Принт

Зодрӯзи Шабнам дар хонаи ятимон

11.10.2018. Шабнами Сурайё, сарояндаи шинохтаи Тоҷик субҳи имрӯз ба дидори кӯдакони Хонаи кӯдакони №2-и пойтахт, ки зертобеи Раёсати тандурустии ш.Душанбе мебошад, рафта, бо онҳо 1 ҷашни пуршукӯҳ орост. Бояд қайд намоем, ки Шабнами Сурайё, ки 14 октябр зодрӯз дорад, рӯзи таваллудашро ҳеҷ гоҳ қайд накарда аст. Ӯ дар ин рӯз ҷойи оростани базм барои дӯстону пайвандон, баръакс аксияҳои хайрхоҳона ташкил намуда, ба дидори ятимону бепарасторон ва пирони танҳову барҷомонда меравад. Шабнам тасмим гирифт мавлуди имсолаашро бо кӯдакони Хонаи кӯдакони №2-и пойтахт пешвоз бигирад ва дар ҳақиқат барои ин тифлакон базми ҷамшедӣ орост. Дар сӯҳбат бо СССР Шабнам гуфт:
-Ҳамеша пинҳонӣ бо кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбу барҷомондаҳо зодрӯзамро ҷашн мегирам. Аммо ин бор, дӯсти хонадони мо, тағоям Сайёфи Мизроб, маслаҳат доданд, ки «некиро таблиғ бояд ва ту ин корро бояд расман анҷом диҳӣ, то бар дигарон дарс гардад». Зимнан, чанде аз журналистонро низ ба ин маҷлиси унс бо ятимону барҷомондагон ва сағерагон даъват кардам. Мо Метавонем!



Кӯҳантарин Хонаи кӯдакони пойтахт
   Бояд қайд намуд, ки Хонаи кӯдакони №2-и ш.Душанбе яке аз кӯҳансолтарин хонаҳои кӯдакони кишвар буда, соли 1945 пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо қарори Маҷлиси депутатони ш.Сталинобод таъсис дода шудааст. Пас аз 40 соли фаъолият дар маркази Душанбе, масъулини шаҳр тасмим мегиранд хонаи кӯдакони мазкурро ба к.Сино кӯчонида, барои ин хона бинои нав созанд. Аз соли 1985 Хонаи кӯдакони №2 дар к.Сино дар рӯбарӯи Автокозали пойтахт қарор дошта, айни замон 44 кӯдаки то 4 сола дар ин макон зиндагӣ ва тарбия меёбанд. Коллективи кори хонаи кӯдакон аз 100 нафар бештар буда, роҳбарии ин муассиса ҳоло бар зиммаи 1 нафар шахси маорифпарвару фарҳангдӯст Мизробшо Шарифзода гузошта шудааст.
   Чуноне ки дар сӯҳбат бо мухбири СССР Мизробшо Шарифзода афзуд, хонаи кӯдакони мазкур ягон камбудӣ надошта, ҳамеша зери назари роҳбарияти ш.Душанбе қарор дорад. Аз он, ки Шабнами Сурайё ин маротиб ин хонаи кӯдаконро интихоб кардааст, акаи Мизробшо хушҳол буда, мегӯяд, ки тифлакони хурдсол низ мухсили Шабнаманд, сурудҳои ӯро гӯш мекунанду зери ин сурудҳо мерақсанд ва ҳатман омадани Шабнам ба ин даргоҳ тифлаконро хушҳол карда хотироти хуберо барои онҳо хоҳад гузошт.



Тӯҳфаҳо ва дастархони идонаи Шабнам
    Ҳанӯз Шабнами Сурайё ба хонаи кӯдакон нарасида, дӯстонаш бо роҳбарии дӯсти хонавода акаи Хисрав тӯҳфаҳои ӯро ба онҷо оварданд. Сабадҳои пур аз мева, қуттиҳои бешумори шириниву шоколад, анвои гуногуни хӯрданӣ, бозичаҳову сарулибоси варзишии гарми зимистона субҳи барвақт оварда шуда, дар толори Хонаи кӯдакон дастархони идона ороста шуд. Аз номи Шабнами Сурайё хоҳарбузурги эшон Рӯзигул ба тамоми 44 кӯдакони ин даргоҳ ва ба  Маркази ташаккули оилавӣ бо номи «Умед», ки дар ошёни 2 фаолият дораду дар он низ наздики 40 нафар кӯдаки маъюб машғулият мегузаронанд, сарулибос тақдим намуда, бархеро бо дасти худ пӯшонид. Ба ғайр аз ин ба ҳар 1 кӯдак дастовзеи махсус, мисли тӯҳфаҳои солинавии атфол омода карда шуда, баъдан Шабнам худ ба ҳар яке тӯҳфа намуд. Шабнам бошад ба тифлаки 4-моҳа, ки бо иллати доштани модари маризи рӯҳӣ инҷо нигаҳбонӣ мешавад, сару либос пӯшонида, ӯро бардошта обу ғизо дод.
   Хисрав, масъули корҳои ташкилӣ ва тадорукоти ин аксияи хайрхоҳона иброз дошт, ки ҳар 1 тӯҳфаро Шабнам шахсан интихоб кардааст, ҳатто то дастархонҳои рӯи мизро, то ин, ки кӯдакон эҳсос намоянд, ки имрӯз дар ҳақиқат ид аст.

Шодии кӯдакон аз дидори Шабнам


    11.10.2018. Соат ба вақти Душанбе 09:45 дақиқа. Омадани Шабнами Сурайё бо ҳамроҳии Сайёфи Мизроб, сардабири газетаи мардумии СССР ба ин даргоҳ воқеан ҳам шодиву нишот овард. Кормандони ин муассиса, донишомӯзону таҷрибаомӯзони Коллеҷи тиббӣ, падару модарони кӯдакони маъюб ва аз ҳама муҳимтар кӯдакони ятим ва маъюб  «апаи Шабнам!»-гӯён ба истиқболаш давиданду вай ҳам оғуши хешро ба рӯи онҳо боз кард. Шабнам ҳар 1 кӯдакро алоҳида ба оғӯш кашида, аз ҳар 1 утоқи Хонаи кӯдакон дидан кард, вай ҳамоно аз мураббияҳо мепурсид, ки чӣ камбудӣ доранду чӣ намерасад, чунки омодааст проблемаҳои мавҷудбударо то дасташ мерасад ҳаллу фасл намояд, то ин, ки кӯдакон дар фасли сармо азоб накашанд.

Шабнам: «Ба кӯдак ҳар 2 соат об диҳед!»


   Дар ширхоргоҳи Хонаи кӯдакон, ки онҷо тифлакони то 1 сола нигоҳ дошта мешавад, диққати Шабнамро кӯдаки 11 моҳа бо номи Иззатулло ба худ ҷалб намуд. Шабнам дарҳол тифлро ба даст гирифта, сарулибосашро кашида, ба тани кӯдак либоси наву гарми зимистона пӯшонид. Ҳолати кӯдакро дида, Шабнам дархост кард, ки барояш оби ширгарм биёранд.
«Кӯдак ташна аст, чаро ба ӯ об намедиҳед? Ба кӯдаки хурдсол, хосса ширмак ҳар 2 соат 1 маротиба об диҳед, зеро ӯ ҳам инсон аст, ташна мемонад. Мардуми мо мегӯянд, ки ба тифли навзод то 6 моҳагӣ об надиҳед. Ин хатост! Ҳама хориҷиҳо ба кудак тез-тез об медиҳанд. Зимнан бинед, кӯдакони онҳо чӣ қадар болобаланду зебову чусту чолоканд!»



Базми Шабнам
Сипас дар толори бузурги кӯдакистон, баъди селфиҳои бешумори волидайну кормандони ин даргоҳ, базми Хусравона шуруъ шуд. Базмро С. Мизроб ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи базмро ба дасти Шабнам дод. Шабнами Сурайё бо суруду таронаҳои рангину дилнишин хотири ятимонро азиз дошт. Чорабинии мазкур то соати 13:31 дақиқа давом кард.
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро
Бозёбад ҷаннати дарбастаро!
Ба таҳқиқ, имрӯз дари ҷаннат бар рӯи Шабнами Сурайё боз буд. Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар