ХАБАРИ ДОҒ

Саволҳои ман посух доранд?

  • Чоршанбе, Нояб 14 2018


1.15-уми моҳи Шаъбон ба 2 рӯз 30.04 ва 1.05 мувофиқ кунонида шудааст. Чаро?
2.Аввали моҳи Рамазон дар тақвими намозгузорон 16.05 ва тақвими рамазонӣ 17.05 муқаррар карда шудааст. Чаро?
3.16-уми моҳи Рамазон ба 2 рӯз 31.05 ва 1.06 мувофиқ кунонида шудааст. Чаро?
4.Дар тақвими моҳи июл моҳҳои Рамазон ва Шаввол мувофиқ кунонида шудааст. Ҳол он ки ба моҳи июл моҳҳои Шаввол ва Зулқаъда мувофиқ меоянд. Чаро?
5.16-уми моҳи Шаввол ба ягон рӯзи моҳҳои мелодӣ мувофиқ кунонида нашудааст. Чаро?
6.Иди Қурбонро бояд дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ид мекардем, аммо дар рӯзи 9-уми моҳи Зулҳиҷҷа ид кардем. Чаро?
7.Дар тақвими моҳи сентябр моҳҳои Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа мувофиқ кунонида шудааст. Ҳол он ки ба моҳи сентябр моҳҳои Зулҳиҷҷа ва Муҳаррам мувофиқ меоянд. Чаро?
Бояд гуфт, ки бо даромадани моҳи Муҳаррам сол нав мешавад. Пас аён аст, ки соли нави қамарии 1440 рӯзи 12.09 оғоз шудааст, чунки аввали моҳи Муҳаррам ба ҳамин рӯз мувофиқ омадааст. Ҷавоби саволҳоро аз Маркази Исломӣ интизорем.

Саттор Бобохонов,
муаллим, н.Ҷ.Балхӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter