Принт

БАДАХШОН: Миллионҳо сомониро дуздидаанд!

Пас аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ вазъияти дохилии минтақа ба таври куллӣ тағир ёфт.
Мавсуф зимни сафар ва суханрониҳояш дар байни аҳолии вилоят омилҳои манфӣ ва ҷанбаҳои хатарбори гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпешаро мавриди баррасӣ ва интиқоди шадид қарор дод. Дар ин замина роҳбарияти мақомотҳои қудратии ин минтақарро барои хунукназарона рафтор намудан нисбат ба салоҳиятҳои кориашон танбеҳ намуда, аз фаъол будани гурӯҳҳои алоҳидани ҷиноятӣ изҳори нигаронӣ намуд.
    Барои пешгирӣ ва ошкор намудани содиршавии ҳамагуна ҷиноятҳои характери муташаккилона дошта, ки ба амнияти давлатдорӣ ва бехатарии ҷомеа таҳдид менамоянд, масъулини ниҳодҳои қудратӣ ва Ҳукумати иҷрояи вилоятро ба мудати як моҳ  вазифадор намуд.
    Таҳлилҳои тахассусӣ дар вилояти Бадахшон нишон медиҳад, ки бисёр шахсиятҳо ва афроди алоҳида аз Бонкҳои давлатӣ маблағҳои калони пулӣ қарз гирифта, аммо ин афрод дар вақти муқарар намудаи шартномаи тарафайн пардохти пулӣ ва маблағҳои гирифтаи худро ба Бонкҳои дахлдор барнагардониданд. Шумораи қарзи шаҳрвандони ин минтақа аз Бонкҳои давлатӣ ва шахсӣ 70 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин омил боиси муфлисшавии Бонкҳои мазкур дар ВМКБ гардидааст.

Қарзҳое, ки ба хазинаи Бонкҳо барнагаштанд
Барои исботи гуфтаҳои боло мо чанд далелҳои шайиро манзури хонандаи азиз мегардонем, то гумонҳои бад ва овозаҳои бардуруғро оиди ин мавзӯъ дар фазои иттилоотӣ маҳкум ва решакан намоем.
Масалан Толиб Аёмбеков бо аҳлу оила, хешу табор ва дигар шаҳрвандон дар мавриди напардохтани қарзҳои Бонкӣ мавриди санҷиши кормандони Бонк дар ҳамкори бо “Ситоди ҳамоҳангсозии мақомотҳои таъмини амниятӣ ВМКБ” қарор дода шуд.
Аз ҷониби “Ситоди ҳамоҳангсозии мақомотҳои таъмини амниятӣ ВМКБ”, оид ба пардохт накардани маблағҳои қарзӣ аз тарафи шаҳрвандон ва корхонаву муассисаҳои ВМКБ ба бонкҳо, шабакаҳои барқӣ ва хизматрасониҳои истифодаи оби нӯшокӣ мавриди санҷиш қарор гирифтааст.
Вазъи иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти Бонкӣ» дар сар то сари ВМКБ ба талабот комилан ҷавобгӯ набуда, қонунвайронкуниҳои зиёд, аз қабили гирифтани маблағҳои қарзи бонкӣ ва бо мӯҳлатҳои тӯлонӣ пардохт накардани онҳо ба ҳукми анъана даромадааст.
Таҳлил ва санҷишҳои охир нишон медиҳад, ки ҳатто хизматчиёни давлатӣ низ ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо роҳ додаанд. Масалан, қарзи бонкии Хосабеков Диловар  роҳбари дастгоҳи Раиси ВМКБ дар назди БДА «Амонатбонк» воқеъ дар ш.Хоруғ 11.652 сомонӣ ва дар назди ҶСК «Фононбонк» 64.548 сомонӣ, дар ҷамъ 76.200 сомониро ташкил дода, муҳлати пардохти онҳо зиёда аз 2 сол гузашта бошад ҳам, ӯ ҷиҳати пардохти қарздориҳо ягон чора наандешидааст.
Санаи 21 сентябри соли 2018 аз  Хосабеков Диловар. дархост карда шудааст, ки маблағҳои қарздории худро дар кутоҳтарин мӯҳлат пардохт намояд. Ӯ то ҳануз маблағҳои қарзии худро пурра пардохт накардааст.

70 миллион қарзи бо ном роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятӣ
Аз роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ё наздиконашон гирифтани қарзи бонкӣ ва баргардонидани онҳо низ ҷой дорад. Аз ҷумла, қарздории Маҳмадали Абдураҳмонов-писари Толиб Айёмбеков дар назди «Агроинвестбонк» 5243 доллари ИМА, писари дигараш Ғуломали Абдураҳмонов дар назди «Амонатбонк» 230.844 сомонӣ, Рашид Айёмбеков-додари Толиб дар назди «Агроинвестбонк» 49.668 сомонӣ, Адолат Аёмбекова-хоҳари Толиб дар назди «Агроинвестбонк», «Ориёнбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» 32.487 доллари ИМА, 44.999 сомонӣ, 2162 доллари ИМА, С.Аёмбеков-ҷияни Толиб дар назди «Агроинвестбонк» 3141 доллари ИМА-ро ташкил дода, муҳлати пардохти онҳо аз 2 то 8 сол гузаштааст. Аммо номбурдаҳо ҷиҳати пардохти қарзҳо чораандешӣ накарда, давлату Ҳукуматро хонасалот кардаанд!!!
Ё ин ки қарздории роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Мунавар Шамбиев дар назди «Ориёнбонк» 5898 сомонӣ, ва қаздории ҷиянаш дар назди «Тоҷиксодиротбонк» 15.948 доллари ИМА-ро ташкил дода, муҳлати пардохти онҳо аз 5 то 8 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол маблағи мазкур ба муассисаҳои бонкӣ баргардонида нашудаанд. Ба ин монанд қарздории Бекназаров Матлаб дар назди «Тоҷиксодиротбонк» 16.939 сомониро ташкил дода, ба бонки мазкур баргардонида нашудааст.

Масъулин низ қарздоранд!
Тибқи таҳлилҳои собитшуда ҳолатҳои аз ҷониби масъулини бонкҳо низ бо тарзу усулҳои гуногун тасарруф намудани маблағҳои бонкӣ дар вилоят васеъ паҳн шуда, оқибат ба пардохтнопазирии як қатор бонкҳо оварда расонидааст. Минҷумла, Х.Хосабеков-сармуҳосиби филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ш.Хоруғ 2 млн. 40.000 сомонии бонк, Н.Нуров-мудири маркази хизматрасонии «Амонатбонк» дар н.Дарвоз 120.000 сомонӣ ва 1000 доллари ИМА, Қ.Музаффаров-мудири филиали бонки мазкур 387.000 сомонӣ, Н.Музофирбеков-сармуҳосиби филиали «Амонатбонк» дар н.Роштқалъа 93.000 сомонӣ ва 17,9 ҳазор доллари ИМА, Т.Кочконов-мудири филиали «Амонатбонк» дар н.Мурғоб 1 млн. 17.000 сомонӣ, А.Хуршедов-мудири филиали «Амонатбонк» дар ш.Хоруғ 267.000 сомонии бонкро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо тасарруф намуда, худсарона аз худ намудаанд.
Ба ин монанд Балхиёров Замиров, ки дар вазифаи мудири филиали ҶСК «Фононбонк» дар ш.Хоруғ кор мекунад, ба номи 12 нафар парвандаи қарзӣ омода карда, ҷамъ 256.000 доллари ИМА ва 355.000 сомонии бонкро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст. Нисбати ӯ аз ҷониби прокурори ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парванда барои баррасӣ ба суд ирсол ва нисбаташ ҷазои муҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 8 сол ҷазо таъин карда шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки маҳз чунин ҳолатҳо боис шуд, ки дар ҳудуди вилоят ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Амонатбонк», ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Фонобонк» аз фаъолият монданд.
Дар давраи 5 соли охир аз ҷониби прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дар 16 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба тасарруфи маблағҳои бонкӣ оғоз карда шудааст. Ба ҳолати ҳозира маблағҳои кредитии баргардониданашудаи «Ориёнбонк» 1млн 338.671 сомонӣ, «Амонатбонк» 4 млн 414.916 сомонӣ, «Аввалин бонки молиявии хурд! 3 млн 081.132 сомонӣ, «Агроинвестбонк» 13 млн 191.271 сомонӣ, «Тоҷиксодиротбонк» 4 млн 853.488 сомонӣ, ҷамъ 70,9 мил. сомониро ташкил медиҳад.
Ҳолати саривақт барнагардонидани маблағҳои Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷой дошта, сокини н.Ишкошим Ҷ.Ошурбеков (айни замон раиси кумитаи идораи замини ноҳия) 7.10.2015 бо мақсади бунёди корхонаи коркарди меваи хушк аз муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» 400.000 сомонӣ қарзи имтиёзнок гирифта, ба ҷои истифодаи мақсаднок маблағҳоро ба манфиатҳои шахсиаш сарф карда, то ҳол 269.693 сомонии онро барнагардонидааст. 22.09.2018 нисбати ӯ бо моддаи 246, қисми 3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст.
Айни замон 2 адад аризаи даъвоӣ бо ҷавобгарии С.Мардонаева ва Х.Хуҷамриев оид ба рӯёнидани маблағҳои қарзии фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ ба маблағи умумии 1 млн. 186.000 сомонӣ ба суд пешниҳод карда шуда, 81753 сомонӣ ва 509 доллари ИМА маблағи қарзи бонкӣ баргардонида шуда, оид ба бепарвоӣ ва хунукназарӣ нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246, қисми 3 КҶ ҶТ оғоз карда шудааст.

«Бо ном саркардагони гурӯҳи ҷиноятӣ» аз барқ миллионҳо қарздоранд
Пардохти маблағи истифодабарии нерӯи барқ дар ҳудуди ВМКБ шадидан нигаронкунанда боқӣ монда, то 1.09.2018 он 5 млн 978.900 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 2224,7 ҳазор сомонӣ ба аҳолӣ, 1047,4 ҳазор сомонӣ ба муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ ва 2706,6 ҳазор сомонӣ ба корхонаву ташкилоти тиҷоратӣ рост меояд.
маблағи қарздории хонаи истиқоматӣ, осоишгоҳ, ҳамом ва тарабхонаи роҳбари гурӯҳи ҷиноятӣ Толиб Айёмбеков, ки дар номи худ ва наздиконаш ба қайд гирифта шудаанд, аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ 335.423 сомониро ташкил медиҳад. Ва ё маблағи қарздории барқи хонаи истиқоматӣ, ҳамом, ошхона ва сехи роҳбари гурӯҳи ҷиноятӣ Хурсанд Мазоров (бо лақаби «Синий глаз»), ки дар номи худ ва наздиконаш ба қайд гирифта шудаанд, 59.734 сомониро ташкил медиҳад. Ба ин монанд, қарздории Имомназаров Салам 1681 сомонӣ, Бекназаров Матлаб 489 сомонӣ, Шамбиев Мунаввар 1747 сомонист, ки то ҳол маблағи қарздориро пардохт накардаанд.

Пули обро низ намедиҳанд!!!
Қарздорӣ аз ҳисоби истифодаи оби нӯшокӣ дар вилоят 540.390 сомонӣ ва аз ҳисоби истифодаи оби полезӣ 141.095 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ба Ситоди мақомотҳои таъмини амнияти шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш ирсол шуда, талаб карда шуд, ки ҷиҳати кам кардани ин қарзҳо чораҳои қатъӣ андешида шавад. Айни замон бо дахолати Ситоди ҳамоҳангсози мақомотҳои таъмини амнияти ВМКБ 69.499 сомонӣ қарзҳо аз ҳисоби истифодаи об барқарор карда шудааст.

Ба ҷои хулоса
Пурсида мешавад, ки чаро халқи оддӣ қарзашро аз барқ мепардозаду ба ном «Саркардагони гуруҳҳои ҷиноятӣ» не? Магар ин аст мардумдӯстдории онҳо, ки даъво доранд? Агар инҳо сокинони Бадахшонро дӯст медоштанд, пас баробари мардуми камбизоат бояд қарзҳояшонро пардохт мекарданд!
Чаро мардуми оддии камбизоат ва халқи бечора пули оби ошомиданиро мепардозанду «қумандонҳо» ва роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятӣ не? Ҳамин аст оё мардумдустдории онҳо, ки буҷҷаи ВМКБ-ро хароб кардаанд?!
Чаро беш аз 70 млн сомонӣ, ки бояд барои рушди инфрасохтор ва таъмини сатҳи хуби зиндагонии бадахшониён равона шуда буд, аз ҷониби роҳбарони бо ном гурӯҳҳои ҷиноятӣ тасарруф шудаву ба буҷҷаи вилоят ва бонкҳо баргардонида намешавад? Ин дуздии рӯиростро чигуна ба муҳаббати раҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятӣ метавон рабт дод?
Фаромӯш накунед, мардуми Бадахшон, ки агар ин ба ном «лидерҳои маҳаллӣ» дар фикри шумо мебуданд, қарзҳояшонро бояд мепардохтанд, то зиндагонии шумо хубу роҳат мешуд. Маҳз чунин рафтори эшон аст, ки тиҷорати маҳаллӣ, соҳаи бонкдорӣ, саноатӣ ва туризм рушд намекунад.

Коршиноси масоили иҷтимои Назархудоев Давлатмамад.







Матлабҳои дигар