Принт

Рӯйхати сохтмонҳо таҳия шудааст


Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ вобаста ба мақолае оид ба сохтмони муассисаи таълимии №1 дар деҳаи Деваштичи ш.Панҷакент иттилоъ медиҳад, ки аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосии с.2014-15 сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ барои 96 ҷои нишаст дар назди мактаби №45 дар деҳаи Марғзори н.Панҷакент сохта ба истифода дода шуда, корҳои лоиҳакашии сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №85 деҳаи Вешисти ш.Панҷакент оғоз карда шудааст. Инчунин, с.2016 аз ҳисоби марҳилаи сеюми Фонди Саудии Рушд сохтмони бинои нави таълимии мактаби №61 барои 240 ҷои нишаст дар деҳаи Моғиёни ш.Панҷакент ба маблағи 3 млн. 245.000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Илова ба ин, с.2015 аз ҳисоби гранти Фонди глобалии таҳсилот сохтмони муассисаи таълимии №18 дар деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ш.Панҷакент ва сохтмони муассисаи таълимии №56 дар деҳаи Суфиёни ш.Панҷакент сохта ба истифода дода шуд. Маврид ба ёдоварист, ки айни замон, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм рӯйхати иншооти сохташаванда аз ҳисоби Бонки Исломии Рушд таҳия шуда истодааст…

А.Зарипов, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми ҶТ

Матлабҳои дигар