетитсияи «Давлати Исломӣ» дар қораи Араб буд, ки имрӯз давлатҳоро барҳам рехтааст. Зимнан ӯ бояд сарвари давлати мо, ақаллан, барои 7-соли дигар монад! Мо метавонем!

Фарзанди хурдиам, Муборизи 9-сола, субҳи солеҳи 4.10.2016 аз ман суол кард, ки «Пагоҳ Президентамон зодрӯз дорад; Ба ӯ чӣ тӯҳфа медиҳед?». Гуфтам намедонам, ки гуфт, 1 мақола дар борааш навис...
Бо дархости тифлам ин матлабро менависам. Мо Метавонем!
Дар бораи Эмомалӣ Раҳмон он қадар гуфтаву навиштаву намоиш додаанд, ки гумон аст, чизе бар он метавон замм кард. Аммо ин репортҳои таоруфӣ ҳувияти ӯро, ки шахсан писанди ману мардум аст, кушода натавонистаанд. Албатта, ин назари индивидуалии ман аст, ки метавонад хато ҳам бошад. Зимнан он паҳлӯҳоеро дар ин мини-очерк тасвир мекунам, ки дар очеркҳои расмӣ, ба андешаи ман, аз мадди назар канор мондаанд.
Эмомалӣ Раҳмонови ҳамагӣ 40-соларо дар Сессияи тақдирсози 16-ум дар асл, номенклатураи ҳукмрони коммунистӣ барои он раиси Шӯрои Олӣ интихоб кард, ки фурсате ёбаду вилояти Ленинободро ба Ӯзбакистон шомил кунад. Имрӯз дурӯғҳо мегӯянд, ки ҳадаф дигар чӣ буд. Ёд оред, ки аз он номенклатура нафаре ҳам ба ин ҳукумат напайваст ва ба Душанбе наомад. Зеро бовар дошт, ки умри ин ҳукумат низ амсоли ҳукумати Искандаров хеле кӯтоҳ аст. Абдуллоҷонов танҳо ширмае буд, ки ба ин ҳукумат ворид карданд: свой среди чужих. Худи Абдумалик-ако то тинҷу ором шудани вазъ Душанберо танҳо дар ТВ медид...
Вале номенклатураи прагматик сахт ғалат кард. Зеро гавҳари зотие, ки Эмомалӣ Раҳмонови ҷавон дошт, ба ӯ имкон дод, то кишвари моро, ки воқеан ҳам дар тамомии кулуарҳои давлатҳои абарқудрати дуру наздик салоти ҷанозаашро кайҳо хонда буданд, наҷот диҳад! Ва ин гавҳари зотӣ-Далерӣ, Шуҷоат, Нотарсӣ ва Риски фардии сарвари ҷавони давлати мо буд!!!
Ман Шуҷоат ва Рискро хеле иззат мегузорам. Зимнан, шуҷоату далерии Эмомалӣ Раҳмон барои ман ҳамеша боиси фахр асту фараҳ. Дар ин маврид далел ҳам дорам. Саид Абдуллои Нурӣ, ҳанӯз замоне, ки ба тозагӣ ба Душанбе омадаву зимоми 30% ҳукуматро ба даст дошт, боре дар ҷаласае гуфт:
«Ман мардам ва ҷавонмардони далерро дӯст медорам! Бо Шуҷоате, ки Эмомалӣ Раҳмон дорад, кам во хӯрдаам. Дар Хусдеҳ, ки бояд ӯ меомад, тамомии қумандонҳои саҳроӣ, савганд хӯрданд, ки Эмомалӣ Раҳмон омад, террораш мекунем. Касе сухани маро гӯш кардан ҳам намехост. Мо бо ратсия баромадем ва қатъан хоҳиш кардем, ки Президенти ҶТ наояд, ки вазъ бад аст. Вале баъди чанд соате чархболе фуруд омаду аз дарунаш Эмомалӣ Раҳмон тани танҳо ва бе силоҳ бадар омада, пешамон шуд ва гуфт маро метавонед парронед, вале Тоҷик бо Тоҷик бояд Сулҳ бандад!». «Ин ҷасорат-мегуфт Нурӣ-натанҳо ман, ки кулли қумандонҳои саҳроиро мот кард ва мо сари мизи Сулҳ нишастем»...
Воқеан, ин далелест барои он муддаиёне, ки мегӯянд дар тоблуи Сулҳ акси 2 даст аст ва ишора мекунанд, ки тарафи дигар низ дар ин Сулҳ нақш дорад:
- Оре, дар ин рамз акси 2 даст аст, вале яке Дасти Ҷанг асту дигар Дасти Сулҳ...
Аммо ҳоло мардуми ноогаҳ намедонанд, ки Риски Раҳмонӣ барои Сулҳи мо танҳо дар Хусдеҳ аввалу анҷом надошт. Дар худи Тоҷикистон фармондеҳони силаҳшӯр  қатъан зидди сулҳу оромӣ буданд. Ҷангсолорони маҳаллиро, ки силоҳу хунрезӣ аз арш бар фарш бардошта буд, ба Сулҳ мойил кардан мушкилтар аз шинонидани оппозитсия сари мизи гуфтушунуфт буд. Файзалӣ Саидов, Иззат Куганов, Ёқуб Салимов, Маҳмуд Худойбердиев, Қурбон Чолов, Хӯҷа Каримов, Фарҳоди алмосӣ, Ибоди регарӣ... ки аз қамчинашон хун мечакид, магар Сулҳ бастан мехостанд? Ҳаргиз на!!! Ҳамаи инҳоро Ҷасорати сарвари ҷавон ва таланти худододи бурдани гуфтушунид мойил ба Сулҳ кард.
Имрӯз бархе «дилсӯзон» аз қумандонҳое ёд меоранд, ки дар Фронти халқӣ ва ё оппозитсияи исломӣ «хизмат» кардаву сипас зиндонӣ шудаанд. Вале ин лжедилсӯзон андеша намекунанд, ки агар онҳо сари қудрат мепоистанд, ҳаргиз ба ин оромиву тинҷӣ ва иттифоқу иттиҳоди миллӣ намерасидем! Миллати фаромӯшхотир шудаем ва ёд намеорем, ки вақте корвони силаҳшӯрони ин тойифа мегузашт, дар пушти дарахту лотокҳои назди ГЖК гаваккашон мегурехтем, то «қаҳрамонҳои имрӯзаамон» моро чун харгӯш шикор накунанд!
Атрофи Сулҳу Ваҳдат бархе иддао доранд, ки дар он дасти Созмони Милали Муттаҳид низ ҳаст. Ҳарфи комилан хатост! Шумо 1 мисол оред, ки СММ (ООН) ба кишваре Сулҳ оварда бошад. На-ме-ё-бед! СММ мутаассуф, тайи 27 соли ахир, баъди пошхӯрди Шӯравӣ, ба ниҳоди ҷангхоҳ табдил ёфтааст. Ин созмоне нест дигар, ки дар он умуман ҳарфи сулҳ ва оромӣ шунида гардад. Ин созмони ҷанг аст. Ба олами араб назар дӯзед. Магар ин ҷангу хунрезии гӯшношунидро на ООН роҳандозӣ кардааст?
Зимнан Сулҳ ва Ваҳдати мо сирф моли Тоҷикон аст ва муаллифи вежаи худро дорад. Муаллифе, ки бо Ҷасорати фардӣ, Далерии индивидуалӣ ҷонибҳоро маҷбуран сари миз шинонидаву бо илҳоми Худододи муколамавӣ онҳоро то оромии имрӯза расонидааст. Вагарна ин сарзамин кайҳо Афғонистони дуввум ё Сурияи сонӣ мешуду ашкамон хун будӣ ва хунамон об...
Ҷавонмардие, ки дар хун аст-абадист. Охирон коре, ки Президенти мо дар ҷанозаи Ислом Каримови ҳамсоя кард, мавриди тақлиди сарварони давлатҳо шуд. Ӯ ягона нафаре гардид, ки дар маросими ҷаноза шахсан ширкат варзида, аз пояи тобут бардошта, ҳамтоеашро, ки малеҳ карда гӯем, сабаби бадбахтии 20-солаи давлати мо буд, то гӯр бурд. Маҳз баъди ин ҷавонмардии Сарвари давлати мо Путину Назарбоев ба Самарқанд, сари гӯри Каримов омаданд. Маҳз ин рафтор сабаб шуд, ки Барак Обама дар ҷанозаи Шимон Перес дар Тел-Авив ширкат варзад...
Барои ба қадри Шуҷоат ва Ҷавонмардӣ расидан бояд худ мард бошӣ. Бе ин намешавад; намефаҳмед, агар худ Ҷавонмарду Далер нестед, ки ман дар ин матлаб чиро дар назар доштам...
Зодрӯзи Ҷасуртарин Ҷавонмарди Миллат мубораки ҳар яки мо бод. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter