ХАБАРИ ДОҒ

Фиристода бояд, ки доно бувад…

  • Панҷшанбе, Дек 20 2018

Психологияи миллӣ-8

Агар ҷуз ба коми ман ояд ҷавоб:
Ману гурзу майдону Афросиёб!!!
Ростӣ, усулан дар талаби мансабе на будаму на ҳастам ва зимнан ин матлабро менависам, то бар дигарон дарси ибрат шавад. Сӯҳбат сари «Фиристода» аст, ки ҳоло Сафир мегӯянду қаблан аз арабии Расул низ кор мегирифтанд. Қосиду Пайк ҳам мегуфтем. Ҷои суханбозӣ нест, миллати қадима ва антиқаем ва танҳо миллатҳои давлатдор Сафиру Расулу Пайку Фиристода доштанд:
Пеши мо Пайке, ки орад муждаи аҳволи дӯст,
Номи он Пайки муборак НекПай хоҳем кард…
10.12.2018. Сафорати Фаронса дар Душанбе. Ин шом бо ҳузури мубораки Тимур Зулфиқоров-нависандаи аршади Тоҷиктабори Русия ва бонуи саропо ҳунару лутфу зебоӣ-Ирина Дмитриева-Ван шаби эҷодии ахирӣ баргузор гардид. Хонум Ёсамин Гуедар-сафири Фаронса дар Тоҷикистон меҳмондор буд. Лутф, меҳрабонӣ, табассуми фаррох, чашмони пур аз меҳр, меҳмоннавозии бону Ёсамин моро мот кард ва соате, ки ӯ бо Ирина дуэт (бадеҳа) хонд, мо бо маънии мусбияш шокӣ шудем. Ин бону воқеан ҳам муаррифии Фаронса дар Осиё буд. Пеши назари ман тамомии кеҳону меҳони фаронса, сар аз Александр Дюмаву Гюго, Мопассану Д’Арк то Людовику Наполеон…Анриву Бензема, Зидану М’баппе (ахириҳо ситораи футболанд!) зинда шуданд. Зеро Сафир воқеан тавонист миллати фаронсузро ба ман муаррифӣ кунад. Аҳсант ва офаринаш бод. Белиссимо!!!
Ва ана акнун баргардем сари Фиристодаҳои худамон…
Дар Амрико будам ва бо Хуршеди Андаму Азорабек Азорабеку хонум Адолати Мирзо сафоратхонаи Тоҷикистон дар Вашингтон рафтем. Сафир-Фарҳод Достиев, писари устоди сиёсати миллӣ-Абдулмаҷид Достиев, сари кор набуд. Якшанбе ва истироҳат буд. Аммо!!! Ӯ рӯзи дигар ба меҳмонхонаи мо омад ва медонед чӣ гуфт? Гуфт:
-Сафоратхонаи Тоҷикистон ватани хурди Шумо дар ин кишвари бузург аст! Ва ҳамеша дараш ба рӯи Тоҷикон боз!!!
Роҳбаладони мо, ки русҳои таҳҷоӣ буданд, ангушти ҳайрат мегазиданд ва мегуфтанд, чунин самимиятро ҳаргиз аз сафири худашон надидаанд. Ман гуфтамашон, ки Мо метавонем!
Вале баргардем сари мавзуъ. Оё ҳама сафирони мо чунинанд? 1 муште, ки намояндаи сафорати мо дар Олмон, бар сари 1 тани ба ном «оппозитсионер» дар Варшава зад, имиҷи моро резонд. Сафир ҳам баъдан аз кор рафту муштзӯр низ. Аммо ин дарси ибрат нашудамон, ки нашуд. Ва… сафири мо дар Тошканд чанде ба баъд изҳороте дод, ки 1 кишвари 27 сол дӯст-Туркманистонро бо мо душман кард. Ӯ аз нишоти дӯстии ахирии мо бо Ӯзбекистон ба ваҷд омада, гуфт, дигар мо ниёз ба проекти роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистон-Афғонистон надорем…Ляпнул!!!
Сэр Уинстон Черчилл мегӯяд: «Забони дипломат-сиёсатмадор барои рӯпӯш кардани фикри ӯст». Забони Фиристодаҳои мо баракс, метавонанд дар они воҳид давлати дӯстеро душмани мо кунанд. Ашқобод оҷилан роҳҳоро баст ва бо мо аз дари кин кор гирифт. Айби Туркманистон нест, айб дар моши мо, сафирамон буд, ки мутаассуф, бозхонд нагардид ва ҷазои дипломатӣ нагирифт. Ин бад аст. Агар муҷозот мешуд, ҳарзагӯӣ дар сафоратхонаҳо камтар мегардид. Гуфти бобои Ғулом «ляпнул» ва садҳо ҳазор доллар зарар ба иқтисодиёт овард. Аз КВД Роҳи Оҳан пурсед, ки чӣ миқдор бору колову вагону загон дар Туркманистон дармонд. Боркашҳоро намегӯед? Ҳазорон мошин дар марзи Туркман баста шуданд ва…сафир ширчойу қаймоқ зада гаштааст…
Кадр! Мегӯед нест? Ҳаст!!! Аммо онҳоро бояд кофту ёфт. Мутаассуф, дар Вазорати Хориҷа (ва оё танҳо дар ин ниҳод?!) ин кор бо 2 по мелангад. Сафир бояд доно бошад! Фиристода бояд муаррифии миллат дар хориҷа гардад, на баракс. Мисле, ки хонум Ёсамин Гуедар аст. Психологияи миллати моро дар симои Фиристода меомӯзанд. Ва акнун фикр кунед, ки тафовути сафири Фаронса дар ҶТ аз сафири ҶТ дар Тошканд то кадом ҳадд аст. Тасаввур кардед? Офарин! Мо Метавонем!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter