ХАБАРИ ДОҒ

Зодрӯз муборак, шаҳрдори ҷавони мо!

  • Чоршанбе, Дек 19 2018

Рустами даврони мо, Рустам бувад,
Мисли ӯ як Шаҳрдоре кам бувад.
Рустами “Шаҳнома”-и имрӯзи мост,
Як ҷавонмарде зи оли Ҷам бувад...


(Шаҳрия)


Шоҳкориҳои мири ҷавон
Маврид ба зикри хос аст, ки Рустами Эмомалӣ санаи 12.01.2017 ба яке аз вазифаҳои калидии кишвари азизамон-раҳбарии шаҳри Душанбе интихоб шуд. Ӯ аз ҷавонтарин раиси пойтахтҳои ҷаҳон аст, ки муборакамон бод!!! Мавсуф дар ин 2 соли сарварӣ барои ободиву шукуфоӣ ва сарсабзии Душанбеи гиромӣ амалу нақшаҳоеро рӯи даст гирифту анҷом дод, ки ба ҳар фард равшан аст. Минҷумла, рӯзи 5.09.2018 ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон: Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони И.Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд шудааст. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудааст.

Ифтитоҳи боғи “Фирдавсӣ”
Дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи давлатии Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» дар н.Фирдавсии пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин боғ ҳанӯз солҳои 1970 бунёд ёфта, ба талаботи замони муосир тамоман ҷавобгӯ набуд. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ин боғ пурра навсозӣ ва ба макони истироҳату фароғату дилфиреби пойтахт табдил дода шуд. Дар Боғи мазкур сохтмони амфитеатр барои 1500 ҷои нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт...

Ҳаводори мунтахаби миллӣ
Мавсуф фаъолияти кории хешро аз вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории хурду миёнаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҶТ сар кард. Баъдан, ба вазифаи муовини раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ва пасон Сардори хадамот таъин шуд. Пасон ба ҳайси сардори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия кор карду рутбаи генерал-майорро гирифт. Рустами Эмомалӣ новобаста аз синну соли ҷавонӣ дар 2 соли фаъолияти хеш ба ҳайси раис амалан собит сохт, ки дар кулли вазоифи давлатӣ бо сари баланд метавонад кору пайкор дошта бошад! Дар баробари кор дар ниҳодҳои давлатӣ роҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистонро ҳам бар дӯш дорад! Ва дар нахустин мусоҳибаи худ дар матбуоти даврӣ, ин ҳам бошад дар газетаи мардумии СССР (декабри с.2015), андешаи миллии худро роҷеъ ба рушди футболи миллӣ гуфта, афзуда буд, ки «Ман мухлиси тими миллии Тоҷикистон ҳастам! Аз дастаҳои маъруфи ҷаҳонӣ бошад, “Манчестер Юнайтед”-и Англияро ҳаводорӣ мекунам…».
Имсол мунтахаби наврасони зери 16 солаи мо медали нуқраи Чемпионати Осиё ва роҳхат ба Чемпионати Ҷаҳон (U17)-ро соҳиб шуд, ки аз пуштибонии бевоситаи Рустами Эмомалӣ ба футболи миллӣ гувоҳӣ медиҳад.

Сакина Абдуллоева,
коромӯзи СССР


PS: Бо истифода аз фурсати бароям хело муносиб, шаҳрдори муваффақ, бародари гиромии мо-ҷавонони Душанбешаҳр, муҳтарам Рустами Эмомалиро, ки 19 декабр зодрӯз дорад, сидқан таҳният мегӯям ва барои тарҳу нақшаву ниятҳои созандаи минбаъдааш барору пирӯзиҳои тоза таманно дорам! Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter