ХАБАРИ ДОҒ


Салом ва паёми самимӣ ба аҳли қалами газетаи мардумии СССР ва аъзои Ихвон-ал-СССР! Ман аслан зидди ягон ришдарозу ришкӯтоҳ нестам, аммо чаро баъзе нафарон ришҳои дарозу бетартиб гузошта, худро пайрави ҳақиқии дини ислом метарошанду аз дигарон бадгумонӣ мекунанд? Касе ин тоифаро хушомад нагӯяд, гӯё, ки одами бад асту рӯи биҳиштро намебинад! Ва гӯё соҳибони ҳамин дӯзаху биҳишт ришдорон бошанд? Ҳол он ки онҳо ҳамин 4 ҳарфи арабиро аз кадом муллои бесаводи атрофашон ёд гирифтаанд. Лиҳозо, аз кулли ҷавонон даъват мекунам, ки ҳич гоҳ фирефтаи кадом чаласаводи шикамчарон нашаванд. Дар атрофи Давлату Миллат муттаҳид шуда, нагузоранд, ки чунин афрод тафриқа андозанд! Оё аз чунин намозхонҳои бадфитрат 1 шаробии поквиҷдон хубтар нест? Ҳофизи Шероз низ на беҳуда мегӯяд:
Боданӯше, ки дар ӯ ҳеҷ риёе набувад,
Беҳтар аз зӯҳдфурӯше, ки дар ӯ реву риёст!

Давлатмурод Ҳалимшоев,
н.Муъминобод, тел: 918 13 39 80

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter