Принт

Мардумфиребӣ дар хатсайри 33


Қаллобӣ яке аз амалҳои зишти инсонист. Аммо дирӯз қаллобиро дар яке аз мусофиркашонии ш.Душанбе дидам. Микроавтобуси хатсайри №33 (рақами қайди давлатиаш 5510 ТТ 05), ки аз бозори Корвон ба ҳаракат даромад, кондуктораш «то бозори Султони Кабир меравем» гуфта, мусофиронро ба нақлиёт савор мекард. Чанд мусофир бо ғазаб сабаби то охири роҳи муайяншуда нарафтани ронандаро мепурсиданд. Аммо нақлиёти мусофиркаш баъди расидан ба «манзили мақсад», яъне бозори Султони Кабир, роҳро идома дод. Онҳое, ки аз Корвон нишаста буданд, пиёда шуданд. Ман махсус барои мушоҳида аз мошин нафаромадам. Ин чӣ амалест? Чаро аксари ронандаҳо роҳ-хатсайрро 2-3 тақсим намуда, пули иловагӣ (қаллобӣ!!!) меғундоранд? Борҳо бо ин ҳолат дучор шудаам. Бо қарори раиси ш.Душанбе аз феврали с.2018 барои 1 нафар мусофир дар микроавтобусҳо роҳкиро 1,60 дирам муайян шудааст. Ва мусофир бо вуҷуди чӣ қадар масофа роҳ рафтан ин пулро мепардозад. Онҳо бо ин роҳ мардумфиребӣ карда, ҳаққи мардумро мехӯранд. Зеро мардумро маҷбур мекунанд, ки дар 1 хатсайр 2-3 бор 1 сомониву 60 дирам дода, ба манзил бирасад. Масъулини хатсайру ташкилот ин ҳамаро медонанд, аммо чаро хомӯшанд? Ё онҳо низ аз қаллобии ронандаҳо фоида мебинанд?

Руқия Қурбонова,
коромӯзи СССР

Матлабҳои дигар