Принт

Редаксия супориш дод: ТВ тамошо кун!!!


Ҳамасола 21 ноябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии телевизион таҷлил карда мешавад. Аз рӯи иттилои расмӣ айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ширкати телевизионӣ сабти ном шудааст. Пас аз таҷлили ин рӯзи касбии ҳамкорони мо аз бахши ТВ тасмим гирифтем дар бораи якчанд проблемаҳое, ки телевизиони Тоҷик имрӯз дорад, бигӯем.

Чаро сетка-барномаҳои ТВ аз байн рафтанд?
Новобаста аз зиёд будани сайтҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо, ТВ боз ҳам дорои мавқеи мустаҳкам буда, соҳиби аудиторияи бештари мардум аст. Имрӯз низ сокинони кишвар маълумоти асосӣ, аз ҷумла, хабару иттилоотро аз ТВ мегиранд ва назар ба хондани рӯзномаву маҷаллаҳо, таваҷҷӯҳи бештари худро ба тамошои ТВ мебахшанд. Қаблан тамоми шабакаҳои ТВ-и Тоҷик сетка-барномаҳои худро дар 1 қатор рӯзномаҳои кишвар 1 ҳафта пеш, рӯз ба рӯз ва соат ба соат нашр мекарданд ва тамошобинон аз рӯи сетка-барномаҳо барномаҳои писандидаи хешро ҳатман интизор мешуданду тамошо мекарданд. Аммо беш аз 3 соли охир ин сетка-барномаҳо аз байн рафтанд! Ҳоло барномаҳои ТВ-ҳои Тоҷикро мисли қабл 1 рӯз пеш ё лоақал 1 соат пеш донистан амри маҳол шудааст. Пештар ҳар субҳ иловатан соати 8 ва шом соати 18:00 сеткаи барномаҳо дар худи ТВ эълон ва нашр мешуд. Ҳоло ин кор нест!
Ман рӯзи 26.11.2018 сетка-барномаҳои шабакаҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва «Баҳористон»-ро дар сомонаҳои расмиашон хеле ҷустуҷӯ  кардам. Ба ҷуз шабакаи ТВ «Баҳористон» дигар дар ягон сомона сеткаи барномаҳои телевизиониро надидам, ки он ҳам барои ҳафтаи гузашта ва кӯҳна шуда буд. Аҷиб он аст, ки сеткаи барномаҳои ТВ ҳоло ҳатто дар сомонаҳои расмии ин каналҳои телевизионӣ нест! Чаро?
 Мардум бояд аз куҷо донад, ки фалон соат дар шабакаи «Тоҷикистон» ин барнома пахш мешаваду, фалон соат дар шабакаи «Сафина» ин барнома ё дар Баҳористон фалон филму барномаи вежае дар Ҷаҳоннамо дар валон вақт!? Шояд масъулини ТВ-ҳо фикр кунанд, ки мардум ҳарчи онҳо намоиш диҳанд, тамошо кардан мегиранд!? Ё гумон доранд, ки халқ бе кор асту аз субҳ то шом ин шабакаҳоро тамошо карда мешинад??? Не, хато кардед! Яке аз сабабҳои рӯ ба шабакаҳои русиву туркиву афғонӣ овардани мардуми Тоҷик низ ҳамин аст! Сабаби аз байн рафтани талаботи №1 телевизион-сеткаи барномаҳои телевизионӣ чист ё кист? Кӣ мегӯяд?

Телевизион ва таблитса
1 камбудии дигари ТВ-ҳои Тоҷик имрӯз дар он аст, ки онҳо пас аз соати 00:00-и шаб тамоман хомӯш мешаванд, яъне дар вақте, ки ТВ бо назардошти беҳтарин шароити корӣ ва гузаштан ба фаъолияти рақамиву ба қавле HD, бояд 24 соат дар 1 шабонарӯз фаъол бошад, ТВ-ҳои Тоҷик баробари мардум ба хоб мераванд. Шояд дар ТВ фикр мекунанд, ки корашонро барои сокинони Тоҷикистон тамом карданд ва акнун метавонанд ба хона рафта хоб раванд? Набояд фаромӯш кард, ки вақте дар Тоҷикистон соат 00:00 мешавад, ҳазорҳо тоҷикони бурунмарзӣ дар Камчаткаву Находкаву Сахалин ва муҳимтар аз ин дар Амрикову Хитою Ҷопон тоза аз хоб бедор мешаванд-вақте дар Тоҷикистон шаб мешавад, дар Амрико субҳ фаро мерасад. Мардум мехоҳад шабакаҳои телевизиони Тоҷикро тамошо кунанд. Вале онҳо чиро тамошо мекунанд? Таблитсаи холии ТВ-ҳои Тоҷикро!!!
Шаби 24 ба 25 ноябр ман 4 шабакаи ТВро якҷо гузошта, шабакаҳои ТВ-ҳои Тоҷикро то тамом шудани барномаҳояшон тамошо кардам. Рӯзи Парчами Миллӣ буду аксарияти шабакаҳо, амсоли ТВ «Тоҷикистон» ва ТВ «Душанбе HD» филми «Коваи оҳангар»-ро намоиш медоданд. Расо соати 00:00 дақиқа ТВ «Баҳористон» барномаҳои рӯзашро хотима бахшид. Хуб, маълум аст, ки шабакаи кӯдакон ва наврасон асту дар ин поси шаб онҳо хобанд. Аммо кӯдакони Тоҷикон дар дигар кишварҳо магар хобанд? Фарзи мисол, дар Ню-Йорк 10.000 Тоҷик ба сар мебарад ва вақте Баҳористон ба хоби ширин меравад, он ҷо ҳамагӣ соат 11:00 дар нимарӯз аст! Дар Русия соат ҳамагӣ 7-10 (вобаста аз ҷойгиршавӣ аз Маскав то Дальный Восток). Акнун фикр кунед, ки Баҳористон агар танҳо барои кӯдакони тоҷикистонист, на тоҷикони олам, пас чаро ин шабакаҳо ба олами виртуолӣ ва моҳвораӣ пайваст шудаву пули буҷҷаро харҷ мекунанд?
Соати 00:25 дақиқа ТВ «Синамо» низ хомӯш ва ба ҷои он таблитсаи ранга пайдо гашт. Пас аз он соати 00:45 дақиқа барномаҳои ТВ «Душанбе HD» низ ба итмом расид ва ба ҷои эфир боз ҳамон таблитса намудор гашт. Барномаҳои ТВ «Сафина» низ бо ба поён расидани филми бадеии «Коваи оҳангар» расо соати 01:10 тамом шуданду ба ҷояш боз ҳамон таблитса пайдо шуд.

ТВ такрор???
ТВ-ҳои «Ҷаҳоннамо», «Шаҳнавоз», «Варзиш», «Футбол» ва «Тоҷикистон» ба барномаҳои худ идома медоданд. ТВ «Ҷаҳоннамо» барномаҳои рӯзонаи хешро такрор пахш мекарду ТВ «Шаҳнавоз» бошад бо навбат клипу консерт мегузошт. Тариқи ТВ «Варзиш» ба ин вақти шаб нигоҳ накарда, таҳлили бозии футбол мерафт. Барномаи «Ахбор»-и такрории ТВ «Тоҷикистон» расо соати 00:30 дақиқа сар шуда, то соати 02:30 идома дошту ман нахустин маротиба дар умрам чунин барномаи хабарии 2 соатиро тамршо намудам, алалхусус таҷлили Рӯзи Парчамро аз Лахш сар карда то Мӯъминободу Хоруғу Н.Хусраву Ҷайҳуну Турсунзодаву Рашт. Хосса, тамоми кишварро пурра дидам. Ин рекорди шахсии ман шуд! Пас аз «Ахбор»-и 2 соата, филми бадеии истеҳсоли Ҳолливуд пахш шуд, яъне мардуми бедор имкон дошт филм тамошо кунад. Чаро вақте ТВ-ҳои «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо» ва «Шаҳнавоз» шабонарӯзӣ фаъоланду барои мардуми шаббедор барномаҳои рӯзонаи хешро дубора такрор пахш мекунанд, шабакаҳои «Сафина», «Синамо» ва «Душанбе HD» ба хоб мераванд!?

Пахшҳои мустақим надорем!
Проблемаи дигари ТВ-ҳои Тоҷик имрӯз он аст, ки имрӯз дар шабакаҳои телевизионӣ гузориш ва пахшҳои мустақим надорем. Айни замон тамоми шабакаҳои телевизионии кишвар ба фаъолияти рақамӣ гузаштаву тавассути моҳвора барномаҳои худро пахш мекунанд. Шароит ва имконоти хуби корӣ ҳаст, журналистони ҳирфаии зиёд низ дорем, ки дар соҳаи худ профессионаланд, вале чаро то ҳол наметавонем гузориш ва пахшҳои мустақим омода намоем? Гузориши мустақим аз маросими ба кор даровардани чархаи 1-уми НБО Роғун собит сохт, ки дар ТВи Тоҷик ровиҳои соҳибкасб дорем, аммо чаро чунин гузоришҳо қариб, ки нестанд!? Лоақал бояд аз ҳамсояҳо кам-кам ёд бигирем ва мисли онҳо пахшҳои мустақим роҳандозӣ намоем. Бубинед сафари нахустини расмии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ҳамсоя-Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 17 августи соли ҷорӣ баргузор гашта буд, журналистони ТВ-ҳои ӯзбек чӣ гуна онро бо пахши зинда ОЛӢ инъикос карданд. Офаринашон бод!
Воқеан ҳам дар бораи сафарҳои кориву расмии президент: мо ҷонибдори инъикоси чунин сафарҳоем. Вале чаро ҳамаи шабакаҳо танҳову танҳо 1 барнома пахш мекунанд? Ҳол он ки имкони зиёди техникиву кадрӣ доранд, то ҳар шабака барномаи вежа ва алоҳидаи мустақим аз ин сафарҳо пахш кунад! Ҳам ширин мешавад ва ҳама рангин. Аммо неъ! Ҳама шабакаҳо 1 наворро пахш мекунанд…

Кумитаи ТВ камбудиҳоро ислоҳ намояд!
Мо перомуни муҳимтарин камбудиҳои ТВ дар чанд соли охир-сеткаи барномаҳо, фаъолияти шабонаи шабакаҳо, пахшҳои мустақим ва ТАБЛИТСА, ки дар 24 соат ҳадди ақалл 6-7 соати эфири ба зар баробари ТВ-ҳои моро ғасб карда мегирад, сухан гуфтем, ки бояд дар зинаҳои болотарини Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ баррасӣ ва ислоҳ карда шаванд, зеро ТВ дастгоҳи асосии иттилоотии ҳукумату давлат аст. Дар шабу рӯзе, ки музаффарият дар ҷанги иттилоотӣ ба чанд сония-эфир бастагӣ дорад, мо ба халқ ва андозсупоранда даҳҳо соат ТАБЛИТСА пешкаш мекунем, ки амали нобахшиданист. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова
Тамошобини контролии СССР

Матлабҳои дигар