Принт

Танбалро садқаи замин кунад


Узви Ихвон-ал-СССР, Асомиддин Акобиров, сокини деҳаи Шилбилии ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) ба СССР занг задаву гуфт, ки чаро вақтҳои охир мардум ба ниҳолшинонӣ ва ҳифзи экология таваҷҷӯҳ надоранд? Дар деҳот қариб ягон дилгармӣ ба ободкорӣ нест. Ақаллан ягон дарахти арча намешинонанд. Ман ба хулосае омадам, ки барои поин бурдани нархи бозор бояд дар ҳар ноҳия ошхонаеро бо нархи арзон ва аз ҳисоби кишоварзон ташкил кунем. Ин сабаб мешавад, ки нархҳои маҳсулот дар бозорҳо ба таври автоматӣ поин меравад. Чунин ошхонаҳоро дар ҳар ҷамоати ноҳияҳо бояд бикушоем. Баъзеҳо дар навоҳӣ 10 га замин доранд, аммо ҳосилаш ба 3 га замин ҷавобгӯ нест. Яъне заминро ба таври лозимӣ истифода бурда наметавонанд. Бояд мақомоти дахлдор комиссияҳои махсус таъсис дода, афроди заминдори танбал ва судхӯрро назорат кунанд ва аз дасташон заминро бигиранд ва ба каси кордон ё корчалон бидиҳанд. Танҳо дар ин сурат бозорҳои мо пур ва нархҳо арзон мешаванд. Ё не?

Матлабҳои дигар