ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: рифола хар!

  • Чоршанбе, Дек 12 2018


Чаро ҳоҷӣ-аптекарҳои Тоҷик дидаву дониста, аз фурӯши рифола, ки яке аз омилҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва номатлуб аст, даст кашидаанд?...


Ҳафтаи гузашта Ҳукумати Ҷопон эълон намуд, ки омода аст дар 4 соли оянда барои пешгирӣ аз ҳамли номатлуб ва танзими оила дар ҶТ беш аз 20 млн рифола-презерватив ироа намояд. Барои иҷро намудани ин лоиҳа аллакай 2,5 млн доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Танҳо дар соли нави 2019 Ҷопон беш аз 5 млн дона рифола ба Тоҷикистон хоҳад овард. Ин кӯмаки ҷопонӣ тавассути зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ва муассисаҳои зиддахли он дар байни занони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақсим карда мешавад. Шояд бархе аз хонандагони мо бигӯянд, ки чаро мо даст ба ин мавзӯи маҳрамона ё ғайритоҷикӣ задаем? Фикр намекунам, ки вақте масъалаи саломатии инсон дар миён аст, бояд дар ин бора нагуфт ва нанавишт. Ин дар ҳолест, ки бархе ба ном мулло-аптекачиҳо фурӯши ин маводро «гуноҳ» баровардаву дорухонаҳояшонро аз он поккорӣ кардаанд…

Рифолахарии занон боиси тааҷҷуб нест!
30.11.2018. Соат бо вақти Душанбе 18:30 дақиқа. Ба чанд дорухонаи маркази шаҳр, аз ҷумла, «Сифат-фарма» даромада, рифола мепурсам-мақсади аввали ман низ ҳамин аст, бояд аз 10 дорухонаи гӯшаҳои гуногуни пойтахт рифола харида, дар баробари ин муайян кунам, ки кӣ бештар рифола мехарад-мардҳо ё занони Тоҷик? Аз фурӯшанда навъҳои гуногуни онро мепурсам, ӯ пас аз чанд лаҳза якчанд намуд қуттиро наздам мегузорад-рифолаҳои оддӣ, истеҳсоли Русия, Олмон, бо таъми мухталифи мева, хосса, қулфинайу себ-интихоб васеъ аст. «Барои занҳо бо таъми мева хуш меояд, аз ин бигиред!»-ба фикр рафтани маро дида, ба кӯмакам меояд фурӯшанда.
Ҳамон рӯз боз аз 5 дорухонаи дигар дидан карда, аз ҳар яке 1 қуттигӣ рифола харидам. Нархи 1 қуттӣ рифолаи истеҳсоли Олмон дар ҳама ҷо қариб якхела-10 сомонисту ман ҳам саъй кардам намудҳои гуногуни онро бихарам. Вале дар савдо имрӯз рифолаҳои истеҳсоли Русия, Белоруссия, Украина ва Ҳиндустон низ ҳасту нархи онҳо нисбатан арзонтаранд. Бароям аҷиб он буд, ки имрӯз рифолахарии занон дар дорухонаҳо дигар боиси тааҷҷуб нест ва дар баробари мардҳо занон низ ба дорухонаҳо даромада, баҳузур рифола мехаранд-ба назари ман ин дуруст аст, зеро пеш аз ҳама зан бояд дар фикри саломатии хеш бошад!

Ҳоҷиҳо рифола намефурӯшанд?
Чанде пеш яке аз хонандаҳои газета тавассути занги телефонӣ шикоят карда буд, ки дар дорухонаи супермаркети рӯбарӯи таваллудхонаи №3-и пойтахт фурӯшандаҳои сатрпӯш рифола намефурӯшанд! Чунин ҳолат дар дорухонаи дигари ҳамсояи он-дар маркази савдои «Марва» низ ҷой дорад-фурӯшандаҳои рӯймол ба сар рифола намефурӯшанд, чаро?
1.12.2018. Соат бо вақти Душанбе 09:30 дақиқа. Дунболи ин саволи хонанда маҳз сӯи ин дорухонаҳо роҳ пеш гирифта, даромадан замон рифола пурсидам. Ҷавондухтари сатрпӯше нишаста, ҳисобу китоб дошту сӯям нигариста гуфт, ки «дар ин дорухона рифола намефурӯшанд!». Дубора пурсидамаш, ки «чаро?», гуфт, ки соҳиби дорухона ҳоҷӣ асту даст ба ин корҳо намезанад, яъне рифола намефурӯшад!
Хуб, вақте соҳиби дорухона ҳоҷӣ аст, пас ба Арабистони Саудӣ сафар ва Маккаву Мадинаро зиёрат намуда, ҳатман ба мағозаҳои ин кишвар даромада харид низ кардааст. Ва ҳатман низ дидааст, ки чӣ гуна дар мағозаву супермаркетҳои арабӣ қуттиҳои рифоларо назди хазина чидаанду арабҳо, чӣ марду чӣ зан баҳузуру беибо аз он харидорӣ мекунанд. Умуман, дар тамоми кишварҳои исломӣ, хосса, Ироқу Қатару Кувайт низ рифолаҳои гуногунро дар рафҳои назди хазинаҳо гузошта мефурӯшанду дар Эрон бошад ҳатто барои истифодаи дурусти он ба ҷавонон дарс мегузаранд. Аммо чаро ҳоҷиҳои Тоҷик инро дидаву дониста, аз фурӯши рифола, ки яке аз омилҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва номатлуб аст, даст мекашанд? Аз ин амал маълум мешавад, бархе аз ин ҳоҷиҳои Тоҷик, хосса, доруфурӯшон тарафдори ҳарчӣ бештар паҳну афзоиши бемориҳои сироятӣ дар байни мардум будаанд, на солимии ҷомеа!

Харидорони асосӣ-мардҳои галстукдор!
1.12.2018. Соат бо вақти Душанбе 11:00 дақиқа. Боздид ва харидамро аз дорухонаҳои кӯчаҳои Фирдавсӣ ва Н.Қаробоев идома медиҳам. Дар ҳар дорухона ҳатман аз фурӯшанда суол мекунам, ки кӣ бештар рифола мехарад-мардҳо ё занҳо? Аксарияти фурӯшандаҳо бо ханда, аз ҳама бештар мардҳои галстукдор мехаранд! Ин хуб аст, вақте мардҳо ба фикри занҳо (ё маъшуқаҳо)-и хеш шудаанд!
Собирҷон Алиев, яке аз фурӯшандаҳои дорухонаи шафати бозори «Саховат» мегӯяд, моҳе агар 100 қуттӣ-300 дона рифола ба савдо равад, аз ин теъдод танҳо 3-5 қуттиашро занҳо мехаранду боқимондаро мардҳо. Вале ин ҳам хуб аст, зеро 4-5 сол пеш занҳо умуман аз рифолахарӣ шарм медоштанд…

150.000 адад барои аҳолии пойтахт
Нигина Боҳирова, яке аз фурӯшандагони дигари дорухона мегӯяд, моҳе то 100-110 қуттӣ рифола мефурӯшад, дар дигар дорухонаҳо ҳам қариб мизони савдо ҳамин рақам аст. Хуб, барои мисол, агар дар Душанбе 500 дорухона фаъол бошаду моҳе 1 дорухона то 100 қуттӣ рифола фурӯшад, он гоҳ дар 1 моҳ ин дорухонаҳо то 50.000 қуттӣ рифола савдо мекунанд. Ҳар 1 қуттӣ 3 дона рифола дораду дар умум 150.000 дона рифола мешавад! Ин ҳам дар ҳоле, ки аҳолии ш.Душанбе аз 1 млн ҳам бештар аст!
Муҳаммадҷон Шафиев-доруфурӯши таҷрибадор бар он аст, ки новобаста аз барномаҳои зиёд дар соҳаи тандурустӣ боз ҳам истифодаи рифола дар байни мардум кам таблиғ мешавад. Мавсуф инчунин, мегӯяд, дар баробари дорувории зиёд ба Тоҷикистон рифолаҳои пастсифатро низ, ки аз моддаҳои кимиёвии барои саломатӣ зараровар сохта шудаанд, ворид мекунанд ва арзишаш нисбатан паст аст. Арзиши 1 қуттӣ рифолаи босифат на кам аз 10 сомонист, лек маълум, ки на ҳама шароити хариди онро доранду на хоҳиши истифодаашро. Аз 1 сӯ шарму ҳаёи тоҷикона намегузорад даст ба ин кор зананд, аз сӯи дигар надоштани иттилоот дар бораи истифодаи рифола ва фоидаҳои он.
-Бо тақсим кардани рифола кор пеш намеравад, ин амал соле 1 бор сурат мегирад. Имрӯз масъулинро мебояд сари ҳарчӣ бештар таблиғ намудани рифола андешанд, то оддитарин зани Тоҷик дар деҳаи дурдасти кӯҳистон донад, ки он барои чӣ лозим аст. Мардум бояд худ хоҳиши харидану истифодаи онро дошта бошанд, на духтурони маҳаллӣ 1 бор биёянду гӯянду ройгон тақсим кунанду раванд. Агар ҷомеаи солим хоҳем, бояд барои ин бикӯшем, алалхусус ҳоло, ки дар баробари хатарҳои сиёсиву моливу табиӣ ҷаҳон бо хавфҳои афзоиш ёфтани амрози сироятӣ пешорӯст, - таъкид дорад Шафиев.

Мину Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter