Принт

Андозро бояд супурд!!!


Нозироти андози ш.Хуҷанд ба самъи шумо мерасонад, ки маълумотҳои овардашуда дар СССР (№34, 23.08.2018) бо номи «Боғи Камоли Хуҷандӣ камбудӣ дорад» беасосанд. Зеро мутобиқ ба нишондоди Қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.02.2018, №60 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012, №451» бо мақсади ҳавасмандӣ, дастгирии соҳибкорони инфиродӣ ва рушди ҳунарҳои миллии мардумӣ, номгӯи намудҳои фаъолият оид ба иҷрои кор, хизматрасонӣ, истеҳсол ва фурӯши молҳои ниёзи мардум дар хона, ки дар феҳристи номгӯи фаъолияте, ки ба қарори мазкур тасдиқ шудааст, аз пардохти ҳама навъҳои андоз озод пешбинӣ шудаанд. Яъне, ҳангоми амалӣ кардани фаолиятҳои пешбинишуда, дар мавриди истеҳсол, фурӯш (иҷрои кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла, хизматрасониҳои таъмиру омӯзишӣ ба шарте аз пардохти ҳама намуди андозҳо озоданд, ки фаъолиятҳои мазкурро шахси онро амаликунанда бевосита дар хона (бе ташкили коргоҳҳои истеҳсолӣ, нуқтаи савдои алоҳида ё мағоза) ба анҷом расонад. Дар сурати берун аз хона анҷом додани фаъолиятҳо аз ҷумла, ба воситаи таъсиси коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ё фурӯши маҳсулотҳои омодашуда дар дӯконҳо ва мағозаҳои алоҳида бо ҷалби коргари кироя, ки шахси онро амаликунанда бевосита истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти мазкур нест, таҳти андозбандӣ қарор дода мешавад. Яъне фаъолияти соҳибкории шахсоне, ки дар даромадгоҳи Боғ, яъне берун аз хона ба фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ машғуланд, тибқи талаботи ин банди мазкур бояд андозбандӣ шаванд. Дигар ин ки шаҳрвандон қабл аз ба тасвиб расидани Қарори мазкур аллакай дар мақомоти андози ш.Хуҷанд ҳамчун соҳибкор ба қайди давлатӣ гирифта шуда, чанд муддат инҷониб дар ҳамин нуқта ба фурӯши армуғонҳои гуногун машғуланд. Аз сӯи дигар маҳсулоти дар ин нуқтаҳо дар фурӯш буда, аксаран маҳсули соҳибони онҳо набуда, асосан ба хариду фурӯши армуғонҳо ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ машғуланд.

М.Раҷабов, сардори Нозироти андоз дар ш.Хуҷанд

Матлабҳои дигар