ХАБАРИ ДОҒ

Пулҳо хуб, аммо поездҳо чӣ?

  • Чоршанбе, Дек 12 2018


Дӯст ва хонандаи доимии СССР Абдуҷаббор Раҳмонов аз ноҳияи Турсунзода занг задаву гуфт, пулу роҳҳои равшанполои Душанберо, ки корхонаи Роҳи Оҳан сохтааст, дида кайф мекунем. Аммо раҳбарияти Роҳи Оҳан магар боре вориди қатор ё худ поездҳояшон мешаванд? Фарзи мисол, поезде, ки ба самти Турсунзода ва баракс меравад, тамоман тартиб надорад. Ин поезд мисли Тангем дар ҳар куҷое хост, меистад, ҳаракаташ аз рӯи реҷа ва соати муайян несту метавонад дар истгоҳе имрӯз 5 дақиқа истаду рӯзи 12 дақиқа ва ғ.ва ҳ. Мардуме, ки ба Душанбе, ба Аҷинабозор маҳсулоти кишоварзӣ меоранд, аслан тартибу низомро намедонанд. Доду вой, дашному ҳақорат, на об асту на чой, на ягон шароит. Худо накарда, ягон сайёҳи хориҷӣ савор шавад, худро на дар асри 21, ки асрҳои миёна ва он ҳам дар Ҳиндустон тасаввур мекунад. Ман ҳоло дар бораи хизматрасонии қатори Душанбе-Маскав, Душанбе-Хуҷанд, Кӯлоб-Маскав низ маълумот дорам, ки баъдан хоҳам навишт! Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter