ХАБАРИ ДОҒ


Ман беш аз 20 сол (1990-2010) дар «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (РОТ), дар замони раҳбарии Амонулло Ҳукумов ба ҳайси роҳбалади қатораҳои боркаш кор кардаам. Он замон хело нооромӣ буд. Баъди суқути СССР РОТ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд. Бетартибӣ, ҳатто ғоратгарии молу мулки ҷамъиятӣ низ дида мешуданд. То Ҳукумов чанд кас роҳбарии РОТро ба уҳда гирифт, лек аз иҷрои он баромада натавонистанд. Ҳатто гирифтани музди меҳнат хело душвор буд. Баъди сардори РОТ таъин шудани Ҳукумов дигаргуниҳои зиёде ба вуҷуд омад. Аввалан ҳамаи норасоиҳо барҳам дода шуд. Коргарон бо 1 низом аз пайи кор шуданд. Дар муддати начандон калон иқтисодиёти он пеш рафту моҳона низ афзуда, ҳаққулзаҳматро сари вақт мегирифтагӣ шудем. Мавсуф дар кор хело сахтгир буду иҷрои супоришро сари вақт талаб мекард. Сахӣ низ буд. Дар ҳар ҷашни давлатӣ ба коргарон, ки зиёда аз 2000 нафар буданд, 1 халта орд, 4-5 литр равған, 2-3 кг гӯшт… бепул медод. Дар вақти ба нафақа рафтан низ ботантана бо туҳфаҳои қиматбаҳо-яхдон, мошинаи ҷомашӯӣ, ТВ, соатҳои дастӣ, ифтихорнома… гусел мекард. Ба нафақахӯрон аз ҳисоби РОТ дар ҳар иду маросим ба миқдори 60 сомонӣ бо қарори махсус туҳфа таъин карда буд. Ҳоло бошад мо-нафақахӯронро раҳбарияти имрӯзаи РОТ фаромӯш кардаанд: На ёрдампулӣ ҳасту на даъватнома. Барои ҳамин аз редаксияи СССР хоҳиш дорам, ҳамин сипосномаи маро ба унвонии Ҳукумов чоп кунад: Амонулло-ако, куҷое бошед, саломат бошед. Худо баракататонро зиёда гардонад. Омин!

Исмат Абдуллоев,
н.Рӯдакӣ, деҳаи Оқчакман

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter