Принт

СССР бахшиш пурсад!


Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Роғун оид ба мақолаи «Мо тарафдори ободии Роғунем…» (СССР, 27.09.2018, №39(524) бо далелҳои зерин норозист. Мақола муаллиф ва ё имзо надорад, ки ин аз бе санҷиши саҳеҳияти ахбор ба нашр расонидани мавод дарак медиҳад. Баъдан корҳои ободонию созандагӣ дар ш.Роғун тибқи қонунҳои амалкунанда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, маблағгузории он низ аз сарчашмаҳои муайяншуда пешбинӣ карда мешавад. Аз ҷумла, тибқи талаботи Кодекси манзил ва моддаи 7-и Қонуни ҶТ «Дар бораи биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» соҳибмулк пурра барои таъмири ҷории бинои истиқомат мекардааш ва дигар уҳдадориҳои шаҳрвандӣ вазифадор аст. Пеш аз гирифтани иқдоми корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳр, ки бевосита аз дастури Пешвои муаззами миллат аз вохӯрӣ бо кормандони НБО ва фаъолони ш.Роғун дар санаи 27.07.2018 бармеояд, бо тамоми соҳибмулкон, аз ҷумла бо сокинони хонаи №22 маҳз бо ширкати Раиси шаҳр вохӯрӣ доир карда шуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ фаҳмонида дода шуда, дар ин хусус Протоколҳо аз маҷлисҳои гузаронидашуда тартиб дода шудааст. Дар ҳақиқат, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ барои таъмини зебоии шаҳр масъул аст, аммо ҳар як амалу кирдор тибқи меъёру қоидаҳои муқарраркардашуда амалӣ карда мешавад. Ваҷҳи дигар ин аз гузаронидани суҳбат бо сокинони хонаи 22-и ш.Роғун дар санаи 28.09.2018, соати 17:00 аён шуд, ки мақоларо онҳо нанавиштаанд ва умуман дар ин хусус маълумот низ надоранд. Аз ин рӯ, талаб карда мешавад, ки раддия дар бораи маводи ба нашр расонидашуда фавран ба нашр расонида шуда, ба хотири нигоҳ доштани обрӯ ва нуфузи мақомоти давлатӣ аз роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Роғун изҳори бахшиш карда шавад.

Билол Иброҳим
Раиси ш.Роғун


Аз СССР: Мактуби шикоятӣ, акс ва сабти ин афрод дар редаксия маҳфузанд ва мо сари мавзуъ бармегардем. Редаксияи СССР низ дар маъракаи ободонии кишвар саҳмгузор аст. Аммо набояд пушти даъвати сарвари давлат пинҳон гардиду ба мардум ситам кард. Шумо ҷавонмардона нависед, ки дархости пул аз сокинон буд, ё на? То давоми шикоятномаро нашр созему ҳақ ба ҳақдор расад. Ва аз ҳама охир, тибқи қонунгузорӣ ва Қонуни ВАО обрӯ ва нуфузро шахсони алоҳида доранд…Аз юристатон пурсед!
Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар