Принт

Ӯро дар 30-солагӣ куштанд!!!

(Хроникаи 1 қатл)

Агар умр вафо мекард, Кароматуллои Қурбон ҳамин шабу рӯз (29.11.2018) нав ба синни 57 мерасид…

Соли 1992 Кароматуллоҳи Қурбон, аз хушномтарин ромишгарони тоҷики асри 20 дар синни ҳамагӣ 30-солагӣ кушта шуд. Қатли сароянда ва аъзои гурӯҳи ҳунарии ӯ дар тирамоҳи с.1992 аз ҷонсӯзтарин саҳифаҳои таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин хунёгар вақте кушта шуд, ки ҳамагӣ 30 сол дошт...

Анархия дар Ёвон
Дар моҳҳои апрел-декабри соли 1992 Ёвон ба ноҳияи транзитӣ табдил ёфта буд. Гурӯҳҳои қонунию мухолифин ба воситаи роҳи мошингарди Душанбе-Ёвон, Орҷоникидзеобод-Ёвон, Норак-Ёвон, Куйбишев-Ёвон омада, ба 4 тараф мерафтанд. Бе қарори комиҷроия дар назди деҳаҳои Қӯймот, Фурқат, Даҳана постгоҳҳои шабонарӯзӣ ташкил карда шуда, ба омаду рафти одамону мошинҳо милитсионеру ихтиёриён назорат мекарданд. Аз моҳи июн сар карда, дар ҳудуди ноҳия дастаҳои ихтиёриёне, ки ба таври ғайриқонунӣ ташкил ёфта буданд, даст ба куштори одамон заданд. Метавон гуфт, тӯли чанд моҳе, ки ҳукуматро фалаҷ карда, Раҳмон Набиев ба Хуҷанд фирор кард, дар Ёвон, чун дар аксари шаҳру навоҳии кишвар анархия ҳукмрон шуд. Дигар зимоми зиндагониву аҷал дар дасти одами силоҳдор буд...

Тӯйи сархӯр
Кароматуллоҳ бо гурӯҳи ҳунариаш 17.10.1992 ба н.Ёвон рафт, то дар 1 тӯйи деҳаи Тошохӯр ромишгарӣ кунаду табъу завқи ҳаводоронашро шод. Ӯро бо ваъдаи таъмини амнияти ҷону тани ӯву ҳамкасбонаш Аслонбек Нуров, мулаққаб ба «Деҳқон»-сокини бонуфузи Ёвон ба он тӯй бурда буд. Гурӯҳи ҳунарманд дар Тошохӯр то соати 4-и бегоҳ ҳунарнамоӣ кард ва бо анҷоми тӯй азми бозгашт ба Душанберо дошт. Азбаски дар роҳу ҷодаҳо гурӯҳҳои гуногуни мусаллаҳ пайдо шудаву вазъ ноором буд, бисёриҳо кӯшиш мекарданд, ки ҳанӯз то расидани шом худро ба ягон ҷои амн бирасонанд. Аммо Сулаймон Султонов-сокини дигари ноҳия, ки низ мехост 3 писарашро хатна кунад, хоҳиш дошт, то дар тӯйи фарзандонаш фақат Кароматуллоҳ «хидмат» намояд. Бо вуҷуди неву нестони Кароматуллоҳи Қурбон ва аъзои дастааш, «Деҳқон» бо ҳамон ваъдаи таъмини амнияти ҷону тани онҳо дар байн даромада, онҳоро барои хидмат дар тӯйи Сулаймон ба шаҳраки Спутник бурд. Тӯйи фарзандони Султонов тақрибан то соати 10-и шаб давом кард.

Шаби хунин
Соати 22:00 ҳунармандонро соҳиби тӯй Султонов, Сафар Холов ва Сӯҳроб Носиров-2 тан аз муҳофизони «Деҳқон», барандаи тӯй-журналист Таваккал Файзуллоев ҳамроҳӣ мекарданд. Нуқра Шералиева, ҳамсари Сулаймон 10 сол пеш дар 1 мусоҳиба бо «Азия Плюс» аз он шаб чунин ёдоварӣ кардааст: «Он шаб баъди рафтани мошинҳо мо чанд садои тири автомату таркишро шунидем. Дигар барқро кушта, то саҳар мунтазир шиштем. Субҳ омада, гуфтанд, ки Кароматуллоҳро куштаанд. Шавҳари ман ҳам дигар он шаб барнагашт...».
Тафтишот баъдан маълум кард, ки аъзои гурӯҳи Кароматулло ва ҳамроҳони онҳоро ҳамон шаб дар посгоҳи Даҳана силоҳбадастон аз гурӯҳи Абдувосит Самадов-фармондеҳи маҳаллии Фронти халқӣ, ки бо номи «Кӯри Восит» маъруф буд, аз мошинҳояшон поин кардаанд. Силоҳбадастони маст ба раҳбарии Восит билофосила бо дашному таҳқир ба ҳунармандон дарафтодаанд, ки «мо ин ҷо хун мерезем, вале шумо тӯй ба тӯй кайфу сафо карда мегардед». Баъди каме истинтоқ ин силоҳбадастон 11 тан, аз ҷумла, Кароматуллоро дар пушти тарабхонаи «Саёҳат» бурда паронданд. Аз миёни онҳо танҳо ба 1 нафар-Рустам Алимов муяссар шуд, ки гурезад ва худро бо азобе ба Душанбе расонда, фоҷиаи талхро ба мардум бирасонад.

Делои №8624
Иқтибос: «шаби 17 ба 18.10.1992, соати тақрибан 22 фармондеҳи гурӯҳи мусаллаҳи Фронти халқии Тоҷикистон Абувосит Самадов (Восит) бо гурӯҳи худ дар ситоди воқеъ дар деҳаи Облошаки ноҳияи Ёвон қарор дошт. Онҳо қарор карданд, ки рафта, посгоҳи деҳаи Даҳанаро тафтиш кунанд. Ӯ бо ҷангиёнаш А.Урунов, А.Султонов (Красавчик), Б.Раҳимов (Бек), М.Кенҷаев (Малыш), М.Назаров (Махсуми Мадӣ), дар маҷмӯъ 14 нафар ба посгоҳ омаданд, ки гӯё ба фармондеҳи гвардияи худмуҳофизатии ноҳияи Ёвон Файзихон Холов ёрӣ расонанд. Дар ин посгоҳ боз 15 узви Гвардия қарор доштанд. Ҳамчунин дар вагончаи ҳамсоя кормандони ШКД н.Ёвон 4 нафар навбатдорӣ мекарданд.
То омадани гурӯҳи Восит милисаҳо аллакай маст буданд, чунки дар наздикиҳо тарабхонае буд. Восит ва фармондеҳи гвардия Холов низ ба вагонча даромада, ба нӯшидан сар карданд.
 Соати тақрибан 23 ба ин посгоҳ 2 мошин омад: ВАЗ 21-06, рақами давлатиаш О 05-47 ДБ, ки онро Сулаймон Султонов идора мекард, И.Ҳайдаров ва С.Холов ҳам буданд, ҳамчунин мошини УАЗ 3303, рақами давлатиаш 26-92 ДБЛ, ки дар он Кароматулло Қурбонов, бародари хурдиаш Н.Қурбонов, навозандагон Ф.Низомутдинов, А.Сафоев, Б.Бобоҷонов, Р.Алимов (коргардони садо), Д.Комилова (раққоса), ронанда Ҷ.Бобоёров ва гуселкунандаҳо С.Носиров ва Т.Файзуллoев буданд.
Р.Алимов, танҳо узви гурӯҳи Кароматуллоҳ, ки он шаби пурфоҷиа ҷон ба саломат бурд, баъдан ба расонаҳо гуфта буд:
«Болои ҷасадҳои ба замин афтода боз ҳам тир холӣ мекарданд. Сипас «боевик»-ҳо ба мошини соҳиби тӯй Сулаймон наздик шуданд. Ӯ мехост Воситро ором кунад, мегуфт, ки «ман бачаи ҳаминҷоям». Вале ин ба «боевик»-ҷо таъсир надошт ва ҳарсеро куштанд. Сипас навбати раққоса расид. Ӯро «боевик» бо лақаби «Малыш» 15 метр дуртар бурд ва аз Калашников 2 тираш зад»…

Дар ҷустуҷӯи ҷасади писар
Аз ин дида фоҷеае ҳаст, ки падари пир бо чашмони пуробу дили ғамбор барои дарёфти ҷасади писари ягонаи офоқаш барояд? Шоҳиде дар ин бора қисса карда буд, ки «Рӯзи дигар, диққати мардуми башӯромадаи ноҳияи Ленинро мошини сабукрави «Жигули» бо сардори ШКД-Ҳамза Холмӯминов ва 4 нафар ҳамроҳонаш, ҷалб намуд. Маълум шуд, ки 1 нафари онҳо падари марҳум Кароматулло будааст. Ӯ бо чашмони ашколуд ва дили дарднок хоҳиш мекард, ки ҷасади писарашро дар куҷое ва дар кадом ҳолате бошад, ба ӯ баргардонанд...»
 Раиси комиҷроияи ноҳия Қ.Азизов ваъда дод, ки ҳамаи чораҳоро мебинад ва 12 нафар шаҳидро меёбад. Ҷасадҳоро баъди 2 рӯз аз ҳавзи партобҳои корхонаи кимиёвии Ёвон пайдо ва 19 октябр ба соҳибонашон доданд…

Ҷои қатли Булбули Шарқ
Ҳоло дар дидбонгоҳи деҳаи Даҳана ба ҷойи 2 вагон, ки дар гузашта ҷойи кори милисаҳо буд, 1 бинои дуошёна қомат афрохтааст ва шуъбачаи умури дохилӣ амал мекунад. Муҳаммадлатиф Тағоев бо ишора ба девори сангии рӯ ба рӯи бинои умури дохилӣ гуфт, ҳамин ҷо Кароматуллоҳ ва гурӯҳашро паррондаанд. Дар бархе аз ин сангҳо нишони тир то ҳанӯз ҳам аз он ҳаводиси мудҳиш шаҳодат медиҳанд.
Ровии маъруфи Тоҷик Ортиқи Қодир-аз дӯстони наздики Кароматуллоҳи Қурбон бо таассуф гуфтааст, ки имрӯз ягона шоҳиди ҳодиса Рустам ба тафтишоту фишорҳо тоб наоварда, аз Тоҷикистон берун рафтааст: “Вақте гурӯҳи силоҳбадаст раққосаро аз мошин берун меоранд, ӯ доду фиғон мекунад. Таваҷҷӯҳи ҳама ба ӯ мешавад ва Рустам дар пушти 1 техника пинҳон шуда мегурезад. Қотилон ба ягон нафар, ҳатто ба Наврӯз-бародари Кароматулло, ки 17 сол дошт ва овозхонӣ мекард, раҳм накарданд. Нақл мекунанд, ки вақте Восит 1 автомат тирро ба ҷисми Кароматулло холӣ кард, Наврӯзи бародараш худро рӯи Кароматулло партофта, кушта мешавад. Баъд Абдураҳмони найнавозу Фариди саксофоннавоз ва Ҷамолиддин-ҷияни Кароматуллоҳ ҳам кушта мешаванд”.

Пайрави падар
Ҳоло ҳарду фарзанди Кароматуллоҳи Қурбон – Муҳаммадрофеъ ва Нозияи Кароматуллоҳ ба камол расидаву роҳи падари ҷавонмаргашонро пеш гирифтаанд. Муҳаммадрофеъ ва Нозия имрӯз аз ситораҳои матраҳи эстрадаи тоҷик эътироф мешаванд. Мухлисон мегӯянд, бахусус Муҳаммадрофеъ ҳам ба ба сурат ва ҳам ба сабки хонандагӣ хеле ба падараш монанд аст.

СССР

Матлабҳои дигар