ХАБАРИ ДОҒ

Камбудиҳо ислоҳшавандаанд

  • Чоршанбе, Нояб 28 2018


Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и ш.Душанбе дар робита ба шикояти сокини пойтахт Ситорабону Муҳаббатова бобати фаъолияти хизматрасонии троллейбусҳои мусофирбарии шабакаи хатсайрҳои ш.Душанбе иттилоъ медиҳад: Ҳангоми баррасӣ ва муҳокима аён шуд, ки санаи 29.10.2018 аз соати 8:45 то 9:10 дақиқа дар маҳаллаи 46 бинобар сабаби ба амал омадани садамаи кандашавии ноқилҳои троллейбус, ки дар маҷмуъ 25 дақиқаро дар бар мегирад, хатсайри №4 (маҳаллаи Гулбутта-Фурудгоҳ) ва хатсайри №12 (маркази ташхиси техникӣ-Қарияи боло) аз фаъолият бозмонданд. Садамаи кандашавии ноқилҳои троллейбусгард ва қисмҳои махсуси пайвасткунандаи он дар 25 дақиқа барқарор ва баъдан фаъолияти воситаҳои нақлиёти барқӣ ба роҳ монда шуд. Барои минбаъд роҳ надодану аз байн бурдани камбудиҳо, инчунин риояи ҳатмии қоидаҳои дурусти ҳаракат дар роҳ, бехатарӣ ва истифодабарии дурусти воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ронандагон бори дигар ба ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёти барқӣ (Троллейбус)-ҳои Депо-2 корҳои фаҳмондадиҳии иловагӣ гузаронида шуда, фаъолияти онҳо дар ин самт ҳамарӯза аз ҷониби мутахассисон таҳти назорати қатъӣ қарор дода мешаванд.

Саидов Б.Ҳ
роҳбар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter