ХАБАРИ ДОҒ

 

Психологияи миллӣ-7

Мо 5 баробарон аз 1 пуштем,
Дар дасти замона ҳамчу 5 ангуштем.
Гар рост шавем дар назар чун аламем,
В-ар ҷамъ шавем бар даҳанҳо муштем!!!
Генерал-майор Муҳаммадшоҳ Искандарзода, маъруфтар бар тахаллуси «Шоҳ», сардори Шуъбаи корҳои дохилии ш.Исфара таъин шуд. Аз даҳҳо тан, ки ин ҳафта ба вазоифи гуногуни милиса таъин гардидаанд, мо на беҳуда «Шоҳ»-ро маркази пажӯҳиши психологияи миллӣ қарор додем. Гап сари он аст, ки «Шоҳ» аз номдортарин қумандонҳои саҳроии оппозитсияи исломӣ дар солҳои ҷанги гражданӣ буд… «Шоҳ» баъди имзои Протоколи Сулҳ дар ҳайъати мавсум бар «30-фоизаҳо» ба ҳукумат пайваста, дар курсиҳои гуногуни низомӣ такя задааст. Ӯ дар пахши балвои Маҳмуд Худойбердиев (с.1998, Хуҷанд), озодсозии генерали қирғиз ва шаҳрванди Япония (1999) аз дасти гаравгонгирон, маҳви террористони Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ дар Раштонзамин (2000) ширкати бевосита карда, бо орденҳои Спитамен ва Шараф мукофотонида шудааст. Ин ҳамту, ғизо барои андешаи онҳое буд, ки мегӯянд, имрӯз «30%»-ҳо дар ҳукумат намондаанд:
-Хиёнат накунед, мемонед, хиёнат, ки кардед, неъ!!! Ин аксиома аст…
Амалиёти «30 фоиза» воқеан ҳам дар таърихи давлату миллатдории ҷаҳони имрӯза амали бесобиқа буд, ҳаст ва мемонад. Ва медонед чаро? Мо миллати қадимбунёд ва ваҳдатпарварем. Дуруст аст, ки якдигарро чашми дид надорем, сахт маҳалгароем, диёрпараст нестем. Аммо дар сурати лозима, дар соати муҳлик, ҳама Тоҷик аз 1 гиребон сар мебарорад. Мисле, ки баъди ҷанги таҳмилӣ, бо ҳидояти Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ яке шудем. Ман он замон журналисти фаол будаму бо ҳама қишрҳои ҷомеа ва фармондеҳу политологу технократҳои тарафайн во мехӯрдаму сӯҳбатҳо доштам. Бовар кун, хонанда, ягон оппозитсионер, ҳатто сарсахттарин душмани ҳукумат ин хидмати Эмомалӣ Раҳмонро, ки воқеан ҳам пешкори Сулҳ буд, инкор намекард. Виждонашон намебардошт, ки ин корро кунанд. Ҳатто ёдам ҳаст, Ҳикматулло Сайфуллозода, яке аз идеологҳои ҲНИТ (ҳоло зиндонист) он замон дар конфронсе пешниҳод карда буд, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти Ҷоизаи Сулҳи Нобел пешбарӣ карда шавад!!! Ин иқрори мардона, ба масали мардумӣ «тандеҳӣ»-и ҷавонмардона дар нисбат ба кору бори як ҷавонмарди дигар буд. Мо Метавонем!
…Чанде пеш дар 1 сафари хориҷӣ будам ва масъалаи депорти 1 ҳамсафарамон ба миён омад. Ва медонед чӣ шуд? Бе ягон маслаҳати қаблӣ, бе ягон «гаппазонӣ», вақте аъзои гурӯҳ ин иддаои ҷониби пазироро шунид, ҳар яке хеставу мегуфт, ки «Маро низ бо ӯ депорт кунед!». Ҳуш аз сари мизбонон парид. Ва дар охири сафар, яке аз онҳо ба назди ман омаду гуфт:
-Ҷаноби СМ, мо нав дарк кардем, ки шумо-Тоҷикон чаро баъди 5 соли хунрезӣ куллан гуноҳи ҳамдигариро бахшидаву Сулҳ бастаед: Зеро шумо миллати бесобиқа ҳамраъй ва иззатгузор аз ҳамдигарӣ будаед! Мо шуморо ҳурмат кардем!!!
Мо, воқеан ҳам чунин психология дорем, ки гуноҳи ҳамдигариро мебахшем. Ва ин хуб аст! Бинед, ки баробари имзои протоколи Сулҳ ягон Тоҷик ҳамдигариро таъну маломат накард, ки фалону бисмадон хешу табору ҳаммаҳали маро кӣ кушту ким ғорат кард. Ҳарчӣ буд-буд! Ва фаромӯш шуд… Ва аммо онҳое, ки баъди Сулҳу Ваҳдати Миллӣ даст ба ғорату ҷинояту террору хиёнат заданд, ликвидатсия шуданд. Зеро дар дилхоҳ кишвари олам чунинҳоро маҳв мекунанд; Аксиома!
  Имрӯз бархе дар сайтҳои иҷтимоӣ сафсаттаву ҳарза мехонанд, ки  қумандонҳои собиқ оппозитсияи исломӣ дигар нестанд. Суоле ба инҳост, ки магар қумандонҳои Фронти халқӣ боқӣ мондаанд? 1 бор агар мардона бишмарем, фармондеҳу силаҳшӯрони Фронти халқӣ бештар маҳву суд шудаанд, ки аз оппозитсияи собиқ шуда бошад. Ва ин ҳама ба хотири оромиву тинҷии ҳар хонаводаи Тоҷикистонист. Ва аммо онҳое, ки аз ҳар 2 ҷониб Ваҳдатро пазируфтаву бо ҳукумат омезиш ёфтаву роҳи қонунро баргузидаанд, то ҳанӯз сари коранд, ки намунаи беҳтарини ин иддао «Қумандон Шоҳ»-генерал майори милитсия Муҳаммадшоҳ Искандарзода мебошад! Шахсан ман бовар дорам, ки «Шоҳ», генерали размида ва пурдони милитсияи Тоҷик, дар марзи Исфараву Қирғизистон низ тартибу низомро ҳатман ҷорӣ мекунад…
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter