Принт

Номҳоро хато менависем!


Дуруди самимӣ ба СССР! Соли 1989 забони гуворои мо бо саъю кӯшиши фарзандони боғурури миллат дар замони Ҳокимияти Советӣ мақоми давлатӣ гирифт. Расо 29 сол гузашт ва барои эҳтиром ба забони миллӣ ба бисёр ҷойҳо номи тоҷикӣ додем. Ҳатто ному насабамонро ба тоҷикӣ баргардондем, вале бо хатои зиёд. Дар навишти ному насаб дар Фарҳанги Тоҷикии мо аввал номи шахс, баъд насаб, номи падар ё тахаллус, пас номи авлодӣ меояд. Мисол: Абуабдуллои Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Лоиқ Шералӣ... Ин шахсиятҳо дар гузашта дуруст ному насаби худро Тоҷикона навиштаанд. Вале солҳои охир Кумитаи забон ва Вазорати фарҳанг тақлид ба хориҷиён карда, ба аҳолӣ иҷозат додааст, ки ному насабро мисли хориҷиён нависанд, яъне аввал номи авлодӣ, баъд ном ва пас насаб. Мисол, Шарипова Соҷигул Каримовнаро чунин навиштаанд: Шариф Соҷигул Карим. Ин нодуруст аст! Бояд Соҷигули Карими Шариф ё Соҷигули Карими Шарифзода (Шарифиён) навишта шавад. Аз тарафи Кумитаи забон барои ном мондани кӯдакон китоби махсуси номгузории Тоҷикона чоп шудааст, вале то ҳол аҳолӣ ба атфоли худ номҳои ғайритоҷикӣ мемонад.

Асадулло Бекназаров,
н.Кӯшониён

Матлабҳои дигар