ХАБАРИ ДОҒ

Психологияи миллӣ-5

Оре, маҳз Тоҷикӣ! 100% тоҷикиш кардем!!! Яъне тавонистем!!!! Дигар ибораи бехтаи «Тоҷикиш кардем», ки маънои манфӣ ва бозгӯи беҳунарӣ буду обрӯрези миллат, бояд комилан маънии нав, муосир, ҷадид баргирад. Тоҷикиш кардем, дигар бояд ифтихори ҳар Тоҷик ва ҳама мардуми олам гардад. Зеро воқеан ҳам Роғунро мо «Тоҷикиш кардем!!!». Тоҷикиш кардем-ро аз қавсайн бояд раҳонид, чунки ин ибора, баъди Роғун, психологияи зояндаи миллати Тоҷикро муаррифгар хоҳад гашт. Мо Метавонем!
Кӣ бовар дошт Роғун сохта мешавад, ба ғайр аз Пешвои Тоҷикон ва худи миллати Тоҷик? Ҳич кас! Рӯямонро аз Худо нагардонем. Вақте президенти кишвар барои бунёди Роғун камар баста буду газетаи мардумии СССР мардумро ба харидории саҳмияҳои Роғун ва кор дар Роғун даъват мекарду мӯсафеду кампиракон пенсияи худро ба редаксияи мо овардаву ба фонди Роғун додан мехостанд, бидуни чанд зираке, ки дархост карданд, «мо бунёди Роғун мекушоему ин пулҳоро ба мо диҳед ва моро таблиғ кунед», ягон расонаи дигаре паҳлӯи мо қарор нагирифт, зеро бовар надошт! Сухан сари моҷарои солҳои 2008-2009 меравад. Вале мо пофишорона ва бо бовари том мегуфтем, ки бо ҳидояти сарвари давлат ҳатман Роғунро месозем ва ҳам сохтем! Имрӯз дигар на танҳо расонаҳои дохилӣ, ки аҳли башар дигар сухан мегӯяд ва «Тоҷикиш кардем!»-ро меситояд. Мо Метавонем!
Рӯзи фатҳи Роғун ҳатто намояндагони воломақоми Бонки Ҷаҳонӣ ва давлати Итолиё сареҳатан гуфтанд, ки онҳо низ бовар надоштанд, Президент Эмомалӣ Раҳмон чунин иншооти гигантро месозад: Акнун-мегуфтанд онҳо-мо омодаем, ки дар дилхоҳ проекти Тоҷикон ҳамкорӣ кунем ва сармоя ҷудо созем. Зеро шумо Роғунро «Тоҷикиш кардед!». Тавонистед!!!
Имрӯз Тоҷикистони азиз ҳадди ақалл 22.000 қаҳрамон дорад! Инҳо коргарони Роғунанд, ки 90% аз ин теъдод дар ТАКИ ЗАМИН кор мекунанд!!!
Мо журналистон ҳамагӣ 2 рӯз бо инҳо будем ва он ҳам 2-3 соат пас ба автобус даромадаву роҳат мекардем ва хӯроки гарм мехӯрдем. Вале бо ин вуҷуд аксарият дар ин 2 рӯз касал шудем, шамол хӯрдем, сардамон зад, грипп қаппидем. Аммо ин 22.000 Рустамнажод 24 соат дар 1 шабонарӯз ва 15 рӯз дар 1 моҳ, дар зери замин кор карданд, то мову ту-хонандаи ин сутур, ба истиқлолияти энергетикӣ, ки низ аз шумули 3 ваъдаи бузургтарини Эмомалӣ Раҳмон (1.Бозгардонии гурезаҳо ва 2. Сулҳ) буд, бирасем. Ва 1 тани инҳо на танҳо касал нашуд, ки даъвии қаҳрамониву имтиёзу медалу орден накард, ки мо…дорем. Воқеан ҳам ҷонибдори пешниҳоди Нури Наср-журналисти тоҷиктабори муқими Амрикоям, ки мегӯяд, унвони «Қаҳрамони Меҳнат» баргардонида шавад ва бархе аз ин родмардон соҳиби ин медал шаванд. Мо метавонем!
Тоҷикиш кардем! Алорағми тамомии дунё, аксарияти кулли шарикони стротегӣ ва бархе ҳамсояҳо, ки зидди Роғун «ҷиҳоди сиёсӣ» эълон карда буданд, мо онро бо қудрати миллӣ бунёд кардем ва бо дасти ана ҳамин 22.000 қаҳрамонбаччаи Тоҷик. Ва аммо қаҳрамон аз паси кӣ меравад? Аз пайи Лидери бузург ва нотарс. Ин пешворо воқеан ҳам ин 22.000 дар симои Эмомалӣ Раҳмон, ки хеле марди шуҷоъ ва рискдӯст аст, дарёфт, рафт ва хато накард. Шумо агар 1 бор медидед, ки ин 22.000 аз дидори Пешвои худ то ба кадом ҳадд хушу хурсанд шудаву ғиреви рустамона бар ҳар ҳарфаш мебароранд, он гоҳ дарк мекардед, ки барои ҳамаи онҳо Эмомалӣ Раҳмон на танҳо президент, ки Падар ва Рафиқи шафиқ аст!!!
Оре, маҳз, Эмомалӣ Раҳмон будӣ, ки ҳамеша аз ҳоли эшон бохабар буд ва ҳамеша хабаргиришон меомаду бо ҳар кадоме сӯҳбати дӯстона, бародарона, падарона ва рафиқона меорост. Бо онҳо бел мегирифт, рул мегирифт, лом мегирифт, трактору булдозерсаворӣ мекард ва аз 1 табақча хӯрок мехӯрд!!! Кадом президент ин корҳоро кардаст? Ман ёд надорам! Халқ ин ҳамаро бо чашми сар медиду муҳаббат ба пешвояш беш мешуд ва ин аст, ки Тоҷик кори ношуданиеро хатм кард. Мо Метавонем!
Ба таҳқиқ, дар маҳдудаи собиқ СССР ягон проекте амсоли Роғун корбаст нашудааст. Биёед баршумарем, ки кӣ чӣ коре кардааст -шояд лоиҳаи Остона ва пули Қрим наздикие ба Роғун дошта бошанд. Аммо:
-Остона худ шаҳр буд ва каме ороставу пероста гардид (Душанбе ҳоло на камтар аз Остона аст!). Боз аз сӯи давлате, ки миллиардер асту газу нафти бекарон дорад.
-Пули Қрим лоиҳаи хубест, аммо он талаботи замон ва имиҷи Кремл буд. Агар пул намешуд, Қрим, ки себи низоъ байни Русияву Амро-Аврупо шудааст, мефавтид…
Ахиран, шарафмандам бигӯям, ки бо ин ҳама валвалаву дағдаға Русияи абарқудрату Қазоқистони миллионер кореро, ки Тоҷикистони нав аз ҷанги гражданӣ раҳошудаи бе конҳои нафту газ анҷом дод, карда натавонистаанд. Ва медонед чаро? Зеро мо онро, яъне проекти бузургтарини асри муосир-Роғунро «Тоҷикиш кардем!» ва Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter