Принт

Автономия ин сепаратизм аст!


Салом, СССРи гиромӣ! Қаблан дар бораи шаклу шамоили «мухторият» ё худ «мухтор» дар газ.СССР навишта, сабаби пайдоиши автономияро ба таври дақиқ ва саҳеҳ шарҳ дода будам. Зайнулобиддин Ҳусейнов аз н.Ёвон қайд мекунад, ки «Шояд ин кори дасти туркпарастон ё русҳо аст, ки ба Осиёи Миёна барои роҳбарӣ омада буданд». Неъ! Ин шакли идоракунии давлат на аз русу турк ба мо мерос монда, балки онро амири манғитияи Афғонистон таҷриба кардааст. Он замон шӯриши шиддатноки мардуми Шуғнону Рӯшону Дарвоз бо додани ин мақом ҷилавгирӣ ё ба қавле пахш шуд. Таърих гувоҳ аст, имрӯз ҳам баъзе аз ҳамдиёрони мо дар он сӯи дарёи Панҷ муқимӣ шудаанд. Ман бо Ҳусейнов дар мавриди зарур набудани мухториятнокӣ ҳамфикрам. Зеро чунин мақом ва шакли идоракунӣ имкон дорад, замина барои сепаратизм ё худ ҷудоиандозӣ бошад, ки дар пушти ин навъ бозиҳои сиёсӣ сулҳ ва амнияти инсон дар хатар мемонад.

Сафаров Талбони Мункӣ,
собиқадори мақомоти Прокуратура, тел: 93 551 64 48

Матлабҳои дигар