Принт

Сари муаллим чормағз нашиканед!


Барои ман рустои Некноти ш.Панҷакент зодгоҳ, аммо Хатлон, Кӯлоб, Хуҷанд, Бадахшон, Вахш Ватан-Тоҷикистон аст. Боре андеша кардаед, ки чаро президенти кишвар дар ҳар суханронӣ оид ба фоҷиаи Афғон ҳарф мезананд? Ин ҳушдорест барои мову шумо! Чунки солиёни 1990-ро набояд фаромӯш кунем. Мо бояд аз таърих сабақ омӯзем ва баҳри ободонии ВАТАН заҳмат кашем. Танҳо метавон хешпарастию маҳалгароиро бо хирад ва ақлу тамиз табобат кард. Беақл такя ба пулу пайсааш карда, сари вазифа меояд, дар атроф хешу табору косалесонро гирд оварда, корхонаю ташкилот, дабистону таълимгоҳҳоро талаву тороҷ ва ҷомеаро дар назари мардум шум месозад. Имрӯз бо баҳонаи ротатсия, нафақа ва дигар роҳҳо шахсиятҳои донишманд, покиза ва ҳақиқатҷӯро аз сари вазифа дур мекунанд.
Муҳимтарин бадбахтӣ ин аст, ки ҳоло муаллим ҷой ва мавқеи худро наёфтааст, ҷомеа иззати омӯзгорро нигоҳ намедорад. Омӯзгор сахттар талаб кунад, навтоҷике, ки корхона, колхозу совхоз, ташкилотро ғорат карда бой шуд, сари омӯзгор чормағз мешиканад…

Холмурод Сафарзода,
узви ИЖТ, ш.Панҷакент, тел: 92 819 52 76

Матлабҳои дигар