ХАБАРИ ДОҒ

Анталияи пахтакору кишоварз

  • Панҷшанбе, Окт 18 2018

Дар Анталия мардум аз террори вело-сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон мепурсиданд, вале Ромин мегуфт, мо худ ин амалро маҳкум мекунем ва меҳмононро дӯст медорему дар интизори шумоем!

Мухбирони газетаи мардумии СССР дар баробари сафар кардан ба минтақаҳои гуногуни кишвар, инчунин соле 1-2 маротиба бо супориши редаксия ба хориҷи мамлакат низ мераванд. Мақсад аз ин сафарҳо-ошно намудани хонандагони ҳафтанома бо вежагиҳои ин ё он маҳал, шаҳру кишвар аст. Ин маротиба бо супориши редаксия ман аз 22.09 то 1.10.2018 ба Ҷумҳурии Туркия сафар карда, аз 2 шаҳри он-Анталия ва Истамбул дидан кардам.
Нуқтаи нахустини иқомати банда минтақаи Анталия буд, ки маъмулан бо меҳмонхонаҳои 5-ситорадори хеш дар лаби баҳри Миёназамин машҳур аст. Дар навбати худ Анталия низ ба 4 қисмати дигар тақсим мешавад, ки инҳо Кемер, Сиде, Белек ва Алания мебошанд. Мо барои истироҳат Белекро интихоб кардем, зеро табиаташ ба Тоҷикистон бештар шабоҳат дошт. Дар баробари лаби баҳру меҳмонхонаву виллаҳои бошукӯҳ ва гаронарзиш, ман дар ин ҷо вежагиҳоеро дидам, ки ҳатто дар гӯшаи хаёлам набуд. Инак, рафтем!



Анталияи пахтакору кишоварз
Минтақаи Анталияи кишвари Туркия барои сокинони на танҳо Тоҷикистон, балки собиқ шӯравӣ, бо баҳру сайёҳату истироҳат алоқаманд аст, аммо то ҷое, ки дидаму шоҳид шудам, Анталия пеш аз ҳама минтақаи кишоварзӣ ва агросаноатии Туркия ба шумор рафта, ҳамасола ҳазорҳо тонна маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла, пахтаву гандум ва сабзавот истеҳсол намуда, ба Россияву Аврупо ва Амрико содирот менамояд. Ҳанӯз ба фурудгоҳи Анталия нанишаста, аз дохили ҳавопаймо дидан мумкин аст, ки чӣ гуна гармхонаҳои кишоварзӣ ба ҳазорҳо гектар тӯл кашидаанду рамаҳои бузу гӯсфанд дар талу теппаҳои ин минтақа мечаранд. Маҳз Анталия таъмингари асосии бозорҳо ва марказҳои калонтарини савдои Россия буда, ҳамасола садҳо ҳазор тонна помидору бодиринг, пиёзу маҳсулоти лубиёгӣ ва афлесуну лимӯву зайтун содирот менамудааст.
Ман, ки ҳамеша фикр мекардам тамоми Анталия аз баҳру регу қум ва макони истироҳати навъи аъло иборат аст, бо дидани заминҳои пахта, хосса, пахтаи шукуфта ва ғалладонагӣ дар шигифт мондам-аз фурудгоҳи Анталия то маҳалли иқоматамон дар деҳаи Белек наздики 40 км роҳ буд ва тамоми ин роҳ аз байни заминҳои пахтаву ғаллаи пухта расида мегузашт.

Занҳои шабеҳи модари ман
Дуввумин чизе, ки тахайюли маро билкул иваз намуд-ин дидани занҳои оддии анатолӣ буд ва ин лаҳза ба ёди ман порае аз романи шӯҳратёри нависандаи турк Рашод Нури Гултегин «Чаманоро» омад. Дар яке аз қисматҳои роман нависанда дар бораи занҳои анатолӣ навиштааст, ки онҳо аз субҳ то шом дар сари заминанд ва ё бори гарони рӯзгор мекашанд. Дар асл ҳам ҳамин тавр будааст.
Занҳои муқимии Анталия на он занҳое ҳастанд, ки мо дар аксари филмҳои туркӣ ва таблиғотӣ мебинем. Занҳои анатолӣ мисли занҳои оддии деҳоти Тоҷик ба сар рӯймол баставу доманҳои дароз пӯшида, ё дар сари заминанд ва ё дар даст сатилу дег дар хонаҳои худ ҷунбуҷӯл доранд. Онҳое, ки дар сари заминанд, ҳатман ба пушташон сабад баста, пахта мечинанду дар сари замини помидору бодиринг бошад занҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуда, сабзавотро ба бочкаҳои калон андохта, дар сирко мехобонанд. Дидани занҳои анатолӣ ба ёдам модарамро овард, ки ӯ низ аз инҳо ҳеҷ фарқияте надошт.

Ҷавонони Тоҷик дар Туркия
Аз он хушҳол шудам, ки дар меҳмонхонаи «Кристал Вотерворлд»-и Белек, ки ману писарам он ҷо 7 рӯз иқомат доштем, бо 1 духтари Тоҷик бо номи Азиза, ки дар бахши роҳнамоии меҳмонон кор мекард, шинос шудам. Ӯ қаблан дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе фаъолият намуда, соли ҷорӣ дар асоси тавофуқномаи тарафайн байни ниҳодҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистону Туркия, бо мақсади коромӯзӣ-стажировка, ба ин кишвар сафар намуда, алъон дар ҳамин меҳмонхона машғул ба кор аст. Азиза донандаи чанд забони хориҷист ва барои ҷобаҷо шудани меҳмонон ва сайёҳон кӯмак намуда, проблемаҳои ба вуҷудомадаро ба таври оҷил ҳаллу фасл менамояд.
Ғайр аз ин, зимни боздид аз маркази савдои «Хон» дар маркази Белек бо 1 ҷавони дигари Тоҷик бо номи Далер шинос шудам, ки яке аз масъулони маркази савдо буда, бо чанд забони хориҷӣ хуб сӯҳбат карда, маҳз бо ҳамин забондонӣ сайёҳони русро ба маркази харид ҷалб мекард. Ӯ мегӯяд, шумораи ҷавонони Тоҷик дар Анталия назар ба қирғизу қазоқ, ки асосан дар бахши хизматрасонӣ машғуланд, ба маротиб кам аст, лек ба хотири он, ки тоҷикон забони русиву англисӣ ва туркиву хитоиро медонанд, корфармоҳои туркӣ маҳз ба тоҷикон имтиёз медиҳанд. Ин хеле хуб аст, зеро бачаҳо ҳам кор мекунанд, ҳам забон меомӯзанд ва ҳам таҷрибаи хешро меафзоянд.

Иқдоми наҷиби Ромин


Меҳмонхонаи «Кристал Вотерворлд», ки метавонист дар 1 шабонарӯз то 1000 тан сайёҳу меҳмонро қабул намояд, ҳамеша серодам буд. Ба хотири боло бурдани имиҷи Тоҷикистон писарам Ромин ҳар рӯз ба сар тоқии гулдӯзии кӯлобӣ гузошта мегашту туристони зиёд аз Россияву Олмону Итолиёву Фаронса, ҳатто Зеландияи Нав ба ин амали Ромин ва тоқии тоҷикиаш ҳавас мехӯрданд. Ромин дар ҳама ҷо бо парчами Тоҷикистони азиз мегашт ва ватанамонро ба хориҷиҳо бо забони англисӣ муаррифӣ менамуд! Дар ҳамин ҷо ҳам мардум аз террори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон мепурсиданд, вале Ромин мегуфт, ки мо худ ин амалро маҳкум мекунем ва меҳмононро дӯст медорему дар интизори шумоем!
Дар хақиқат ҳодисае, ки 29.07.2018 рух дод, ба имиҷи кишвари мо зарбае сахт зад, инро дар сӯҳбат бо беш аз 100 нафар сайёҳи хориҷӣ дар Анталия эҳсос намудем. Ману Ромин дар ҳар сӯҳбат сари мизи субҳонаву хӯроки нисфирӯзиву шом ва дар лаби баҳр ба мардумони дигар кишварҳо дар бораи табиати нотакрори Тоҷикистон ва меҳмондӯстии мардуми Тоҷик ҳарф зада, онҳоро мутмаин месохтем, ки бояд ба Тоҷикистон биёянд. Шахсан худам шояд ба беш аз 100 нафар суроға ва рақамҳои идораи газетаи мардумии СССР-ро додам, то ба Тоҷикистон биёянду онҳоро пешвоз гирем ва роҳнамоӣ намоем. Боло бардоштани обрӯву эътибори Ватанам вазифаи ҷониам буд. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душанбе-Анталия-Душанбе

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter