ХАБАРИ ДОҒ

Билетфурӯшӣ маҷбурӣ нест!

  • Панҷшанбе, Окт 11 2018


Прокуратураи ш.Панҷакент мақолаи рӯзноманигор Х.Фозиловро бо номи «Билетфурӯшии маҷбурӣ дар Панҷакент» (СССР, №2(487), 11.01.2018) мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод. Омӯзишу таҳлили ваҷҳҳои дар мақола дарҷшуда нишон дод, намоиши филми «Парӣ аз паси кӯҳи Қоф», ки мавзӯъи танзими расму оин ва анъанаҳои миллиро дарбар мегирад, бо дархости киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» ва супориши расмии хаттии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вил.Суғд ба намоиш гузошта шуда, дар ин хусус мактубҳои расмӣ мавҷуданд. Дар баробари ин, муайян карда шуд, ки тамошои ин филм ба таври ихтиёрӣ баргузор шуда, ҳолатҳои тариқи маҷбурӣ машғул шудан бо фурӯши чипта мушоҳида нашуда, дар ин хусус ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоятҳои хаттӣ ё шифоии роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, хосса, роҳбарони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ш.Панҷакент, коллеҷи тиббӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ умуман ворид нашудааст. Масъалаи роҳ надодан ба ҳолатҳои тариқи маҷбурӣ ба фурӯш баровардани чиптаҳои консертҳо, сирк, намоишномаҳо ва филмҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент зери назорати қатъӣ ва доимии мақомоти прокуратураи шаҳр қарор дошта, дар ҳолати ошкор шудани чунин амалҳо нисбати шахсони масъул дар доираи талаботи қонун ҳатман чораҷӯӣ карда мешавад.

Назарзода А.Н., прокурори ш.Панҷакент, мушовири адлияи дараҷаи 1

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter