Принт

Муаллиф посухашро гирифтааст


Суди Олии ҶТ мақолаи Хошоков Хушвақт «Кашолкорӣ бисёр аст!» (СССР, 18.10.2018, №42(527)-ро мавриди омӯзиш қарор дод. Муайян шуд, ки ӯ ба суд бо аризаи даъвогӣ ба ҷавобгарии Пайков Даврон, Шамсудинов Аҳлидин ва Ҳусайнова Муҳайё дар бораи эътироф намудани далели воқеияти соҳибмулкӣ ба манзили истиқоматӣ муроҷиат ва онро чунин асоснок кардааст, ки амакаш Худойназаров Шер 5.01.1993 фавтидааст. Марҳум Худойназаров соҳиби манзили истиқоматӣ, воқеъ дар н.Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти ба номи Г.Гулмуродов, деҳаи Тоҷикобод буда, дар он зиндагӣ мекардааст. Ҳоло ягона вориси марҳум аст, лек бо сабаби мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба манзили истиқоматии амакаш, ӯ мероси амакашро қабул ва ба расмият дароварда наметавонад. Лиҳозо, аз суд хостааст, ки далели воқеияти соҳибмулкии Худойназаров ба манзили истиқоматӣ воқеъ дар деҳаи Тоҷикобод эътироф карда шавад. Тибқи талаботи қисми 3, моддаи 246 КГ ҶТ ҳуқуқи моликии шахси сохтмони худсаронаро анҷом дода, аз ҷониби суд ба шарте эътироф карда мешавад, ки агар қитъаи замин тибқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории ҶТ ба ин шахс барои сохтмони иморат дода шуда бошад. Аз нусхаи қарори раиси н.Дӯстӣ аз 3.09.2016, таҳти №509 дида мешавад, ки ба Худойназаров 0,15 га, аз ҷумла: замини корам 0,11 га, дарахтони бисёрсола 0,02 га ва зери сохтмон-0,02 га барои истифодабарии якумраи меросӣ вобаста карда шудааст… Бо ҳамин, бо ҳалномаи суди ноҳия аз 27.03.2018 аризаи даъвоии муаллифи мақола дар бораи эътироф кардани далели воқеияти соҳибмулкӣ ба манзили истиқоматӣ қонеъ карда шуда, молу мулки меросии Худойназаров муайян шуда, Хошоков дар асоси Қонун метавонад ҳуқуқҳои ворисии худро ба манзили меросӣ амалӣ намояд.

Муовини якуми Раис Ашурзода А.

Матлабҳои дигар