Принт

Ошхонаҳо ҷарима шуданд


Прокуратураи ш.Роғун «Ошхонаи антисанитарии Роғун» ном мақолаи Ҳ.Сафар (СССР, №36(521), 6.09.2018-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Қаблан то нашри мақола аз тарафи прокуратураи шаҳр бо иштироки мутахассиси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ошхонаҳои мавзеи «Чашма»-и деҳаи Қалъаи Нави Ҷамоати деҳоти Қади Оби ш.Роғун дар ошхонаҳои бо ном «Шуҳрат» (соҳибкор И.Раҷабов), «Собир» (соҳибкор О.Давлатова), «Ҷасур» (соҳибкор С.Абдуллоева) ва ошхонаи «Ҳавас» (соҳибкор Ҳ.Иброҳимова) санҷиш гузаронида, фаъолияти онҳо бо сабаби ба талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан муваққатан манъ карда, баҳри бартараф кардани камбудиҳо амрномаҳо дода шуда буданд. Инчунин, кисбати соҳибкор Давлатова протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, нисбаташ бо моддаи 117-и КҲМ ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, ба фоидаи давлат ҷарима ситонида шудааст…
Бо эҳтиром, прокурори ш.Роғун, Қурбонзода З.Б., мушовири адлияи дараҷаи 1

Матлабҳои дигар