ХАБАРИ ДОҒ

Аз хоки мазор хишт мерезанд!

  • Чоршанбе, Нояб 28 2018


Дуруди азим ба СССРи кабир! Дар шумораи гузаштаи СССР донишҷӯ Муҳаммад Норов таклифи хубе доир ба оромгоҳҳо кардааст. Дардовараш ин аст, ки на танҳо аксарияти гӯристонҳои мо беноманд, балки дару девор, гирдашон ҳуй ва чарогоҳи гову чорвои мардум шудаанд. Аз ин ҳам аламнок ин аст, ки хоки баъзе мазорҳоро канда, гӯрҳоро вайрон карда, устухонҳоро аз таги хок бароварда истодаанд. Ва аз хоки мазор хишт рехтан доранд! Мисол: Дар деҳаи «Заводи хишт»-и ҷамоати деҳоти Заргари н.Кӯшониён теппаи калоне ҳаст. Аз 1 қисми теппа мардум хоки мазорро кашида, гӯрҳоро вайрон ва устухони мурдаҳоро берун бароварда партофтан доранд. Вале масъулини ҷамоату ноҳия ягон парвое надоранд. Шояд дар ин қабристон аз наздикони онҳо касе ба хок нарафтааст, вагарна кайҳо садди роҳи бедодӣ мешуданд!!! Дар дигар тарафи ин теппа бошад Оромгоҳи мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод) аст. Офарин ба аҳолии ин ноҳия, ки бо роҳбарии акаи Ҳасан Асадуллозода ва бародаронаш Оромгоҳи гузаштагони худро ободу ҳифз кардаанд. Бояд аз онҳо ибрат гирем, агар ба мо ҳам гузаштагон азиз бошанд. Вазорати фарҳанг ва Шӯрои уламову Кумитаи дин бояд ба ободиву тозагии оромгоҳҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.

Асадуллои Бекназар,
н.Кӯшониён

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter