ХАБАРИ ДОҒ

Дарро задам девор кафид!

  • Чоршанбе, Нояб 21 2018

Психологияи миллӣ-4

«Ҳар ақл ҳудуд дорад ва танҳо кундақлӣ (тупизм) бе ҳудуд аст!»

 Эйнштейн

Матлабе, ки чанд шумора пеш таҳти рубрикаи «Психологияи миллӣ-1» дар бораи вежагиҳои шаҳри бостонии Кӯлоб навишта будам, эффекти мутақобилае ба бор овард. Бо шуруъи ин рубрика мехостам, психологияи миллатро худамон муайян созем. Вале «тупизм»-и ба масал «гулҳои сари сабади Фейсбук» равшанам шуд, ки ин психологияро бояд садсолаҳои дигар омӯхт. Мутаассуф, Фейсбук, ки онро дӯсти донишманди ман-Абдуқодири Абдуқаҳҳор «Матбуоти миллӣ» унвон кардааст, имрӯз на танҳо майдони қаламфарсоии журналисту адибон ва ашхоси соҳибфарҳанг, ки бештар корзори сакалтуҳои бодовардаву бесаводу бехираду ҳақоратчӣ ва гарангу бангиву ҳангиву фанату мутаассибу «голубойҳои лондонӣ» низ шудааст. Ин тоифа дилхоҳ матлабро аз назари танги ҷаҳонбинии торик баҳогузорӣ мекунанд. Фарзи мисол, сари Абдуқодиру Сафвату…он қадар дашном мерезанд, ки ҳич посухгӯи «Матбуоти миллӣ» буда наметавонад.
Ман аслан комментҳои Фейсҳоро намехонам ва ба ҷидд низ қабул намекунам. Зеро ҳар саҳифае масъул, муҳаррир, мусаҳҳеҳ ва ҷавобгарӣ надорад, ба журналистика ҳич дахл надорад. Бо ин ҳама дарк кардам, ки психологияи Фейсӣ, яъне даҳанялагиву дашному ҳақорату сақатгӯии камхирадон, мутаассуф, соҳибхирадони моро низ…кундақл кардааст! Яъне ҷои ислоҳи вазъ ва ба тартиб даровардани беақлакон, баракс мо думболаи онҳо равонаем ва фикр дорем, Фейс ҳама чиро мебардорад. Номаъқул кардед!!!
Нахуст, яке аз нафароне, ки чун донишманд иззаташ мегузоштам, Музаффар Муҳаммадӣ, ба матлаби ман тавре «часпид», ки гӯиё тамомии сокинони 1 шаҳрро дуздак гуфта бошам. Агар ин донишманд (бе нохунак донишманд аст) ба зерматн-контексти матлаб таваҷҷӯҳ мекард, мехонд, ки ман чиро дар назар дорам. Ин донишманд, ки шояд Фейсбук осемасараш кардааст, шояд бекор мондааст дар ғарибӣ, фаромӯш кардааст, ки Самаки Айёру Робен Гудҳо, Анжелика ва Дубровскийҳоро дар ҳама давру замон дӯст медоштанд ва ин ба маъние нест, ки арабу чиноиву англису фаронсавию урус… куллан «дуздаканд». Ин 1.
2. Факти ҷолиби дигаре, ки дӯстони ман Нураливу Мирзову Адине ва ғ. ва ҳ. то сақат кашидаанд, корбасти вожаи «қишлоқӣ» аз сӯи шаҳриён буд. О, мардум, дар қишлоқ таваллудшударо шаҳрӣ мегӯянд, ё қишлоқӣ? Ҳатто нафаре аз ишон ба ман таҳдид ҳам кардааст, ки «давом додани ин мавзуъ оқибати бад дорад!». Тарсидам!!! Маро аз ДИИШ таҳдид кардаанду аз ҲНИТ низ, аз Фронти халқиву оппозитсияи мусаллаҳи исломӣ ва аз Помир ҳам. Сангаку Қурбон Зардак, Ризвону Гитлер сарамро нарх гузошта буданд. Дар хидмати АС гурҷиву чечену осетину қаззоқ мегуфтанд, ки «этой ночю убьем тебя»… Ба фикратон тарсидам?
Ман аввал ҷавонмард ва баъдан журналистам ва гапи ҳақро дар ҳама ҳолат хоҳам гуфт. Ба онҳо гуфтаам ва шумо низ хонафейсшерони майдонрӯбаҳ мерасонам:
-Таҳдид накунед. Ҳунар доред, ба амал гузаред!!! Ман марзи тарсро надидаам. Бовар надоред аз тарсдодаҳо пурсед.
Аммо қиш, яъне қишлоқӣ барои шаҳрнишинон қишлоқӣ боқӣ мемонад! Ин ҳукм ба маънии кофару хиёнаткору тарсуву тарсо нест! Просто дилхоҳ шаҳрнишин деҳотиро қишлоқӣ мегӯяд. Ин ба маънои бефарҳангиву беодобӣ ҳам нест. Имрӯз, ки Худо шуморо шаҳрнишин кардааст, боре аз фарзандонатон пурсед, ки амаку тағобачаҳояшон қишлоқиянд ё шаҳрӣ? Пурсидед??? Акнун пурсед, ки хонаи бобоят меравӣ, оё намегӯяд, ки «қишлоқ…»?
Дар Самарқанду Бухорову Тошканд қишлоқиро ӯзбак мегӯянд (ҳич дахле бар миллати шарифи Ӯзбек надорад). «Ӯзбак» ба маънии қишлоқӣ, айлоқӣ, деҳотӣ… Агар надонед пурсед аз мардуми шарифи Бухорову Самарқанд, ки пурсидан айб нест. Дигарон инро намегӯянд, аммо ман мегӯям, ки дар Хуҷанд дилхоҳ ғайришаҳриро «мастчоӣ» мегӯянд. Яъне на шаҳрӣ ва на хуҷандӣ.
Боре дӯсти фозилам-Мирзо Шукурзода қисса кард, ки дар чойхонае менишастему чанд нафар «мастчоӣ» гуфта, касеро механдиданд. Мастчоҳиён, ки бисёр мардуми далеру шуҷоатанд, устод низ бархоста рафта мегӯяд, ки «мана ман мастчоҳӣ! Ягон гап доред?», ки онҳо бо ханда мегӯянд, шумо мастчоҳиёни худамон-мо дигар мастчоҳиёнро дар назар дорем (яъне деҳотиёни навомадаро)…
Баъд чӣ? Магар инро навиштан гуноҳ аст? Нависед. Вежагии маҳаллаи худро, то Портрети психологии миллат навишта, тасвир карда шавад… То мисли соли 1990-92 ба ину он маҳалла тақсим нашудаву хуни ҳамдигариро нарезем.
Мо Метавонем!
 Ман мисли ун дӯстоне, ки дар боло барчидам, миллатро ҳич вақт ба ғармиву шуроободиву зарафшониву хуҷандиву помирӣ тақсим намекунам. Ман дар тамомии ин водиҳо хонанда ва мухлису узви Ихвон ал СССР дорам. Бовар надоред, газетаи моро хонед. Мо ҳама Тоҷикем, чӣ тоҷику русу ӯзбеку лақайу қаззоқу татор. Ҳар нафаре, чизе барои Тоҷикистони азиз кардааст, барои ман Тоҷики Тоҷдор аст. Агар шумо ҳам коре назаррас кардаву аз тоҷикият ор накардаву шарафи миллатро ҷое, на дар ФЕЙСбук-олами виртуолӣ, ки ҳамакаса шери ғурронем, ҳифз кардаед, нависед, ман чоп мекунам. Мо метавонем!
 Ва аз ҳама муҳим: Чаро миллате шудаем, ки маҳалламонро бояд дигарон таъриф кунанду баъд худамон роҳат кунем ва он нафарро бистоем? Чаро камбудамонро, ки гуфтанд, метаркем, месӯзем, мемирем??? Миллатҳое пешрафтаанд, ки бар камбуди худ механданд, менависанд, тавсиф менамоянд, то ислоҳ шаванд. Мо миллат-маҳалчагароён оё тавони дарки ин масъулиятро дорем? Матлаби «Ман Зарафшониям»-ро дар Фейс-ватани асливу усулиятон хондед? Хонед! Ман ба он муаллиф қарс задаам. Зеро беҳтарин мақоларо дар бораи ин водӣ навиштааст. Бовар дорам, шумо хондаву мекафед аз рашк! Нависед дар бораи зодбуматон. Мо чоп мекунем, агар арзанда аст…
…Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter