ХАБАРИ ДОҒ

Командири нави Дивизияи 201 кист?

  • Чоршанбе, Дек 05 2018


14.11.2018 бо фармони Владимир Путин-президенти Федератсияи Россия Сергей Горячев командири нави пойгоҳи низомии 201-уми ФР дар ҶТ таъйин гашт. Чун дар шумораи қаблӣ ин хабарро нашр кардем, бархе аз хонандагон хостанд бо ин Дивизия ва қумандони наваш бештар шинос шаванд. Марҳамат! Ҳар амру дархосте хонандаи мо дорад-нури дида тоҷи сар!!!

Дивизияи 201 ва ғайраҳо…
Пойгоҳи низомии 201 ба номи Гатчина яке аз калонтарин пойгоҳҳои низомии рус дар хориҷи кишвар буда, он дар 2 шаҳр-Душанбе ва Бохтар қарор гирифтааст. Тибқи созишномаи дутарафа ин пойгоҳ то с.2042 дар Тоҷикистон мустақар хоҳад монд. Ва бар ивази 1 сомонии шартӣ. Таърих ёд надорад, ки базаи ҳарбие дар дигар кишвар чунин муфт мустақар шуда бошад.
Албатта, мо Тоҷикон дӯстпарастем, вале қарс аз 2 тараф гуфтаанд. Дӯстии русҳо ба мо бештар аз душмании дигар халқу миллатҳои олам аст! Вақтҳои ахир Русия дар нисбат ба халқи мо дар қаламраваш ба корҳое даст мезанад, ки ба пиндори мо, кайҳо вақти бозрасии будубоши ин Дивизия фаро расидааст. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки мабодо ҷанги НАТО ва Русия шуруъ шавад, эҳтимолияти қавии бомбаборонии Дивизияи 201 дар Душанбеву Бохтар ва ҳамла бар сохтори кайҳонии «Окно» дар ағбаи Шар-Шари Норак 100% вуҷуд дорад. Мегӯед, ҷанг намешавад? Мо низ тарафдори ақли солим ва сулҳ дар оламем. Вале мабодо ҷанг шавад чӣ? Боз дар ҳоле, ки конфронтатсияи Маскаву Вашингтон қили рӯи оташро мемонад дар ин шабу рӯз…

Горячев, яъне тезу бадҷаҳл
Натарсед, ин танҳо тарҷумаи таҳтуллафзи исми ин қумандон аст. Воқеан ҳам чандин сол пеш Раҷаби Мирзо дар бораи ин Дивизия матлабе навишта буду қумандонҳои собиқи тезу гизала ва сорви-головаи ин Дивизия омада, ӯро ба Дивизия бурда буданд (шарҳи воқеа, агар хоҳад, дар навиштаи худи Раҷаб Мирзо пешкаш мегардад. Нахоҳад неъ!-ред.)
 Горячев то ин дам роҳбарии бригадаи тирандози округи Ғарбии ҳарбиро бар ӯҳда дошта, с.1970 дар ш.Ожерелеи вил.Маскав таваллуд шудааст. С.1994 Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-ҳавоии Рязан ва сипас с.2008 Академияи умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ФР-ро хатм кардааст. С.2005 бо ордени «Матонат» ва баъдан бо ордени «Барои хизмати ҳарбӣ» мушарраф шудааст. Дар тайи солҳои фаъолияти хеш Горячев ба ҳайси командири взводи ҷустуҷӯӣ, ёвари командири полки разведка, муовини командири ротаи ҷустуҷӯӣ, командири ротаи ҷустуҷӯӣ ва командири баталёни парашютӣ-десантӣ кор кардааст.
Бояд гуфт, ки теъдоди умумии низомиёни пойгоҳи 201 дар ҶТ наздики 6,5 ҳазор нафар буда, то с.2016 дар ш.Кӯлоб низ мустақар буданд. Айни замон пойгоҳи 201 дорои бронетранспортерҳои БТР-82А, танкҳои Т-72Б1 ва Т-72Б3, системаҳои реактивӣ бо шилликҳои оташини «Ураган», «Град», комплексҳои парвозкунандаи бесарнишини «Тахион», «Застава» ва «Леер» буда, инчунин ба ҳайати пойгоҳ дастаи ҳавоӣ бо чархболҳои МИ-8 ва МИ-24 шомил аст.

Дивизияи Тоҷикӣ
Дивизияи 201, ки дар собиқ номи Гатчинскоеро дошт, моли ҳалоли Тоҷикистон аст. Инро дар Кремл ҳам медонистанд! Аммо вақте ин Дивизияро Маскав хост ба ихтиёри Тоҷикистон вогузоштаву баъди пошхӯрди СССР афсаронашро барорад, Раҳмон Набиеви тарсуву камхирад аз он… даст кашид.
 Ин хурусчӯҷаи Кремлин, ки бе амри Маскав ҳатто кафшашро намепӯшид, расман ба Кремл телегромм зад, ки Дивизия ба Тоҷикистони навтаъсис даркор нест. Ин коммунист тақрибан коре кард, ки браво-демократҳо дар рости сохтмони Роғун ва Заводи аккумуляторбарории Кӯлоб карда буданд. Онҳо нахостанд, ки Тоҷикистон саноатӣ-энергетикӣ шаваду ин майзада нахост ҶТ соҳиби Армияи худ бошад. Зимнан, Кремл Дивизияро ба ихтиёри худ гирифту имрӯз ин Қӯшуни ҷангдидатарини Русия берун аз марзи он маҳсуб меравад.
Аз Елтсини майзада нороҳат нестем: бадбахтии мо дар алкоголизми ба ном президенти худамон-Р.Набиеви тарсуст, ки дар фурудгоҳи Душанбе, дар соли 1992, аз 2 муллои ришдор тарсидаву истеъфо додаву кишварро ба коми ҷанг андохта буд…
Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳарчӣ кард, он ошно кард!!!
Сари мавзуъ бармегардем. Мо метавонем!

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter