ХАБАРИ ДОҒ

 

Психологияи миллӣ-6

Дастгоҳи навтарини омӯзишии NASA, бо номи гӯшнавози Mars InSight ҳафтаи ҷорӣ бар сайёраи Марс нишаст! Ҳамакнун ин дастгоҳ ба умқи хоки Марс ворид шуда, таърихчаи ба вуҷуд омадани ин сайёраи галактикаи моро меомӯзад. Ва медонед ин муваффақият чигуна ба амрикоиҳо даст дод? Онҳо, яъне амрикоиёни «тупой» (ибораи дӯстдоштаи журналист Аҳмади Иброҳим) аз дастовардҳои нанотехнологии… интернет истифода кардаанд!!!
Тупой нестанд, мегӯед? Ещё как ҳастанд! Охир, тупой набошанд, чаро мисли мо-Тоҷикон лақ-лақу лайку пайкбозӣ накардаву ҳамдигариро таҳқиру дашном надода, умқан ба омӯзиши улуми муосир тавассути интернет банданд? Кӣ дар ин аср дониш меандӯзад? Тупойҳо! Мо бояд лайку смс-бозӣ кунем. Мо метавонем!
Амрикоиҳои тупой бошанд, ҷои фараҳ аз интернет ва сайтҳои иҷтимоӣ илм меандӯзанду Марсу Галактикаро пажӯҳиш доранд…
Воқеан, биёед дар бораи сайтҳои иҷтимоӣ, интернет ва дастовардҳои технологияи ададӣ сӯҳбат кунем. Ба назар мерасад, ин ҳама имконоти асри рушд (сивилизатсия) барои мо бегонаанд. Зеро шахсан ман ягон нафареро намедонам, ки аз ин дастоварди муосир бар нафъи илм, амният, ҳувият, ватан ва миллат истифода карда бошад. Ну, намекунем охир!!! Вале агар карданӣ ҳам шавем, ҷои салла ҳатман калла меорем. Мо метавонем!
Интернет дар Тоҷикистон сусттарин суръатро дар миёни тамомии кишварҳои олам доштааст (Браво, акои Бег!) ва медонед чаро? Горе-масъулини амнияти иттилоотии мо фикр доранд, ки бо суст кардани суръату масдуд сохтани сайтҳои иҷтимоӣ кишварро аз хатароти рӯзафзуни таҳоҷуми хабарӣ эман медоранд. Ҳуй, буродарон!!! Аз куҷои осмон фаромадаед? Магар ахбори зиддиватанӣ дар ин сайтҳо аз Тоҷикистон пахш мешавад ва ё хориҷи он? Аз Тоҷикистон 99,9% корбарони интернет дар Фейсу Твиттеру Телеграмму Инстаграму… ва ғ. ва ҳ. манофеи миллиро ҳифз мекунанд. Хориҷиҳо баракс, борону тӯҳмату иғво сари ватан мерезанд. Дуруст аст? Дуруст аст! Пас шумо бо куҷоянд фикр мекунед, вақте интернетро барои тоҷикистониён сусту заъиф кардаву дар ин набард сарбозони қатории ҷанги иттилоотиро бе силоҳ кардан доред? О, монед, мо ҳам бо душман ҳарб кунем!
Вақте сайтҳои мо дар чандин дақиқа кушода намешаванд, мардум мегираду сомонаҳои хориҷиро боз мекунад. Ин дар ҳолест, ки дар Амрико ва Аврупо ба имиҷи Тоҷикистон аз рӯи интернет-сайтҳо баҳо мегузоранд.
Даҳсолаи дуввум аст, ки Тоҷикистон расман ба сохтори мавсум бар «ҳукумати электронӣ» гузаштааст. Аммо кадом раиси шаҳру ноҳияро медонед, ки тавассути интернет бо мардум сӯҳбатҳои ошкоро гузаронаду «ҳукуматашро электронӣ» кардааст? Аксарияти руасои мо шояд сайти худро нахонанд!!! Бовар надоред, 1 бор ба дилхоҳ сайти дилхоҳ навоҳӣ саре занед.
Ва аммо бадбахтӣ ин ҳам нест. Бадбахтӣ дар набуди фаҳм аст. Мо дар сайтҳои расмии шаҳру навоҳӣ медонед, киро таблиғу ташвиқ кардан дорем? Кабириро!!! «Таблиғи сиёҳ низ таблиғ аст!» ва ин аксиомаро касе инкор накардааст. Фарзи мисол, ҳамин ҳоло, ки матлабро менависам, шартан ба 4 сайти расмии навоҳӣ аз 4 гӯшаи кишвар муруре кардам: darvoz.tj; kulob.tj; khujand.tj; bokhtar.tj
Медонед аз ҳама зиёд дар бораи кӣ навиштаанд? Дар бораи разолату хиёнати Кабирӣ ва ҲНИТ. О, буродарон, Кабирӣ худаш кист, ки ин қадар воҳимааш кунем?  Дар Тоҷикистон на пул дораду на мол, на тарафдору на мухлис. Вале мо аз ӯ монстор, дев, аждаҳои 3-сара меофарем ва мардумро…метарсонем!  Аксарияти ин матлабҳо аз сӯи афроде навишта шудаанд, ки бояд ба болотараки худ ҳисоботи кори кардаашонро диҳанд. Пас, чаро мо барои ҳисоботу «ситорае дар погон» гузоштани кадом нафаре, ки аз контексти ҳарби иттилоотӣ дарак ҳам надорад, сайтҳои расмиро бо чунин гузоришот пур кунем? Ва ё фикр доред, маҳкумсозии терроризм дар сомонаҳои расмии ҳукуматҳои маҳаллӣ бар нафъи кор аст? Ҳаргиз на! Сайтҳои шаҳру навоҳӣ бояд аз кору фаолияти мақомоти маҳаллӣ дар нази андозсупоранда ҳисобот диҳанд. Ва тамом!!! Барои ҳарби идеологӣ сайтҳои дигар ҳаст…ва агар нест, бояд созем! Мо метавонем!
Сайтҳои шаҳру навоҳӣ, мисли сомонаҳои иттилоотии расмиву шахсӣ бояд аз чунин матлабҳо поккорӣ шаванд. Бовар кунед, 2-3 сол пас ин мардум Кабириро низ фаромӯш мекунаду ҳизби кисагияшро низ… Вале ба шарте, ки албатта, худамон ӯро «чёрный пиар» накунем!!!
Бо ин ҳама аз дастоварди интернетӣ бояд истифода бурд ва бар нафъи миллат. Миллат аз фард шуруъ мешавад. Иқбол аст, ки мегӯяд:
-Миллат аз афрод меёбад низом!!!
Бадбахтии дигари фарогир ин ҳам ҳаст, ки сайтҳои иҷтимоӣ донишманду зиёиву ҳушмандони Миллатро дар алоҳидагӣ низ дағалгуфтор кардаанд. Мо ҷои ислоҳи вазъ, худ ба коми таҳқиру дашному ҳақорат ғелидаву дар аксари маврид аз забони кӯчагии фейсӣ кор мегирем. Авом хосагони моро авом кард, ки боиси таассуф ва дастбарсарзаниҳост. Дигар нафаре нест, ки ширинии ибораи рехтаи «Чаро оқил кунад коре, ки бор орад пушаймонӣ»-ро бар ибораи серистеъмолтарини фейсӣ «Бги дега!» тарҷеҳ диҳад… Амрикоро интернет ба Арш бурду моро бар Фарш фуровард…
Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter