ХАБАРИ ДОҒ

Ман чӣ хел маҳалгаро шудам?!

  • Панҷшанбе, Окт 18 2018


(номаи кушода ба сардабир)

Муҳтарам Сайёфи Мизроб! Ман даъвати шуморо пазируфта, ба баҳс ҳамроҳ мешавам. Гап сари мақолаи «Маҳалгароӣ» (СССР, №20(505), 17.05.2018) аст. Гарчанде, ки маҳалгароӣ даво надорад, он чӣ хел пайдо мешавад? Онро мо худамон ба сари мардум дидаву дониста бо амалҳои ношоистаамон бор мекунем! Вай кай нест мешавад? Ҳамон вақт, ки мо коммунизм созем! Ин назари шахсии ман аст. Шахсан маҳалгароям, аз кай ва чӣ хел маҳалгаро шуданамро ҳоло нақл мекунам.
То мактаби олиро хатм кардан ва баъди 2-3 сол дар истеҳсолот кор кардан мафҳуми маҳалгароиро умуман намедонистам, ки чист. Якуним сол баъди хатми мактаби олӣ сармутахассиси ноҳия будам. Баъди якчанд соли корӣ дар ноҳия баъд фаҳмидам, ки маҳалгароӣ чист.
Хонандаи муҳтарам агар дар ёд дошта бошад чанд сол пеш мақолаи ман бо номи «Маҳалгароӣ мероси Маҳкамов» чоп шуда, дар он аз маҳалгароӣ гуфта будам. Пешопеш мегӯям, ки солам аз 70 гузаштаву ягон даъво надорам. Чизе, ки дар ҳаёт дар худ эҳсос кардам, ҳаминро баён карданиям. Он вақт салтанат, яъне давлатдорӣ дар дасти мардуми 1 маҳал буд. Рӯирост маҳалгароӣ мекарданд. Ин падидаро бояд ҳеҷ кас инкор накунад. Маҳалгароиро Маҳкамов ва атрофиёнаш замима гузошта буданд! Вақте мардуми 1 маҳал аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда маҳаллашро ободтар мекунад, кадрҳояшро лоиқу нолоиқ бошанд ҳам, дар мансабҳои асосӣ ҷой мекунад, арзу шикояти маҳалли дигарро ба эътибор намегирад, мардуми маҳалли дигар ин ҳамаро эҳсос мекунад дар худаш. Маҳалгароӣ аз ҳамин ҷо сар мешавад. Ҳол он ки дар дигар маҳалҳо ҳам кадрҳо ҳастанд, шахсиятҳои бонуфуз мавҷуданд. Онҳо ба худаш эб нангу номус доранд ва албатта аз чунин сиёсат норозӣ мешаванд.

Чаро Ҷиликӯл обод нашуд?
Ман 66 сол боз дар ноҳияи Ҷиликӯл (Дӯстӣ) зиндагӣ дорам, ки яке аз ноҳияҳои куҳантарини Тоҷикистони азиз аст. Намешуд, ки ин ноҳия нисбатан ободтар мешуд? Не! Нашуд! Барои чӣ? Барои он ки дар 26 соли давраи истиқлолият 9 кас раиси ноҳия шуд ва ягонтои онҳо аз ин маҳал набуданд. (Дар байн 1 кас аз ҳисоби 30% буд, ки онро ҳисоб намекунем).
Чор сол пеш дар СССР мақолаам бо сарлавҳаи «Чаро Ҷиликӯл обод нашуд?» ба чоп расида буд, ки сари ана ҳамин масъалаҳо гап мерафт. Ҳатто ин мақола дар ҳокимияти давлатии ноҳия мавриди муҳокима қарор нагирифт. Ана, барои чӣ мо маҳалгароем! Агар ҳар раис 1 иншоот месохт 9-то, дутоӣ месохт, 18 иншоот мешуд! Ана инро ободӣ гуфтан мумкин буд. Накарданд, барои он ки онҳо аз ин маҳал набуданд. Вассалом!
Дуюмаш, ҳар 1 раиси ноҳияе, ки аз дигар маҳал меояд, 1-2 хешу табор ё ҳамқишлоқашро оварда, соҳиби хонаву дару вазифа карда мемонад. Пас ин маҳалгароӣ нест?

Патриотизм ва облава
Нобаробариҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва нодуруст ҷо ба ҷо кардани кадрҳо дар ҷомеа маҷбур мекунанд, ки мардум маҳалгаро шаванд. Миллату Давлат аз мадди назар дур мемонад. Патриотизм нест! Барои ҳамин ба хизмати Ватан-Модар ҷавононро бо роҳи маҷбурӣ сафарбар мекунем (облава). Вазирону раисони муҳтарамро фарзандонашон хизмат намекунанд. Ба хизмат кӣ меравад? Фарзанди деҳқоне, ки 1 порча заминро ҳам соҳиб нашудаасту 200 сомонӣ нафақа мегирад.
Шумо-муҳтарам сардабир, қайд кардед, ки бештари маҳалгароёни мо адибону журналистону аҳли илманд. Дар ин ҷумла илова мекунам, мансабдоронро. Яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ҳам дар Тоҷикистон ана ҳамин маҳалгароӣ буд.
Мақсад чист аз ин гуфтаҳо: Дарди ҷомеаро даво бахшидан! Ватанро обод кардан! Ин шаъну шарафе, ки миллати тоҷик дорад, абадан нигоҳ доштан, на молу мулки давлатро ғорат карда боқимондаи умрро дар хориҷа маишат карда, зистан!!! Беихтиёр мисраҳои шодравон Бозор Собирро такрор мекунам:
Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам Ватан ҳастӣ, бас аст
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Хушбахт Хошоков,
коммунист, ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯл)

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter