ХАБАРИ ДОҒ


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ «Доруҳо нархи ягона доранд?» (СССР, 18.10.2018, №42(527) ном мақоларо мавриди баррасӣ қарор дод. Нархи маводи доруворӣ дар бозори фармасевтии мамлакат ягона набуда, нархро бозор муайян ва танзим мекунад. Ҳар як субъектҳои хоҷагидор вобаста ба хароҷоти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ молу маҳсулотро ба фурӯш гузошта, дар асоси талаботи моддаи 6 ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ аз 10.05.2002, №46 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлати соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нархи молу маҳсулоташро муқаррар менамояд. Маводи доруворие, ки ба Тоҷикистон ворид мегарданд, аз ташхиси озмоишӣ гузаронида, баъди гирифтани сертификати мутобиқат барои фурӯши онҳо иҷозат дода мешавад. Дорувориҳои қайднамудаи муаллиф («Пардифен», «Болнол», «Синепар-актив»…) барои таскини дард тавсия шуда, дар муддати муайян танҳо дардро бартараф мекунанд. Барои пурра табобат гирифтан шаҳрвандро лозим аст, ки аз ташхиси пурра гузашта, тибқи тавсияи табибон дорувориҳои заруриро истеъмол намояд.

Муовини вазир А. Одиназода

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter