ХАБАРИ ДОҒ

Психологияи миллӣ-3

Ҷаннат, ки ризои Мо Дар он аст,
Дар зери қудуми Модар-Он аст…
6 рӯз дар вилояти Суғд будам ва бо 2 Модар ошно шудам. Яке модари мастчоҳӣ ва дигаре аз Ёваи Хуҷанд. Дар ҷамъ 1 ҷаҳон маънӣ бардоштам ва Модари худро бештар шинохтам…
Борҳо гуфтаам ва боз ба такрор мегӯям, Модарҳои мо, Очаҷонҳои мо, зану гулдухтарони мо бошарафтар аз мо-мардони Тоҷиканд. Ҳамин ҳоло 1 сухани Додоҷони Атовуллоро хондам, ки мегуфт, «Занҳои мо мардонатар аз мо мардонанд!». Ман низ бар ҳаминам. Зеро агар на зани Тоҷик мебуд, мо мардакчаҳои арабу аврупову уруспараст…кайҳо ҳувияти миллиро гум мекардем.
Ва аммо баргардем сари Модари мастчоҳӣ…
03.11.2018. Меҳмони 1 хонадон шудем. Ба ғафлат, ин хонаи раиси ноҳия будааст. Мо, ки дар меҳмонхонаи Шоҳин ҷой гирифта будем, раиси ин корвонсаро Раҳматулло-марди меҳмоннавоз, бародари раиси Мастчоҳ будаанду моро ба арӯсии бародарзодаашон даъват карданд. Хуб, чун омадем, раисро низ он ҷо дидем. Аммо сӯҳбат сари Мо-дар аст…
Модари ин хонавода, ки бар тибқи урфи тоҷикона ҳаргиз номашро на пурсидаам ва на хоҳам ин ҷо овард, 1 Бонуи зебо, моломоли иффат, назокат, шарм, меҳр буд. Дуое медод, ки фикр кардам, Модари ман дуо мекунад. То ин ҳадд бонувони мо қарин ва наздиканд!!!
Мастчоҳиён 1 вежагии дуо доранд: Рост меистанд. Ва ман бо чашми сар дидам, ки ҳини дуои модар фарзандон саф баставу росто меистоданд ва даст ба рӯ мекашиданд…
…Дар Исфара рӯзе пеш аз ин будем. Мардуми ин сарзамини бостонӣ мегуфтанд, хайрийят мастчоҳиёни деҳаи Хоҷаи Аъло ҳастанду бо қирғизҳои бадкор ҳарбу зарб мекунанд. Ба онҳо гуфтам, ба ту ҳам мегӯям, хонанда, бо бад бадӣ бояд карду беодобро бо зарбу мушт одоб омӯзед. О, чаро шумо, ки аз 2-3 қирғизи бадрафтор ба дод омадаед, чунин посух ба ишон намедиҳе(м)д?
Сахтгӯро сухани сахт ба ислоҳ орад,
Чирки пироҳани фулод ба собун наравад!
Ба ҷанг даъват намекунам. Аммо ман дуои Модари Мардамро гирифтаам ва ҳар нафаре бо мани Тоҷик бадӣ мекунад, посухаш мушт аст! Бигзор барои ин даъво маро бурда 100 сол суд кунанд ҳам аз гапам намегардам! Дуои модарам ин буд, ки:
100 мушта ба худ бигиру дар майдон бош!!!
1 мушта ба кас надеҳу дар каҳдон набош…
Каҳдон ҷои Мард ва Инсон нест! Каҳдон ҷои ҳаявон аст… Бовар дорам, мастчоҳиёне, ки дуои Модаре чун ин бону, ки ман дидам, гирифтаанд, ҳаргиз байни коҳдону майдон интихоб намекунанд. Мо метавонем!
Модари ёвагӣ… Ба иззати Худое, ки моро офаридааст, ҳаргиз байни ин бонуву модарони Хатлону Раштону Кӯлобзамин фарқияте надидам. Ҳамон меҳр, муҳаббат, самимият ва эҳсосот. Ҳатто ин нукта, ки ба наберааш муроҷеъ гуфтанд:
-Меҳмона занашон ҳай-мӣ???
...маро ҳайрон накард. Зеро кампиракони Кӯлобу Вахшу Рашту Бадахшон низ, мисли ин модари хуҷандӣ ба набераҳо шӯй мекобанд. Чунки барои 1 зани адабпарвардаи Тоҷик бешавҳарӣ ор аст, нанг аст, айб аст. Барои бонувони сирф урфии мо фарҳанги хонаводагӣ болотар аз ҳама симу зар, сарвату давлат аст. Ва то инҳо “ҳаянд” мо фарҳанги табордориро ҳифз мекунем. Илло баъди сарашон...войи мо.
Маданияти хонадории мо бо 2 по имрӯз мелангад. Ҳамасоата оилае вайрон мешавад ва касеро парвое нест. Оё медонед, дар Тоҷикистон дар 1 сол, 12 моҳ, 365 рӯз чӣ қадар оила пош мехӯрад? Ба ҳисоби миёна 62 ҳазор одам хонавайрон мешавад. 62000!!!
1 бор фикр кун, хонанда. Яъне 169,86 нафар дар 1 рӯз бадбахт мешавад. Ва ин танҳо зану шавҳар. Ва агар аз 1 хонавода 2-3 фарзанд ятим монад медонед, чӣ миқдор мешаванд?
Х=169,86х3
Х=509 ятим ва дар 1 рӯз.
Ба ин адад боз 2 тани дигар, яъне зану шавҳари бадбахти беақлро замм кунем чанд нафар мешавад?
Х=509х2
Х=1019... сияҳбахт...
Ва ин ҳама танҳо дар 1 рӯз ва ин ҳам тибқи омори расмӣ. Боз чанд нафаре бо никоҳи мусалмонии примитив ва ғайриқонунӣ ҷамъу тарҳ мешавад, Худо медонаду худашон...
Ва акнун ба шаҳру навоҳӣ, деҳу  қасаба ва кӯчаат назар кун, хонанда. Саф-саф ятим, гадо, сакалту, беваву фоҳиша... Сабабгори ин ҳам кисту чист? Набуди Очаҷонҳои Мастчоҳиву Ёвагӣ.
Дуои модарон гиред то аз варта раҳо ёбед. Инро ман мегӯям, нафаре, ки сар аз соли 2004 бе модар мондаву сарсону саргардони ин зиндагониям.
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter