ХАБАРИ ДОҒ

Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Бозёбад ҷаннати дарбастаро!!!
СССР ҳамеша ба аксияҳои хайрия даст мезаду мезанад ва хоҳад зад!!! Мо метавонем!
Ёд оред, ки соли равон мо чигуна бо ҳамкорӣ бо «Маркази продюсерии Шоира дар назди СССР» консерти хайрия додаву чандин кӯдакро аз ранҷи касал раҳонидем, ки ҷои миннат нест; мо фактро пешкаш мекунем. Аммо!!! Коре, ки рӯзи 23.12.2018 бо ибтикор ва миёнчигии газетаи мардумӣ, «Литсейи Роҳнамо» пиёда кард, ба пиндори сирф фардии ман, ҳама корҳои хайрияи моро иваз сохт:
-Мо дар ин рӯз ба мактаб-интернати вежаи ш.Кӯлоб, ки дар он атфоли имконияти ақлонияшон маҳдуд таълиму тарбият мегиранд, кӯмаки башардӯстона ҳам не, ки кӯмаки ҳамсолдӯстона бурдем.
Аз кӯдак ба кӯдак!
Таҳти ҳамин унвон мактаббачаҳои пойтахт, ки аз оилаҳои сарватманданд, ба ҳамсолони кӯлобии хеш, ки аз хонаводаҳои кам… ва бе…бизоатанд, орду равған, макарону биринҷ, бозичаву тӯҳафи солинавӣ ва китобу дафтару қалам бурданд. Хотиррас мешавем, ки ин мактаб тасмим дорад, дар солҳои баъдӣ низ ба ятимхонаву интернатҳои дигари кишвар чунин кӯмакҳоро расонад. Зимнан, бо мо дар тамос шавед, агар чунин мактабҳоро медонед, мо бо раёсати «Литсейи Раҳнамо» дархостатонро мерасонем. Мо Метавонем!
Хонандаи гиромӣ, агар ин ҷо ҳузур меёфтиву шодии атфоли маризи ақлонӣ, ё худ нуқс дар ақл доштаро медидӣ, воқеан медонистӣ, ки Соли Нав чӣ қадар фараҳу шодӣ ба мардум меорад. Зеро ин тӯҳфаҳо, ин кӯмакҳоро мактаббачаҳои «Литсейи Раҳнамо» бо сарварии Абдуллои Раҳнамо-донишманди муваффақи Тоҷик маҳз дар арафаи Соли Нави мелодӣ ба ҳамсолони хеш бурданд. Дар Соли нав ва умуман чорабиниҳои давлатӣ, зиёд аксияҳо мешаванд, ки сарватмардон ба бечораву дармондаву ятимон дасти хайр дароз мекунанд. Аммо ин аксия дигар буд! Дар ин рӯз атфоле, ки волидайнашон дасти тавоно доранд, ба ҳамсолони худ кӯмак карданд. Кӯдаконро мо дарси хайр омӯхтем. Зеро Мо Метавонем!
Ин атфол тӯли 3 моҳ бештар ҳар яке чизе овардаву ба анбори хайрия замм намуд. Касе дафтар, дигарӣ қаламу китоб, саввумӣ орду макарони шакару биринҷу равған… Ёд доред, Анӯшервони Одилро, ки мегуфт, «Бинои зулм андаке буду касе бар он чизе зам кард, то ба ин ҳадд расид!»? Бачаҳои «Литсейи Раҳнамо» бинои адлро поя гузоштанд! Ҳар касе чизе бар ин адолати иҷтимоӣ замм кард, то ба ин ҳадд расид, ки чанд тонна орд, равған, биринҷ, шаккар, қанд, шоколад, сумкаву дафтару китоб…ҷамъ шуд ва то ба ин ҳадд расид, ки атфоли маризи ақлонӣ тӯли 1 соли дигар серу пур хоҳанд буд. Худо ин мардум, ин атфол, ин мударрисинро дар паноҳи офияти хеш нигаҳ дорад, ки Тавонистанд, дили ин кӯдаконро шод гардонанд. Мо низ миссияи хешро анҷом додем: Газетаи СССР чун ҳамешагӣ миёнарави ин хайрия буд. Зеро Мо Метавонем!
…Соли нав бар табори ҳама хонандаи мо мубораку муқаддас бошад. Худо кунад, ки ҳар хонандаи мо, аъзои Ихвон ал СССР, муаллифони мардумиву хабарнигорони касбии мо дар Соли нав, ба масали мардумӣ ва гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ, ки мо низ дуояшро гирифтем, «Тиянда бошаду талбанда не!».
Соли нав фирӯз! Мо метавонем!!!!!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter