Принт

Кино, реклама ва дуализм дар ҶТ

Мо ва кинои мо…

Ба таъбири Ленини бузург, «Муҳимтарин санъат»-киноро дар солҳои ахир масъулини ҳамин соҳа вайрону валангор карда истодаанд… Мефаҳмонам. Мо Метавонем!
Сароғоз, биёед сари дуализм дар муҳимтарин аркони давлатдорӣ-ВАО ва кино сӯҳбат кунем. Кӣ намедонад, ки мо давлати дунявием? Ҳама! Шояд бидуни чанд мансабтарсаки хасакӣ. Ва аммо ана ҳаминҳо корҳое мекунанд, ки ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ «Хара хандаву буз бозӣ». О, дар кадом давлати дунявӣ БӮСА рондашуда аст? Сари бӯса бармегардем, ки бо «миқрози исломӣ» онро қайчӣ мезананд. Вале маро 1 чизи дигар ҳайрон мекард, ки новобаста ба он, ки бо амри Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавон ва рушдкардаамон, Арчаи Солинавӣ дар маркази Душанбе қомат ҳам афрохта бошад, дар ягон канали ТВ дар бораи Арча ва Соли нав ҳарфе намегӯянд! Вале агар гӯянд ҳам «Мелод»-Рождестворо қӯш мекунанд. О, буродарон, мо соли нави мелодӣ не, соли нави тақвимиро ҷашн мегирем. Зеро тақвими кор ва давлатдориямон бар тибқи ҳамин солшуморист! Шунидаед, ки русҳо чунин табрик кунанд: С Новым рождественским годом???!!! Соли Нав табрик гӯед, на соли нави мелодӣ. Гап байни худамон, Рождество ё худ Мелод-Шаби Ялдо 22 декабр аст, на 1 январ. Ин ҳамту, ахбор барои афкор буд.
Ва акнун баргардем сари қайчии исломии масъулини соҳаи кино-муҳимтарин санъат барои халқҳои олам. Ин миқроз он қадар тунду тез шудааст, ки дилхоҳ филмро аз дилхоҳ ҷояш чунон беинсофона ва ғайрикасбӣ мебуррад, ки намедонӣ, филм дар бораи чист? Ман намегӯям, саҳнаҳои маҳрамона ва сексборро набурранд. Бурранд! Ҳарчанд ин ҳуқуқро касе бидуни режиссёри ҳамон филмҳо надорад. Вале аз барои Худо, бӯсаҳои ошиқонаи даврони советиро, ки дар 100 км гирду паҳнояшон сексу фаҳшо роҳ бурда наметавонист, чаро масъулини имрӯзӣ мебурранд? Метарсам, ох как, метарсам, ки кадоме ҳамту супорише дода бошад, ки саҳнаҳои бӯсу канор маҳдуд гарданду ин салла-каллакашонҳои мо филмҳоро афгору расво карда партофтан доранд. 1 мисол меорам:
1 филми бисёр диданист, ки ҳамасола онро шахсан ман ва куллияи ҳамсолонам тамошо мекунанд-«Служебный роман». Ин филм 2 гавҳари устухонбандии бутун дорад: 2 боре, ки актёр Андрей Мягков (коргари қаторӣ) актриса Алиса Фрейндлих (раисааш)-ро мебӯсад. Ёдатон ҳаст? Ин гавҳари филм аст. Ана акнун медонед «неоисломистони дубляжу тоҷиккино ва кинопрокати тоҷик» онро чӣ кор кардаанд? Ана ҳамон 2 эпизодро қайчӣ задаанд ва умуман намефаҳмӣ, ки маънии «Служебный роман» чисту ин 2 тан якдигарро ошиқ шудаанд ва ё на? Дар филм, ҳини бӯсаи дуввум, Фрейндлих коргараш Мягковро то мошини хидматияш зада-зада мебараду дар салони автомобил ҳамдигарро мебӯсанд ва бинанда дарк мекунад, ки оқибати ин моҷаро бо Ишқ дар ҷои кор-«Служебный роман» хатм ёфт. Табъ болида ва хотиратон хуш мешавад. Аммо «неоисломистон»-и мо ана ҳамин кулминатсияро буридаанд ва бинанда фикр мекунад, ки Алиса Андрейро шаттакорӣ карда аз коргоҳ ва умуман аз зиндагонияш пеш кардааст… Худо занад, чизе намефаҳмӣ. Афғону Ируни исломӣ низ ҳатто чунин манзараро намебурранд... Шояд андаке пардаи сафед рӯи лабҳои бусахоҳи қаҳрамон кашанд, аммо намебурранд! Зеро ҳирфаӣ ҳастанд ва киноро дарк мекунанд...Онҳо медонанд, маънои филм бе ин 2 бӯса, ки ҳич олудагие ба секс надорад, комилан гум мешавад!!!
Аммо дар мо мебурранд!!! Дар ТВ-е, ки дунявист, кинопрокате, ки дунявист…аз бех бо қайчии исломӣ, ин бӯсаҳои безарарро мебурранд. О, намоиш надиҳед филмҳоро агар ин қадар аз бӯса метарсед...Бас кунед таҳқири филмҳои клоссик ва тамошобини Тоҷикро...
Вале дар байни ана ҳамин филме, ки зикри хайраш рафт, 12 дақиқа «Тибби хитоӣ»-ро реклама кардаву ҳини табобати бавосир, яъне геморройййй….ой-ой-ой…кадом гӯшаву канори шикофии шармгоҳи одамонро нишон надоданд! Наход 1 бӯса бадтар аз намоиши роғу доғи мардум бошад? Инаш ҳам гӯрба! Баъди рекламаи табобати пӯст бо усули чиноӣ, туро намедонам хонанда, аммо ман соатҳо иштиҳоямро гум мекунам. О, шумо-ку пули таблиғ мегиред, вале ману МО чаро чунин рекламаҳои сексбарангезу табъхирасозро тамошо кунем? Инсоф ҳаст-мӣ?
Байни бӯса ва геморрой, секс ва ишқ ҳеҷ фарқияте ин масъулини соҳаи муҳимтарини мо эҳсос мекарда бошанд? Суоли риторикист…
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

Матлабҳои дигар